Нимаи аввали рўзи 10.11.2017 сол дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тољикистон дар мавзўи «Ањамияти иљлосияи таќдирсози XVI – Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон дар тахќими давлатдории миллї ва рушди ќонунгузорї» бо иштироки доираи васеи омўзгорону олимон, аспитрантону муњаќќиќон, кормандони мақомотњои давлатї ва ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти ЉТ, васоити ахбори омма ва матбуоти даврї конференсияи илмї-назариявии љумњуриявї бахшида ба 25-умин солгарди баргузории ин Иљлосияи таќдирсоз баргузор гардид. Нахуст, декани факултети ҳуқуқшиносї, номзади илмҳои ҳуқуқшиносї, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории он гузориш доданд. Аз љумла иброз намуданд, ки дар таърихи њар як халќу давлат лањзањое фаро мерасанд, ки дар сарнавишти ояндаи он миллат ва бунёду пешрафти мамлакат наќши муассир мебозанд. Барои давлати тоза ба истиќлол расидаи тољикон – Тољикистон лањзаи таърихиву таќдирсоз моњи ноябри соли 1992 дар иљлосияи 16-уми Шўрои Олии Тољикистон ба вуќўъ пайваст. Зеро ин иљлосия барои тањкими давлатдории миллї, рушди ќонунгузорї, ташакёкули истиќлолияти воќеї ва вањдати миллї замина гузошта, ба раванди созандагию бунёдкорї ва рушди соњањои сиёсиву иќтисодї, иљтимоию фарњангї ва пайвастан ба љомеаи љањонї њусни оѓоз бахшид. Воќеан њам ин иљлосия дар ќалби њар як тољику Тољикистонї шўълаи умедро ба сўйи фардои неки давлатдории миллї, таъмини рўзгори босаодату пурнишоти мардуми кишвар фурўзон намуд. Мардуми сарбаланду мењанпараст ва фарњангсолори тољик бо шукргузорї аз даврони соњибихтиёрї имсол 25-умин солгарди баргузории ин Иљлосияи таќдирсозро дар рўњияи хизмати содиќона ба Ватану миллат ва сарзамини аљдодии хеш бо шукўњу љалоли хосса таљлил менамоянд.
Њамчунин дар кори конференсия Сардори Раёсати илм ва иноватсияи ДМТ, номзади имлњои њуќуќ, дотсент Ќурбонализода Нурулло иштирок ва вобаста ба мавзўи баррасишаванда иброз намуд, ки Иљлосияи 16-уми Шўрои Олии Тољикистон аз љумлаи руйдодњои таърихиест, ки дар таќдири давлатдории миллии тољикон марњилаи сифатан навро бунёд намуда, хатари аз байн рафтани давлати тозаистиќлол ва парокандашавии миллати тољикро пешгирї кард.
Њамзамон дар кори конференсия Сардори Раёсати њуќуќи Дастгоњи иљроияи Президенти ЉТ, номзади илмњои њуќуќ Саидвализода Барно бо сухани ифтитоњї баромад намуда, њозиринро аз номи Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон табрик гуфт. Ў зимни суханронии хеш бори дигар аз ањамияти сарнавиштсози Иљлосияи таќдирсоз ёдовар шуда, наќшаи њалкунандаи ќарору санадњои ќабулнамудаи ин Иљлосияро дар тањкими давлатдории миллї, сулњу суббот, оромии љомеа ва пешрафти кишвар махсусан таъкид намуд.
Сипас, аз рўйи рўзномаи барномаи конференсия маърўзањои устодони факултет, олимон ва намояндагони маќомотњои давлатї ва њифзи њуќуќ шунида шуд. Баромадкунандагон мазмуну моњияти маърузањои хешро шарњ дода, тањќиќу омўзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Дар музокира табодули афкори судманди њозирин ва маърузачиён сурат гирифт.
Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни конференсия фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба пањлуњои мухталифи масъалањои баррасишуда баён намуданд.
Дар охир таъкид карда шуд, ки бузургтарин дастоварди ин иљлосияи таќдирсоз он буд, ки фарзанди бонангу номус, далеру љасур, покзамиру нексиришт ва ѓурури баланди миллидошта Эмомалї Рањмонро њамчун Сарвари Давлат тавлид ва ўро ба арсаи сиёсати љањонї њидоят намуд. Ин фарзанди фарзонаи миллат љон дар каф бо як далериву љасорати бемисл масъулияти баланди роњбариро ба душ гирифта ба наљоти миллату давлати тољикон камари њиммат баст. Дар натиљаи азму талош, кушишу пайкорњои бемисл ва хизмату зањматњои арзандаи шабонарўзии ин шахсияти барљастаи таърихї дар як муддати кутоњи таърихї алангаи љанги шањрвандї хомўш карда шуда, хатари парокандашавии миллати тољик ва Давлати тољикон сарбаландона рафъ карда шуд. Миллати тољик дар симои Эмомалї Рањмон - шахси хирадманду дурандеш, роњбари оќилу тавоно, ќањрамони асил ва Пешвои њаќиќии хешро пайдо намуд. Дар воќеъ таърихи навини давлатдории тољиконро бе зањмату талош, хизматњои арзандаву шоистаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон тассавур кардан имконнопазир аст. Бояд љавонмардона эътироф намуд, ки ба зима гирифтани масъулият ба кори давлатдориву давлатсозї дар љойи хушку холї, бе заминањои муайяни устувори молиявию моддї, иќтисодиёти фалаљгашта сањлу осон набуд. Танњо нафаре метавонист ба ин корњо дастболо шавад, ки бо дарки ѓуруру њуввияти баланди миллї тамоми њастиву вуљуди хешро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад. Дар заминаи ќабули ќарорњои таърихию таќдирсоз, роњандозї намудани ташаббусњои созандаву сиёсати њадафмандона ва андешидани силсилаи тадбирњои маќсадноки фарзанди содиќу вафодори миллат - Сарвари мањбуби тољикон Эмомалї Рањмон дар тамоми соњањои њаёти сиёсї, иќтисодї, иљтимої, фарњангї ва њуќуќии кишвар дигаргунињои куллї ба вуќуъ пайваста заминањои боэътимоду устувори бунёди аркони давлатдории миллї гузошта шуд. Љумњурии Тољикистон роњи бунёди давлати њуќуќбунёд, соњибихтиёр, демократї, дунявї ва ягонаро пеш гирифта дар як муњлати кутоњи таърихї соњиби Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллї, асъори миллї ва тамоми рукнњои давлатдории миллї гашт.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07