Рўзи 24 ноябри соли 2017 дар заминаи кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон ба ифтихори таљлили Рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон мизи мудаввари љумњуриявї дар мавзўи «Масъалањои рўзмарраи фаъолияти адвокатї дар Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар устодону кормандони факултет, олимони соња, вакилони мардумї, судяњо, кормандони дигар сохторњои давлатї ва њифзи њуќуќ, адвокатњо, аспирантону унвонљўён, намояндагони доирањои академї ва нињодњои љомеаи шањрвандї, намояндагони муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар ва васоити ахбори омма ширкат доштанд.
Нахуст декани факултети њуќуќшиносї, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Рањмон Д.С. мизи мудавварро бо сухани ифтитоњї њусни оѓоз бахшида аз номи садорати факултет њузури мубораки њамаи иштирокдоронро ба кори мизи мудаввари илмї хайру маќдам гуфта, ба фаъолияти њаммоиши илмї комёбиву бурдбориро орзу намуд. Мавсуф дар идомаи суханронии хеш кулли њозиринро ба ифтихори таљлили љашни яке аз муќаддасоти муњими миллї, рамзи давлатї - Рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон самимона табрику шодбош гуфта, афзуданд, ки имрўзњо дар тамоми гушаю канори Ватани мањбубамон чорабинињои идона ба хотири гиромидошти Парчами давлатї бо шукуњў љалоли хосса баргузор шуда истодаанд. Номбурда ќабули Парчами давлатиро дар солњои аввали истиќлолияти давлатї њанўз дар Иљлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон аз бузургтарин дастоварди миллати тољик унвон карда, наќши баѓоят муњим ва њалкунандаи онро њамчун рамзи муттањидї, вањдати сартосарї ва ба њам овардани миллат махсусан таъкид намуданд. Бо ёдоварї аз суханронињои Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар робита ба гиромидошти Парчами давлатї ќайд намуданд, ки: «Парчами давлатї барои мо тољикон – нашонаи баќои давлат, вањдату ягонагї, њуввияти миллї ва бењтарин василаи тарбияи наврасону љавонон дар рўњияи ифтихор аз давлатдориии миллї ва њифзи арзишњои таърихиву фарњангии халќамон мебошад». Дар робита ба мавзўи мизи гирд афзуданд, ки фаъолияти адвокатї дар солњои истиќлолияти давлатї ба сатњи сифатан нави танзими њуќуќї баромада, 3 маротиба ќабул шудани ќонунњои алоњидаро дар бораи адвокатура ва ёрии њуќуќиро далели равшани он донист. Изњори умед карда шуд, ки дар љаласаи имрўза муњимтарин масъалањои фаъолияти адвокатї ва ёрии њуќуќї мавриди муњокима ва баррасї ќарор хоњанд гирифт.
Сипас бо суханони ифтитоњї намояндаи Раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон, сардори раёсати илм, номзади илмњои њуќукшиносї, дотсент Ќурбонализода Н.Ш. ва вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќшиносї Сафарзода Б.А. баромад намуда, таъкид доштанд, ки давоми солњои истиќлолияти давлатї Донишгоњи миллї ва хусусан факултети њуќуќшиносї ба як маркази асосии баргузории њаммоиш ва чорабинињои илмии сатњи баланд табдил ёфтааст. Онњо ањли нишастро ба ифтихори таљлили рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон самимона шодбош гуфта, ањамияти таърихии ин Рамзи муњими давлатиро дар сарљамъии миллати тољик, аз парокандагї рањо бахшидани миллат ва аз вартаи њалокат наљот додани давлатро махсус таъкид намуда, ба њозирин тансињатї, рўзгори босаодат ва хушњоливу хушрузиро таманно намуданд. Дар идомаи суханронињои хеш таъкид доштанд, ки дар Љумњурии Тољикистон барои рушду пешрафти адвокатура, баланд бардоштани сифати ёрии њуќуќї ва густариши фаъолияти адвокатї дар солњои истиќлолияти давлатї як силсила санадњои меъёрї -њуќуќї ќабул шудаанд, ки барои дастрасии ањолї ба ёрии њуќуќї кўмак менамоянд.
Сипас аз рўйи барномаи мизи мудаввар маърўзањои илмии иштирокчиён дар робита ба мавзўи он шунида шуданд. Маърўзачиён зимни баромад дар хусуси ањамият ва наќши Парчами давлатї њамчун рамзи давлат ва њамзамон масъалањои муосири фаъолияти адвокатї дар Љумњурии Тољикистон ибрози назар намуданд. Маърўзачиён зимни баромад ќайд намуданд, ки дар шароити бунёди давлати демокративу њуќуќбунёд дар Тољикистон таъмини рељаи ќонуният ва њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ањамияти аввалиндараља пайдо мекунад. Баъди касби истиќлолияти давлатї тамоми заминањои муносиби рушду такмили ќонунгузорї дар бораи адвокатура ва ёрии њуќуќї ба миён омаданд. Аз љумла дар заминаи амалисозии ислоњотњои конститутсионї, њуќуќї ва судї дар Тољикистон заминањои устувори њуќуќї ва ташкилии инкишофи фаъолияти адвокатї бунёд гузошта шуданд. Дар заминаи амалишавии барномањои ислоњоти судї-њуќуќї дар Тољикистон тамоми ќонунгузории мурофиавї аз нав тањия ва ќабул карда шуда, њамзамон ќонуни нав оид ба адвокатура ва фаъолияти адвокатї ќабул гардиданд. Њамаи ин амалњо аз он гувоњи медињанд, ки рушди ќонунгузории фаъолияти адвокатї дар шароити кунунї сатњи навро касб намудаанд. Вале натиљаи омўзишу тањлили дастовардњои нави илмї ва амалияи њуќуќтатбиќкунї аз он шањодат медињад, ки то кунун дар њаёти њуќуќии кишвар мушкиливу муаммоњои алоњида дар самти дастарсии ањолї ба ёрии њуќуќї ва роњандозии фаъолияти босамари адвокатї љой доранд, ки сањми олимони њуќуќшинос дар њалли онњо бояд њалкунанда бошад. Дар музокира табодули афкори судманд миёни маърўзачиён ва ањли нишаст доир гашт.
Дар фарљоми кори мизи мудаввар ќатънома ќабул шуда, таклифу тавсияњо ва пешнињодњои судманд љињати такмили ќонунгузории амалкунанда оид ба адвокатура ва фаъолияти адвокатї дар миён гузошта шуданд. Изњори умед карда шуд, ки натиљањои кори мизи гирд барои такмили низоми њуќуќии кишвар аз њар љињат муфид ва самарабахш хоњад буд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07