Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар баромади худ бахшида ба муносибати Рўзи дониш ва ифтитоњи бинои нави Академияи Вазорати корњои дохилї ќайд намуданд, ки «Бо дарназардошти наќши бузурги илму маърифат Њукумати мамлакат дар даврони истиќлолият масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтњои афзалиятноки сиёсати иљтимої эълон кардааст. Дар ин асос њоло дар низоми маориф ислоњот ва навсозї бомаром идома дошта, Њукумати мамлакат дар доираи ислоњоти соња консепсияву барномањои рушди соњаи маорифро ќабул ва амалї карда истодааст. То ба имрўз китобњои таълимї бо дарназардошти шароити нав таълиф ва чоп гардиданд, ки онњо доир ба њар як мавзўи дарсї маълумоти бештар дошта, бар замми ин, омўзгорони соњибтаљриба аз шабакањои иљтимоии таълимї низ фаровон истифода менамоянд. Њукумати мамлакат дар роњи татбиќи наќшањои стратегии худ ҳамеша ба омўзгорон ва умуман, ба кормандони соњаи илму маориф такя менамояд, зеро онњо дар њифзу нигањдошти дастовардњои истиќлолият ва рушди минбаъдаи кишвар наќши пурарзиш доранд». Бањри ноил гардидан ба чунин боварї ва ҳидоятњои хирадмандона, дар соли сипаришуда факултети њуќуќшиносї як ќатор чорањои дахлдорро оид ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва рушди илми њуќуќшиносї андешид.
Соли 2017 яке аз солњои бобарор ва пурсамари корњои илмї-тадќиќотї барои факултети њуќуќшиносї мебошад. Устодони факултет дар соли њисоботї бањри иљроиши корњои илмї-тадќиќотї ва омодасозии кадрњои баландихтисос дар соњаи њуќуќшиносї њиссаи арзандаи худро гузоштаанд. Њамаи ин натиљањои назаррас барои баланд бардоштани сифати таълим, такмили ќонунгузории амалкунанда ва рушди босуботи Тољикистони азиз истифода хоњанд шуд.
Равандњои илмии фаъолияти илмї-тадќиќотии факултети њуќуќшиносї гуногунљабња буда, он ба масъалањои гуногуни назария ва таърихи давлат ва њуќуќ, масоили гуногуни соњањои њуќуќи Љумњурии Тољикистон ба монанди њуќуќи гражданї, њуќуќи оилавї, њуќуќи соњибкорї ва тиљорат, њуќуќи андоз, њуќуќи молия, њуќуќи љиноятї, мурофиаи гражданї, њуќуќи судї ва назорати прокурорї, њуќуќи байналхалќии оммавї, њуќуќи байналхалќии хусусї, њуќуќи замин, њуќуќи таъминоти иљтимої, њуќуќи экологї, њуќуќи наќлиёт, њуќуќи кишоварзї, њуќуќи маъмурї, њуќуќи гумрук, њуќуќи манзил, њуќуќи наќлиёт ва ѓайрањо бахшида шудааст.
Шумораи умумии омўзгорони факултети њуќуќшиносї дар соли њисоботї 137 (20 нафараш зан) нафарро ташкил дода, барои иљрои корњои илмї-тадќиќотї 122 нафари онњо љалб карда шудаанд. Дар ќатори онњо 17 нафарашон доктори илми њуќуќ, профессор мебошанд, ки аз ин шумора 2 нафарашон Академики АИ ЉТ, 2 нафар узви вобастаи АИ ЉТ, 48 нафар дотсент (43 номзади илми њуќуќ, 3 нафар номзади илмњои филологї ва 2 нафар номзади илмњои педагогї), аз ин шумора 10 нафарашон зан), 12 нафар муаллими калон (1 нафари онњо зан ва 1 нафари онњо номзади илми њуќуќ) ва 57 нафар ассистент (7 нафараш зан ва 2 нафари онњо номзади илми њуќуќ) мебошанд.
Сину соли омўзгорони факултет мардон 36 сола ва занон бошад 39 соларо ташкил медињад. Боиси сарфарозии њамаи омўзгорон ва кормандони факултет аст, ки дар соли равон дотсентон Имомов А.И., Ќурбонов Ќ.Б., Идиев Ф.Ф., Мирбобоева Р.В., муаллими калон Ќодиров Љ. ва ассистент Саломов И.И. бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ЉТ, ифтихорномаи ДМТ, нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илм, њамчунин мукофотњои пулї ќадрдонї шуданд.
Соли 2017 ба чорабинињои муњими сиёсии кишвар, аз ќабили таљлили рўзи Артиши миллї, 20-солагии Рўзи ваҳдати миллї, Соли љавонон, 26-умин солгарди Истиќлолияти давлатї, 23-юмин солгарди ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, таљлили рўзи Президенти Љумњурии Тољикистон, рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон, 25-солагии Иљлосияи тақдирсози XVI Шўрои Олии Љумҳурии Тољикистон рост омад. Ба ин муносибат мутобиќи наќшаи Раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон дар факултети њуќуќшиносї як ќатор чорабинињои муњим баргузор гардид. Дар асоси наќшаи конференсияњои Донишгоњи миллии Тољикистон ва чорабинињои дар боло зикргардида, дар факултети њуќуќшиносї якчанд конференсияњо ва мизњои мудаввар гузаронида шуд. Чунончи:
1. Дар заминаи кафедраи њуќуќи љиноятии факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон санаи 9-уми декабри соли 2016 бахшида ба рўзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия конференсияи љумњуриявии илмї-назариявї дар мавзўи «Љиноятњо ба муќобили моликият ва муќовимат бо коррупсия дар Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид;
2. Дар заминаи кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї конференсияи байналмилалии илмї-амалї дар мавзўи «Мавќеи Эъломияи умумии њуќуќи башар дар густариши њуќуќу озодињои инсон» бахшида ба 10 - умин солгарди таъсиси кафедра ва 68-умин солгарди ќабули Эъломияи умумии њукуќи башар санаи 10-уми декабри соли 2016 доир гардид;
3. Мизи мудаввари донишгоњї дар мавзўи «Омўзиши забонњои хориљї дар замони муосир» ДМТ, дар пояи кафедраи забонњои хориљї феврали 2017 доир гардид;
4. Мизи мудаввари љумҳуриявї дар мавзўи “Нақши љавонон дар рушди ҳаёти ҳуқуқии кишвар” бахшида ба “Соли љавонон” санаи 19-уми майи соли 2017 баргузор гардид;
5. Санаи 26-уми майи соли 2017 дар заминаи кафедраи њуќуќи навќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиї конференсияи илмї-амалии љумњуриявї дар мавзўи «Масъалањои такмили ќонунгузории обии Љумњурии Тољикистон» дар партави ќабули Ќатъномаи Созмони Милали Муттањид оид ба эълони Дањсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солњои 2018-2028 баргузор гардид;
6. Мизи мудаввари љумњуриявї дар мавзўи «Такмили техникаи ќонунгузорї дар Љумњурии Тољикистон: проблемаи назария ва амалия» дар заминаи кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ 30-юми июни соли 2017 баргузор гардид;
7. Бахшида ба «20-солагии Рўзи Вањдати миллї» рўзҳои 15-ум ва 16-уми июни соли 2017 конференсияи байналмилалии илмї-назариявї таҳти унвони «Нақши Президенти Љумҳурии Тољикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалї Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллї» баргузор гардид, ки дар 4 бахш ҳудуди 60 нафар иштироккунандагон маърўза намуданд ва маводҳои он дар ҳаљми 205 саҳифа ба нашр расид.
8. Мизи мудаввари љумҳуриявї дар мавзўи «Истиқлолият заминаи эҳёи қонунгузории миллї» санаи 5-уми сентябри соли 2017 доир гардид.
9. Бахшида ба «Рўзи забони давлатї» мизи мудаввари љумҳуриявї дар мавзўи «Нақши забони давлатї дар ташакулли қонунгузории миллї» санаи 5-уми октябри соли 2017 доир гардид.
10. Мизи мудаввари љумҳуриявї дар мавзўи «Забон-мероси фарҳангии миллат» бахшида ба таљлили «Ҳафтаи забонҳои хориљї дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ» 17-уми октябри соли 2017 баргузор гардид.
11. Конференсияи илмї-амалии љумњуриявї бахшида ба 23 –юмин солгарди қабули Конститутсияи ЉТ дар мавзўи: «Масъалањои мубрами илми њуќуќи конститутсионї дар замони муосир» 2-юми ноябри соли 2017 баргузор гардид.
12. 10-уми ноябри соли љорї дар асоси нақшаи баргузории конференсияҳо ва семинарҳо дар Донишгоҳи миллии Тољикистон бахшида ба «25-солагии Иљлосияи тақдирсози XVI Шўрои Олии Љумҳурии Тољикистон» конференсияи љумҳуриявии илмї-назариявї дар мавзўи «Ањамияти Иљлосияи тақдирсози XVI –Шўрои Олии Љумҳурии Тољикистон дар тањкими давлатдории миллї ва рушди қонунгузорї» дар асоси фармоиши ректори ДМТ аз 21.10. 2017, № 207-09 баргузор гардид.
13. Дар заминаи кафедраи ҳуқуқи соҳибкорї ва тиљоратї 16-уми ноябри соли 2017 Конференсияи илмї-назариявии љумҳуриявї дар мавзўи «Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон асосгузори қонунгузории соҳибкорї ва сайёҳї» дар асоси фармоиши ректори ДМТ аз 07.11.2017, № 222-09 баргузор гардид.
14. Аз 20 то 27 апрели соли 2017 дар факултети њуќуќшиносї Конференсияи љумњуриявии илмию назариявиии њайати устодону кормандон ва донишљўён бахшида ба «20-солагии Рўзи ваҳдати миллї» ва «Соли љавонон» баргузор гардид. Мувофиќи барнома дар 11 бахш аз 131 маърўзаи аз тарафи устодон пешнињод шуда, 125 маърўза тибќи барнома ва 4 маърўзаи иловагї шунида шуд. Бо сабабњои гуногун 6 нафар устодон дар кори конференсия иштирок накарданд. Бояд зикр намуд, ки шумораи маърўзаҳо нисбат ба соли гузашта 13 маърузаи баромадшуда зиёд мебошад. Дар конференсияи имсола масъалањои рўзмарраи њуќуќї, ба монанди: инкишофи илми назарияи давлат ва ҳуқуқ дар давраи истиқлолият, функсияҳои давлат, масъалаҳои услубии љаҳонишавї дар партави назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳимояи ҳуқуқҳои ғайримолумулкї, ташакулёбии мақомоти давлатї дар ЉТ, масъалаҳои кализионии моликияти созмонҳои байналмилалї, масоили гузаронидани амалҳои аввалиндараљаи тафтишї, проблемаҳои танзими ҳуқуқии ҳалли баҳсҳои замин, мушкилоти ҳуқуқии хизматрасонии иљтимої-фарҳангї, таҳлили намудҳои озод кардан аз љавобгарии љиноятї, назорати прокурорї оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, хусусиятҳои хоси тарљумаи истилоњотҳои ҳуқуқї ва ѓайрањо баррасї карда шудаанд. Боиси зикр аст, ки аксар маводҳои конференсияҳо нашр гардидаанд.
Айни ҳол корҳо љиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани мизи мудаввари љумҳуриявї дар мавзўи: «Масъалањои рўзмарраи фаъолияти адвокатї дар Љумњурии Тољикистон» 24-уми ноябри соли 2017, Конференсияи илмї – амалии љумњуриявї дар мавзўи «Масъалањои актуалии њуќуќи замин» 22-и декабри соли 2017, Конференсияи илмї – амалии байналмилалї бахшида ва таљлили рўзи ќабули Эъломияи умумии њуќуќи башар «Наќши санадњои байналмилалї дар тањкими њуќуќи инсон» 9-уми декабри соли 2017 љараён дошта, мактубҳои иттиллооти омода гардида, ба сохторҳои дахлдор супорида шудаанд.
Бахшида ба таљлили «Соли Љавонон» фаъолияти семинарҳои илмї-назариявии устодони љавонони кафедраҳои факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тољикистон љоннок карда шуд:
1. Семинарҳои илмї-назариявии устодони кафедраи њуќуќи байналхалќї дар мавзўи «Ташаккули илми байналмилалї дар ЉТ» санаи 18-уми феврали соли 2017 баргузор гардид.
2. Семинарҳои илмї-назариявии устодони кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиї дар мавзўи «Мураттабсозии қонунгузории нақлиётї: мушкилот ва дурнамо» санаи 31-уми марти соли 2017 баргузор гардид.
3. Семинарҳои илмї-назариявии устодони кафедраи забонҳои хориљї дар мавзўи «Усулҳои тақвият бахшидани љанбаи ҳуқуқии омўзиши забонҳои хориљї» санаи 25-уми феврали соли 2017 баргузор гардид.
4. Семинарҳои илмї-назариявии устодони кафедраи ҳуқуқи љиноятї дар мавзўи «Алоқамандии ҳуқуқи љиноятї бо мурофиаи љиноятї» санаи 5-уми майи соли 2017 баргузор гардид.
5. Семинарҳои илмї-назариявии устодони кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ дар мавзўи «Проблемаҳои мубрами инкишофи функсияҳои давлати Тољикистон» санаи 2-юми июни соли 2017 баргузор гардид.
6. Семинарҳои илмї-назариявии устодони кафедраи ҳуқуқи соњибкорї ва тиљорат дар мавзўи «Танзими ҳуқуқи соҳибкорї дар Љумҳурии Тољикистон: мушкилот ва дурнамо» санаи 13-уми октябри соли 2017 баргузор гардид.
Њамин тариќ, дар давоми соли њисоботї дар факултет 2 конференсияи байналмилалї, 6 конференсияи љумњуриявї, 5 мизи мудаввари љумњуриявї, 1 мизи мудаввари умумидонишгоњї ва 6 семинарҳои илмї-назариявї баргузор гардидааст.
Дар соли љорї љиҳати баргузории сеюмин Форуми миллї оид ба волоияти қонун дар Љумҳурии Тољикистон омўзгорони факултет фаъолона ширкат намуданд. Аз љумла, 46 омўзгор дар таҳия намудани мавзўъҳои баррасишаванда ва 26 нафар дар Форуми миллї, ки 3-юми ноябри соли 2017 баргузор гардид иштирок намуда, андешаҳои худро перомуни мавзўъҳои мубрами баррасишаванда баён намуданд. Бояд зикр намуд, ки дар соли равон Форуми њуќуќшиносони љавон бахшида ба «Соли љавонон» дар доираи Форуми миллї оид ба волоияти ќонун дар Љумњурии Тољикистон дар ҳамоҳангии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бо Вазорати адлия ЉТ, Кумитаи љавонон ва варзиши назди Ҳукумати ЉТ ва Донишгоҳи славянии Тољикистону Русия 3-юми ноябри соли 2017 баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 нафар донишљўёни факултет иштирок намуда, ҳудуди 25 нафар омўзгорони љавон ва донишљўён бо маърўза баромад намуданд. Бобохонов Њ.З. ассистенти кафедраи ҳуқуқи гражданї ҳамчун баромадкунандаи беҳтарин бо туҳфаи пулї ва сертификат сарфароз гардонида шуд.
Ѓайр аз ин омўзгорони факултет дар конференсияњои байналмилалї ва љумњуриявї иштирок намуда, дар мавзўъњои гуногун баромад карданд. Аз љумла мудири кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодабарии сарватњои табиї, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Ќурбонов Ќ.Б. дар конгреси њуќуќии Аврупо - Осиё, ки санаи 8-9 июни соли 2017 дар шањри Екатеринбурги Федератсияи Россия баргузор гардид, дотсент Сафарзода А.И. ва аспиранти кафедраи њуќуќи љиноятї Ќурбонзода Б.Ш. дар конфронси байналмилалии «Хониши Кутафинї» (ш.Москва, 22-27 ноябри соли 2016), дотсент Сафарзода А.И. ва ассистент Юлдошева Г.М. дар конференсияи илмї-амалии байналмилалї дар мавзўи «Њуќуќи љиноятї ва ќонуни љиноятї: назария ва амалия» (14 апрели соли 2017, Санкт-Петербург) иштирок ва баромад намуданд. Устод Бозоров Р.Б. дар конференсияи байналмилалї илмї-назариявї «Внедоговорные обязательства», дар мавзуи “К вопросу о понятии и содержании обязательства, возникающего из действия в чужом интересе” дар шаҳри Аматои Казоқистон 25-26-уми майи соли 2017 иштирок ва баромад намуданд. Дотсент Сулаймонов Ф.С. дар конференсияи байналмилалї илмї-назариявї «Њуќуќи граждании Русия: натиљаи сол» бахшида ба 25-солгарди таъсиси Маркази њуќуќи хусусї ба номи С.С. Алексеев назди Президенти Федератсияи Россия аз 24-27 январи соли 2017 дар шањри Москва дар мавзўи «Тамоили рушди ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон» баромад кард, ки харољоти сафар аз њисоби хеш буд ва Ќодирќулов Х.Р. рўзњои 18-20 майи соли 2017 дар шањри Алмаатои Љумхурии Ќазоќистон дар семинари байналмилалї дар мавзўи «Стандартњои байналмилалї дар бахши њуќуќи гуреза» бо маърўзаи «Мазмуни њуќуќии принсипи бадарѓа накардан дар доираи њимояи њуќуќи байналмилалии гуреза» ва ѓайра баромад намуданд. Инчунин омўзгорони кафедраи њуќуќи байналмилалї Раљабов М.Н., Идиев Ф.Ф. ва Ќодиров Н.А. бо тариќи фосилавї (ѓоибона) дар конференсияњои байналмилалї ширкат доштанд.
Бо маќсади ба амал баровардани њамкорињои дуљониба факултети њуќуќшиносї бо маќомотњои њифзи њуќуќ, вазорату кумитањои давлатї, донишгоњњо, марказњои илмию тадќиќотии љумњурї ва хориљї алоќаи устувори илмиро ба роњ мондааст. Аз љумла, имрўз факултети њуќуќшиносї бо Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон, Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, Комиссияи интихобот ва раъйпурсї, Маркази миллии ќонунгузории назди Президенти Љумњурии Тољикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи ба номи А.Бањоваддинови Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, Донишгоњи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Донигоњи давлатии дустии халќњои Федератсияи Россия, Донишгоњи давлатии њуќуќи Москва ба номи О. Е. Кутафин, Донишгоњи давлатии Санкт-Петербург, Мактаби олии иќтисодии шањри Москва, Донишгоњи миллии Ќазоќистон, Донишгоњи Бремен (Олмон), Донишгоњи миллии Ќирѓизистон ба номи Ж. Баласагина ва ѓайра алоќаи зичи илмиро доро мебошад.
Натиљаи ин њамкорињост, ки омўзгори кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети њуќуќшиносии ДМТ Қодиров Далер дар Донишгоњи давлатии њуќуќи Москва ба номи О. Е. Кутафини Федератсияи Россия рисолаи номзадии худро сарбаландона дифоъ намуданд. Ёдовар мешавем, ки љињати амали намудани њамкорињои байналмилалї як ќатор омўзгорони факултет ба аспирантура ва дифоъ намудани рисолањои илмї ба донишгоњњои Федератсияи Россия (Давлатов Диловар ва Наимов Бобољон) ва ѓайра сафарбар карда шудаанд.
Самаранокии корњои илмї-тадќиќотии факултети њуќуќшиносиро иштироки фаъолонаи омўзгорони факултет дар конференсияњои байналњалќї, љумњуриявї ва донишгоњї нишон медињад. Дар соли њисоботї омўзгорони факултет дар конференсияњои байналхалќї 60 (соли 2016 -54, соли 2015 -50, соли 2014-44, соли 2013-32), љумњуриявї 120 (соли 2016 -110, соли 2015 -102, соли 2014-96, соли 2013-71) ва умумидонишгоњї 18 (соли 2016-16 соли 2015-14, соли 2014-12, соли 2013-15) баромад кардаанд.
Дигар аз самтњои фаъолияти илмї-тадќиќотии омўзгорони факултетро аспирантура ташкил медињад. Дар факултети њуќуќшиносї 35 (соли 2016 – 43, соли 2015 – 46, соли 2014 - 44, 2013 – 47, 2012 - 42) нафар аспирант тањсил менамояд, ки аз ин шумора 17 (соли 2016 – 14, соли 2015 – 12, 2014-13, 2013-16, 2012-15) нафар дар шуъбаи рўзона ва 25 (соли 2016 – 29, соли 2015 – 34, 2014-32, 2013-31, 2012-27) нафари боќимондаро аспирантони шуъбаи ѓоибона ташкил медињанд. Дар факултет 47 нафар унвонљў тадқиқотҳои илмї анљом дода истодаанд. Ҳамзамон дар факултет 2 докторант, 1 докторанти PhD тањсил менамоянд.
Боиси хушнудист, ки рўзи 18-уми майи соли љорї Қодиров Д. – ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судї дар мавзўи «Незаконный оборот наркотических средств: особенности методики расследования (по материалам Республики Таджикистан) « аз рўи ихтисоси «12.00.12 – криминалистика, фаъолиятї ва фаъолияти оперативї-љустуљўї», зери роњбарии доктори илмҳои ҳуқуқшносї, профессор, Арбоби илми Федератсияи Россия Ишенко Евгений Петрович дар ш. Москва ва рўзи 6-уми октябри соли 2017 ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқї Саидов Ҳикматулло дар мавзўи «Формирование и развитие таможенного законодательства в советском и постсоветском Таджикистане: историко-правовое исследование», аз рўи ихтисоси «12.00.01 - Назария ва таърихи давлат ва њуќуќ, таърихи таълимот оид ба њуќуќ ва давлат», зери роњбарии доктори илмҳои ҳуқуқ Маљидзода Љ.З. дар Шўрои диссертатсионии миллї 6D.КОА-002 барои дарёфти дараљаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос доир ба ихтисосњои 6D030100 - Њуќуќшиносї, 6D030200 - Њуќуќи байналмилалї ва 6D030300 - Фаъолияти њифзи њуќуќ, рисолањои номзадии худро сарбаландона дифоъ намуданд. Санаи 26.10.2017 кори илмии Ќодиров Д.С. аз тарафи Комиссияи Олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федереатсияи Русия тасдиќ шуд.
Бояд ќайд намуд, љиҳати фаъол намудани кори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба илмҳои ҳуқуқшиносї омўзгорони соҳибтаљриба ва собиқадори факултети ҳуқуқшиносї бо дархости Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон шиносномаи 15 ихтисоси анъанавии ҳуқуқшиносї, ки аз рўи он рисолаҳои номзадї ва докторї омода ва ҳимоя мегарданд, инчунин 4 шаҳодатномаи доктор аз рўйи ихтисос яъне илмҳои ҳуқуқшиносї омода ва пешниҳод карда шуданд. Шўрои диссертатсионии миллї 6D.КОА-002 барои дарёфти дараљаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос доир ба ихтисосњои 6D030100 - Њуќуќшиносї, 6D030200 - Њуќуќи байналмилалї ва 6D030300 - Фаъолияти њифзи њуќуќ бо фармони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон бо талошҳои беандозаи садорати факултет аз 27 апрели соли 2017, №15 таъсис ёфт. Таъсиси Шўрои диссертатсионии миллї 6D.КОА-002 барои дарёфти дараљаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос доир ба ихтисосњои 6D030100 - Њуќуќшиносї, 6D030200 - Њуќуќи байналмилалї ва 6D030300 - Фаъолияти њифзи њуќуќ дар назди ДМТ яке аз арзишмандтарин дастоварди Донишгоњ дар замони соњибихтиёрии давлатї мањсуб ёфта, аз сиёсати созандаи маорифпарваронаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон сарчашма мегирад. Минбаъд бидуни ягон мањдудият кулли аспирантон, унвонљуён, муњаќќиќон ва докторантон метавонанд дар Шўро аз рўйи се самт рисолањои докторї ва 11 самт рисолањои номзадї дифоъ намоянд.
Њамин тариќ, дар соли сипаригардида 2 рисолаи номзадї аз љониби омўзгорони факултет њимоя гардиданд. Умуман дар факултети њуќуќшиносї 71 нафар омўзгорони унвони илмї дошта фаъолият мекунанд, ки ин 51,8%-ро ташкил медињад. Агар мо ба панљ соли охири фаъолияти факултети њуќуќшиносї (2017, 2016, 2015,2014,2013) назар афканем шумораи умумии омўзгороне, ки дифоъ кардаанд 49 нафарро ташкил медињанд. Аз ин миќдор 9 нафар рисолаи докторї ва 40 нафар рисолаи номзадї дифоъ кардаанд.
Дар соли њисоботї омўзгорони факултети њуќуќшиносї дар 205 барномањои телевизион ва радио вобаста ба масъалањои гуногун бахшида ба рўзњои Артиши миллї, 20 солагии рўзи Вањдати миллї, 26-умин солгарди Истиќлолияти давлатї, 23-юмин солгарди ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, таљлили рўзи Президенти Љумњурии Тољикистон, рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон ва ѓайра дар телевизиони давлатии Сафина, Шабакаи аввал, Љањоннамо, Бањористон, Радиои Ховар, Радиои Тољикистон, Садои Душанбе ва ѓайра баромад ва суњбатњо намуданд.
2. Ќисми I
Соли 2017 марњилаи 2-юми наќшаи корњои илмї-тадќиқотии солњои 2016-2017 ба шумор рафта, корњои илмї дар 11 кафедра аз рўи 7 самт, 12 масоил ва 12 мавзўъ мавриди баррасї ќарор дода шуданд. Равандњои илмии фаъолияти илмї-тадќиќотии факултети њуќуќшиносї чунинанд:
I. Самтњо:
- Ќонуниятњои умумии инкишофи њаёти давлатию њуќуќии Тољикистони соњибистиќлол дар шароити љањонишавї, бархўрди тамаддунњо, хатарњо ва тањдидњои нави глобалї;
- Масъалањои асосии предмети танзими њуќуќи гражданї;
- Дурнамои инкишофи њуќуќи соњибкорї ва мењнат;
- Масъалањои мубрами падидањои њуќуќи контитутсионї ва њуќуќи маъмурї дар Љумњурии Тољикистон
- Масоили назария ва амалияи њуќуќи мурофиавї, фаъолияти прокурорї, фаъолияти дигари њуќуќмуњофизавї ва криминология дар Љумњурии Тољикистон;
- Танзими ҳуқуқии рушд ва инкишофи њуќуќи наќлиёт, њуќуќи экологї, њуќуќи кишоварзї, ҳуқуқи замин ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиї;
- Усули сохторию-низомї дар омўзиши забонњои хориљї дар чањорчубаи тањсилоти рушд кардаистода;
1.1. Масоилњо:
- Проблемањои таърихї-назариявии давлат ва њуќуќи Тољикистон дар шароити љањонишавї ва њимояи манфиатњои миллї;
- Рушди падидањои конститутусионализм ва давлатдории миллї, равандњои демократї, таъмини њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд, такмили ќонунгузорї дар таъмини амалисозии њокимияти давлатї дар Љумњурии Тољикистон;
- Масъалањои асосии предмети танзими њуќуќи гражданї;
- Проблемањои назариявии њуќуќи байналхалќии хусусї;
- Проблемањои назариявии њуќуќи байналхалќии оммавї;
- Коркарди масоили мубрами назария, тањияи тавсияњои илмї љињати инкишофи ќонунгзорї, рушди сохтор ва фаъолият оид ба анљом додани адолати судї, назорати прокурорї, фаъолияти дигари њуќуќмуњофизавї, омўзиши љинояткорї ва пешнињоди роњњои пешгирї намудан ва аз байн бурдани он дар Љумњурии Тољикистон;
- Рушд ва инкишофи танзими хусусї – њуќуќї ва оммавї-њуќуќии муносибатњо дар соњаи наќлиёт, кишоварзї, экологї ва замин, инчунин амалия ва назарияи онҳо;
- Сиёсати њуќуќии љиноятии Љумњурии Тољикистон дар замони муосир;
- Проблемањои назариявї ва амалии таъмини њуќуќу озодињои инсон дар низоми њуќуќи Љумњуриии Тољикистон;
- Танзими њуќуќии муносибатњо дар бахши соњибкорї;
- Проблемаи методикаи тафтиши љиноятњо муќобили озодї;
- Таъсири байнихамдигарии зењнї ва низоми забон дар фаъолияти фикрии нутќи донишљўён дар шароити дузабонї.
1.1.1. Мавзўъ ва роњбари илмї:
1. Заминањои таърихї-тамаддунї, њолати кунунї ва дурнамои рушди њаёти давлатию њуќуќии Тољикистон бо дарназардошти њимояи манфиатњои миллї, муќовимат ба тањдидњову хатарњои глобалї (роњбари илмї: д.и.њ., академик Тоњиров Ф.Т. ва д.и.њ., профессор Сотиволдиев Р.Ш). Тањќиќи таърихї-назариявии ташаккулу инкишофи давлат ва њуќуќ дар сарзамини таърихї ва муосири тољикон, вазъи кунунї, самтњо ва дурнамои инкишофи њаёти давлатию њуќуќии Тољикистони соњибистиќлол бо дарназардошти њимояи манфиатњои миллї. Нашри маќолањо, монографияњои илмї, китобхои дарсї, васоити таълимї, анљоми бандњо ва бобњои дахлдори диссертатсияњои номзадиву докторї, омода намудани конфронсњои илмию амалї, баромадњо дар конфронсњо.
2. Инъикоси сиёсати њуќуќии љиноятї дар ќонунгузори љиноятї ва иљрои љазои љиноятї: проблемањои назариявї ва амалия (роњбари илмї: н.и.њ., дотсент Сафарзода А.И.). Дар ин марњала Баррасии проблемањои назариявї ва амалияи татбиќи ќонунгузории љиноятї ва иљрои љазои љиноятї, тањлили њаматарафаи инъикоси сиёсати њуќуќии љиноятї дар ќонунгузори љиноятї ва иљрои љазои љиноятї ва ба табъ расонидани монография мавриди баррасї ќарор дода шудааст.
3. Масъалањои њуќуќї-конститутсионии танзими муносибатњои љамъиятї ва такмили ќонунгузорї (роњбари илмї д.и.њ, профессор Диноршоњ А.М.). Дар соли љорї аз љониби омўзгорони кафедра масоили такмили соњибихтиёрии халќ, давлат ва шаклњои таљассуми он; усулњои асосии ташкили маќомоти њокимияти давлатї; интихобот ва низоми он; вазъи њуќуќии вакилон ва намояндагони њокимияти давлатї; вазъи конститутсионї-њуќуќии инсон, шањрванд, маќомоти давлатї ва хидмачиёни он; асосњои конститутсионї-њуќуќии фаъолияти маќомоти давлатї мавриди тањќиќ арзёбї мешаванд. Натиљањои онњо дар монографияњо, китобњои дарсї, дастурњои таълимї, рисолањо ва маќолањои илмї инъикос меёбанд. Њангоми гузаронидани дарсњои лексионї ва семинарї аз фанњои кафедра, аз љумла аз фанњои тахассусї истифода карда мешаванд.
4. Такмилёбии предмети танзими њуќуќи гражданї: проблемањои назариявї ва амалия. (роњбари илмї: д.и.њ., профессор Ѓаюров Ш.К.) марњилаи якуми корњои илмї тадќиќотии кафедраи њуќуќи гражданї мебошад. Бо инкишофёбии вазъи инсон дар њама соњањои иљтимої ва иќтисодї, амалї шудани арзишњои давлати њуќуќбунёд, демократї ва дунявї талабот ба танзими њуќуќи гражданї зиёд мегардад. Сухан оид ба васеъшавии предмети танзими њуќуќи гражданї меравад. Бинобар ин, зарурати тањрири нави КГ ба миён омад. Дар чунин њолат, яке аз вазифањои мутахассисони ин соња дар он аст, ки падидањои навро (иттилоот, њуќуќ ба њаёти хусусї, њуќуќ ба истифодаи ќитъаи замин, об ва ѓайраро) мавриди тањќиќ ќарор дода, донишњои мављударо таљдиди назар намуда, барои такмили таълимоти соњавї ва инкишофи ќонунгузории ЉТ таклифњои судманд намоянд. Њамчун натиља хулосањои ташхисї, маќолањои илмї, монографияњо ва дигар асарњо ба табъ расонида мешавад.
5. Масъалањои муносибкунии танзими њуќуќии муносибатњо дар бахши соњибкорї. (Роњбари илмї: н.и.њ., дотсент Сангинов Д.Ш.). Омўзгорони кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорат дар ин марњила тадќиќи масоили марбут ба назария ва амалияи танзими шартномавї ва иљрои уњдадорињо дар бахши соњибкорї ва дар ин замина кор карда баромадани хулосањои асосноки илмї, пешнињод ва тавсияњои амалї љињати такмили минбаъдаи ќонунгузориро мавриди тадќиќоти илмї ќарор доданд.
6. Муаммоњои такмили назария ва амалияи њуќуќи мурофиавии љиноятї, њуќуќи мурофиавии гражданї, мурофиа дар судњои иќтисодї, фаъолияти прокурорї, фаъолияти дигари њуќуќмуњофизавї, омўзиши љинояткорї ва коркарди роњњои пешгирии он дар Љумњурии Тољикистон. (роњбари илмї: н.и.њ., дотсент Мањмудов И.Т.). Дар ин марњила дар заминаи омўзиши назарияњои илмї, тањлили ќонунгузорї ва амалияи маќомотњои њифзи њуќуќ мусоидат намудан ба инкишофи њуќуќи мурофиавии љиноятї, њуќуќи мурофиавии гражданї, мурофиа дар судњои иќтисодї, фаъолияти прокурорї, фаъолияти дигари њуќуќмуњофизавї, њуќуќи судї, ёрии њуќуќї ва адвокатура дар Љумњурии Тољикистон ва ба даст овардани хулосањои илман асоснок, дар асоси онњо тавассути маќолањову рисолањо пешнињод намудани назарияву таклифоти нав бањри инкишофи њуќуќи мурофиавї, фаъолияти прокурорї, фаъолияти дигари њуќуќмуњофизавї ва криминология дар Љумњурии Тољикистон мавриди тадќиќоти омўзгорон ќарор гирифт.
7. Масоили њуќуќии танзими коллизионии муносибатњо бо унсури хориљї (роњбари илмї: н.и.њ., дотсент Раљабов М.Н.). Яке аз асосњои танзими муносибатњо бо унсури хориљї меъёри коллизионї мебошад. Таъиноти асосии меъёрњои коллизионї муайян кардани татбиќи низоми њуќуќї дар танзими муносибати ба вуќуъ омада мебошад. Вобаста ба инкишофи иќтисодиёт дар раванди љањонишавї, инкишофи соњибкорї ва тиљорати байналмилалї наќши меъёри коллизионї дар татбиќи њуќуќи миллї ва хориљї дар муносибатњои љамъиятї меафзояд. Бо чунин назардошт омодо намудани маводњои илмї, ширкат дар конференсияњои сатњи гуногун ва пешнињодњо бањри такмили ќонунгузорї мавриди тадќиќот ќарор дода шуд.
8. Проблемаи танзими њуќуќии вазъи њуќуќии субъектњои њукуки байналмилалии оммавї (роњбари илмї н.и.њ., дотсент Идиев Ф.Ф.). Дар асоси омўзиши адабиётњои њуќуќї ва санадњои њуќуќи байналмилалї муайян кардани омилњои таърихї ва њуќуќии пайдоиши муносибатњои дипломатї, наќши меъёрњо ва одатњои байналмилалї дар танзими муносибатњои дипломатї, пайдоиши хизмати дипломатї дар Љумњурии Тољикистон, пайдоиш ва рушди дипломатияи тољик дар ањди ќадим, миёна ва замони нав, иштироки Љумњурии Тољикистон дар муносибатњои дипломатии дуљониба ва бисёрљониба, дипломатияи пешгирикунанда, инчунин вазъи њуќуќии маќомотњои давлатии татбиќкунандаи муносибатњои њадафњои тадќиќот ба њисоб меравад. Натиљаи тадќиќот омода намудан ва нашр кардани маќолањои илмї, монография ва инчунин иштирок дар конференсияњои сатњи гуногун мебошад.
9. Проблемањои назариявии ташаккули низоми њуќукии Љумњурии Тољикистон дар замони муосир. (роњбари илмї д.и.њ., дотсент Азизов У.А). Дар натиљаи тањлили муќоисавии низомњои њуќуќии амалкунандаи љањони муосир, омўзиши таљрибаи амалии пешќадам дар соњаи њимояи њуќуќи инсон ба њукумат, парлумон ва дигар маќомотњои босалоњияти кишвар таклифњои илман асоснок пешнињод мегардад.
10. Масъалањои назариявї ва њуќуќии танзими умумї ва хусусї- њуќуќии муносибатњо дар соњаи наќлиёт, экологї, кишоварзї, ва замин. (роњбари илмї н.и.њ., дотсент Ќурбонов Ќ.Б.). Тадќиќи проблемањои назариявї ва амалии танзими оммавї ва хусусї-њуќуќии муносибатњо дар бахши наќлиёт, кишоварзї, экологї ва замин инчунин дар ин замина коркарди хулосањои асосноки илмї, таклиф, пешнињод ва тавсияњои амалї љињати такмили минбаъдаи ќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Тољикистон. Табъу нашри силсилаи маќолањои илмї, китоби дарсї, монография ва навиштани рисолаҳои илмї дар ин самтҳо.
11. Муосиргардонии тахсилоти касбию самтї дар шароити низоми рейтингию кредитї. (Роњбари илмї н.и.ф, дотсент Назарова З.А.). Коркарди чорањои њамаљонибаи ташаккули назарияи умумии таълими забонњои хориљї бо дарназардошти фаъолияти тахассусї (касбї). Натиљањо дар рафти дарсњои амалї, њангоми навиштани диссертатсияњо, коркардњои илмї – методї, мақола, маърўзањо дар конфронс ва семинарњо истифода мешаванд.
12. Методикаи криминалистии тафтиши љиноятњо муќобили озодї (Роњбари илмї: н.и.њ., дотсент А.Ќ. Назаров). Дар ин марњила проблемањои инкишофи методикаи тафтиши љиноятњо муќобили озодї, тактикаи гузаронидани амалњои алоњидаи тафтишотї, коркарди усулњои муайян намудани њолатњои алоњидаи љиноят ва тайёр намудани монография мавриди тадќиќот ќарор дода шуданд.
3. Ќисми II.
Нишондодњои муњими инкишофи корњои илмию тадќиќотї дар љадвалњо инъикос мегардад (Љадвалњо замима мегарданд).
4. Ќисми III.
Самаранокии корњои илмию тадќиќотии омўзгорон.
Соли 2017 аз нигоњи самарнокии корњои илмию тадќиќотии омўзгорон, яке аз солњои пурбарор ба њисоб меравад. Дар соли 2017 – 634 маводњои чопї (соли 2016 – 617, соли 2015 – 663, соли 2014-650, соли 2013 – 494) ба нашр расонида шудааст. Аз ин шумора:
1. Монография - 29 (соли 2016 - 28-аз ин 3-тоаш дар хориља), (соли 2015 - 24-аз ин 2-тоаш дар хориља), (соли 2014 – 38 (5-тоаш дар хориља), соли 2013-38,);
2. Китоби дарсї -11 (соли 2016 – 3, соли 2015 – 8, соли 2014-12, соли 2013 - 14);
3. Васоити таълимї - 42 (соли 2016 – 46, соли 2015 – 42, соли 2014-60, соли 2013 - 57);
4. Дастури таълимию методї -15 (соли 2016 – 22, соли 2015 – 41, соли 2014-31, соли 2013 – 68,);
5. Фишурда -26 (соли 2015 – 37, соли 2015 – 7, соли 2014-14, соли 2013 – 35);
6. Маќолаи илмию - оммавї 511 (соли 2016 – 481, соли 2015 – 541, соли 2014-508, соли 2013 - 307).
Дар факултети њуќуќшиносї тули солњои 2013, 2014, 2015, 2016 ва 2017 зиёда аз 3058 маводњои илмї ба табъ расиданд, ки онро 157 монография, 48 китоби дарсї, 247 воситаи таълимї, 177 дастури методї, 119 фишурда ва 2348 маќолањои илмию оммавї ташкил медињад.
Соли 2017 дар факултети њуќуќшиносї 3 маљаллаи илмї - иттиллоотии «Њаёти њуќуќї» (Правовая жизнь) тањти № 1, № 2, № 3 ва 3 нашри маљаллаи илмї-амалии «Давлатшиносї ва њуќуќи инсон» (Государствоведение и права человека) тањти № 1,2 ва 3 (68-69) аз чоп баромаданд. Дар шуморањои зикргардида маќолаи илмї, тафсир, таќриз, ёдоштњои омўзгорони факултет ва олимони барљастаи Федератсияи Россия, Љумњурии Ќазоќистон, Љумњурии Ќирѓизистон, Афғонистон, Эрон, Олмон, Украина, Беллоруссия ва кормандони маќомоти њифзи њуќуќ ба табъ расидаанд. Дар баробари ин 17 шумораи газетаи «Минбари њуќуќшинос» дар соли 2017 аз чоп баромаданд, ки дар он маќолањои омўзгорон, кормандони соњањои гуногун, аспирантон ва донишљўёни факултет чоп карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки садорати факултети ҳуқуқшиносї љиҳати ворид гардонидани маљаллаи илмї - иттиллоотии «Њаёти њуќуќї» (Правовая жизнь) ба рўйхатї маљаллаҳои тақризшаванда як қатор корҳоро ба сомон расонид. Аз он љумла, тамоми ҳуљатҳо омода карда шуда ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон баҳри ворид намудани маљалаи мазкур ба феҳристи маљалаҳои тақризшаванда супорида шуд. Ва маљаллаи илмї - иттиллоотии «Њаёти њуќуќї» аз ташхиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон гузашт, дар назар аст, ки охири моҳи равон бояд аз љониби раёсати КАО ЉТ ба Фењристи ягонаи маљаллањои (нашрияњои) илмии таќризшавандаи Љумњурии Тољикистон, ки дар онњо бояд натиљањои тањќиќоти илмии унвонљўёни дараљањои илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос, номзад ва доктори илм интишор шаванд, ворид карда шавад. Инчунин баҳри баланд бардоштани мавқеи байналмилалии журнали мазкур тамоми ҳуљљатҳо ба сомонаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия баҳри ба Фењристи ягонаи маљаллањои илмии таќризшаванда, ки дар онњо бояд натиљањои тањќиќоти илмии унвонљўёни дараљањои илмии номзад ва докторї илм интишор шаванд, гузошта шуд.
Санаи 6-уми октябри соли 2017 дар факултет маркази тестї ва мониторинги сифати таълим ифтитоњ ва дар ошёнаи 4-уми факултети њуќуќшиносї баъд аз таъмири замонавї китобхонаи илмї ба истифода дода шуд. Китобхона бо ташаббусу мусоидати Раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон ва садорати факултети њуќуќшиносии ДМТ пурра аз нав таъмир карда шуда бо таљњизоти замонавї таъмин карда шудааст. Китобхонаи илмии факултет бо тамоми адабиёти илмиву таълимии замонавї ва маљаллањои илмиву рўзномањои даврї таъмин буда аз 1 толори хониш бо 64 љойи нишаст, њуљраи нигоњдории китобњо ва њуљраи хизматрасонї иборат мебошад. Фонди китобњои илмии китобхона то имрўз ба 25000 адад мерасанд, ки бо дастгирии садорати факултети њуќуќшиносї љамъоварї шуда, њамарўза аз он зиёда аз 3500 донишљўи факултети њуќуќшиносї ва дигар муассисањои тањсилоти олии кишвар истифода менамоянд. Дар китобхона шароити мусоид барои мутолиакунандагон њам барои фасли сармо ва њам фасли гармо фароњам оварда шудааст.
Бояд ќайд намуд, ки яке аз талаботњои нав дар соњаи илм имрўз дохил намудани маќола ва дигар маводњои чопшудаи олимон ба руйхати индекси руссиягии иќтибосњои илмї (РИНЦ) ба шумор меравад, ки дар ин самт омўзгорони факултет фаъолияти худро љоннок намудаанд. Масалан, омўзгорон Диноршоев А.М. (119 маќола, 1004 иќтибос, 11 хирш); Бобоева Н.И. (16 маќола, 116 иќтибос, 7 хирш); Салохидинова С.М. (46 маќола, 139 иќтибос, 6 хирш); Сафарзода Б.А. (35 маќола, 562 иќтибос, 4 хирш); Сафарзода А.И. (53 маќола, 161 иќтибос, 4 хирш); Насриддинзода Э.С.(33 маќола, 138 иќтибос, 4 хирш); Имомов А.И. (34 маќола, 319 иќтибос, 3 хирш); Холикзода А.Ғ.(25 маќола, 296 иќтибос, 3 хирш); Марифхонов Р.Н.(26 маќола, 36 иќтибос, 3 хирш) рейтинги баландро соњибанд. Дигар омўзгорони факултет низ дар ин самт кори худро бояд љоннок намоянд.
Бояд иброз намуд, ки дар робита ба банди 56 Наќша чорабинињо оид ба иљрои вазифањое, ки дар Паёми Перзиденти Љумњурии Тољикистон аз 22 декабри соли 2016 «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилию хориљии Љумњурии Тољикистон» зикр гардидаанд, ба зиммаи Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон дар якљоягї бо Прокуратураи генералї, Маркази миллии ќонунгузорї, Академияи илмњо ва Донишгоњи миллии Тољикистон (факултети њуќуќшиносї) омода ва пешнињод намудани лоињаи Консепсияи сиёсати њуќуќии Љумњурии Тољикистон вогузор карда шудааст. Њамзамон дар тањияи лоињаи «Консепсияи сиёсати њуќуќии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2018-2028» омўзгорони факултети њуќуќшиносии ДМТ фаъолона иштирок намуда бевосита баъзе аз бобњо ва бандњои лоињаро таёр намудаанд. Ба њайси аъзои гурўњи корї, ки доимо дар тањияи лоињаи консепсия, ки дар назди Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон фаъолият мекард, иштирок намудаанд, д.и.њ., профессор Сотиволдиев Р.Ш., ва ассистенти кафедраи њуќуќи гражданї Соњибов М.М. ба шумор меравад.
Тибќи наќша чорабинињое, ки Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда буд, дар бахши тањияи самтњои асосии рушди њуќуќи миллї омўзгорони факултет муваззаф гардида будаанд. Иштироки омўзгорон дар бахшњои зерин асосї буд:
- дар бахши тањияи самтњои асосии консепсия дар ќисмати муќаддима, рушди маърифати њуќуќї, ёрии њуќуќї ва тарѓибу ташвиќи њуќуќї, ќисми хотимавї иштирок дошт, д.и.њ., профессор Сотиволдиев Р.Ш. (бояд иброз намуд, ки устод дар тамоми самтњои асосии сиёсати њуќуќї, ки консепсия фаро мегирифт иштироки фаъолона доштанд); дар бахши тањияи самтњои асосии сиёсати њуќуќии њуќуќи конститутсионї, њуќуќи маъмурї иштирок доштанд, д.и.њ. дотеснт Диноршоев А.М., ассистент Соибов З.; дар бахши тањияи самтњои асосии сиёсати њуќуќии њуќуќи гражданї, њуќуќи оилавї иштирок доштанд, д.и.њ., профессор Ғаюров Ш.К., н.и.њ., дотсент Сулаймонов Ф.; дар бахши тањияи самтњои асосии сиёсати њуќуќии њуќуќи молия, андоз ва гумрук, њуќуќи соњибкорї, њуќуќи мењнат ва таъминоти иљтимої иштирок доштанд, н.и.њ., дотсент Сангинов Д.Ш., н.и.њ., дотсент Бозоров Н., ассистент Шарипов И.; дар бахши тањияи самтњои асосии сиёсати њуќуќии њуќуќи љиноятї, њуќуќи иљрои љазои љиноятї иштирок дошт, н.и.њ., дотсент Сафарзода А.; дар бахши тањияи самтњои асосии сиёсати њуќуќии њуќуќи мурофиаи гражданї иштирок дошт, муаллими калон Фозилов Н.; дар бахши тањияи самтњои асосии сиёсати њуќуќии њуќуќи мурофиаи љиноятї иштирок доштанд, д.и.њ., Искандаров З., н.и.њ., дотсент Абдуллоев П., ассистент Авзалов А.; дар бахши тањияи самтњои асосии сиёсати њуќуќии њуќуќи экологї, њуќуќи замин, њуќуќи кишоварзї, њуќуќи наќлиёт иштирок доштанд, н.и.њ., дотсент Ќурбонов Ќ., ассистент Соњибов М.М.; дар бахши тањияи самтњои асосии сиёсати њуќуќии њуќуќи байналмилалї иштирок доштанд, н.и.њ., дотсент Раљабов М., н.и.њ., дотсент Мирзоев А. Ҳамзамон бояд иброз намуд, ки баъди таёр намудани лоињаи намунавии консепсияи сиёсати њуќуќии Љумњурии Тољикистон боз барои хулоса ба факултети њуќуќшиносии ДМТ ирсол гардида буд, ки аз љониби омўзгорон Сотиволдиев Р.Ш., Ѓаюров Ш.К., Искандаров З., Мањмудов И., Соњибов М.М., ва дигарон муњокима ва бо хулосањои нав ба аъзои гурўњи корї пешнињодњо ирсол карданд.
Дар асоси дастури Роњбари дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон аз 28. 06. 2017с, № 41358 (23-8) мудири кафедраи њуќуќи гражданї, профессор Ѓаюров Ш. К. дар гурўњи корї оид ба омода намудани васоити таълимї ва лоињаи Консепсияи фондњои кафолатии ќарзї дар Љумњурии Тољикистон иштирок карда истодааст. Ў ба лоињањои тањиянамудаи БМТ оид ба дигар намудани тартиби руёниш дар КГ ЉТ ва Ќонуни ЉТ «Дар бораи муфлисшавї» (13. 01. 2017с.) ба ММК хулосаи њуќуќї пешињод намуд.
Ба ѓайр аз нишондодњои дар боло зикргардида, омўзгорони факултет имсол чун њар сола ба лоињањои ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї хулосањои њуќуќї додаанд. Масалан, Диноршоев А.М. дар омода намудани лоињаи Ќонуни ЉТ «Дар бораи мурољиати шахсони воќеї ва њуќуќї» иштирок намудааст. Саидзода И.Х. дар тањияи муњокимаи лоињаи ќонунњои конститутсионї: «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Њукумати Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи раъйпурсии Љумњурии Тољикистон», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ВМКБ», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тартиби њалли масъалањои сохтори марзиву маъмурии Љумњурии Тољикистон», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон».
Ба лоињаи кодексњо: «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон» (панљ лоиња), «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси мурофиаи њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон» (чор лоиња), «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон” (чор лоиња), «Дар бораи ворид намудани таѓйиру илова ба Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон» (ду лоиња), «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон» (ду лоиња), «Оид ба ворид намудани таѓйирот ба Кодекси андози Љумњурии Тољикистон» (ду лоиња).
Ба лоињаи ќонунњо: «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти оперативї-љустуљўї» (ду лоиња), «Оид ба ворид намудани таѓйироту иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи воситањои нашъадор, моддањои психотропї ва прекурсорњо», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї», «Оид ба ворид намудани таѓйирот ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиљоратї», «Оид ба ворид намудани таѓйирот ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои њакамї», «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Палатаи њисоби Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи дурнамоњои рушди иљтимоию иќтисодии Љумњурии Тољикистон» (ду лоиња), «Дар бораи ворид намудани илова ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи буљети давлатии Љумњурии Тољикистон барои соли 2017 ва дурнамои нишондињандањои буљети давлатї барои солњои 2018–2019», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њифзи навъњои растанї» (ду лоиња), «Дар бораи њифз ва истифодаи объектњои мероси таърихию фарњангї», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи рўзњои ид», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи милитсия», «Оид ба ворид намудани иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи нотариати давлатї» (ду лоиња), «Дар бораи вазъи њуќуќии пойтахти Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи статуси пойтахти Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи бехатарии њаракат дар роњ», «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани таѓйиру илова ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тањсилоти калонсолон», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрї», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи сармоягузорї» (се лоиња), «Дар бораи фаъолияти риэлторї», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мурољиатњои шахсони воќеї ва њуќуќї», «Дар бораи алоќаи барќї», «Дар бораи ташкилотњои ѓайритиљоратї», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи роњњои автомобилгард ва фаъолияти роњдорї», «Оид ба ворид намудани таѓйирот ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон» «Дар бораи бољи давлатї», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторї, «Дар бораи ѓалла ва мањсулоти коркарди он», «Оид ба ворид намудани илова ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориљї», «Дар бораи чарогоњ», «Оид ба ворид намудани таѓйирот ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти эхсонкорї», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї, «Оид ба ворид намудани илова ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти эњсонкорї» , «Оид ба ворид намудани илова ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон» «Дар бораи њуќуќњои муаллиф ва њуќуќњои вобаста ба он», «Оид ба ворид намудани таѓйиру илова ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тањсилоти олии касбї ва тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї», «Оид ба ворид намудани илова ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ворид намудани илова ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї», «Оид ба ворид намудани илова ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тањсилоти миёнаи касбї» ва ѓайра.
Инчунин омўзгорон Рањмон Д.С., Азизов У.А., Диноршоњ А.М., Мањмудов И.Т., Ќурбонов Ќ.Б., Сангинов Д.Ш., Назаров А.Ќ., дар гурўњи корї бо маќсади шарњу тавзењи мазмуну моњияти Паёми Президенти ЉТ дар ноњияњои Истаравшан, Панљ, Восеъ, Вахш, Љайњун, А.Љомї, Зафаробод ва шањри Душанбе иштирок намудаанд.Бо супориши Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон як гурўњ устодони Донишгоњи миллии Тољикистон, аз он љумла декани факултет Раҳмон Д.С. аз санаи 11 то 16-уми сентябри соли равон ба шањри Исфараи вилояти Суѓд сафари хизматї намуда, дар љамоатњои шањраку дењот ва корхонаю муассисањои шањр дар чањорчубаи барномаи ташвиќу фањмондадињии таѓйиру иловањо ба Ќонуни ЉТ «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо» иштирок ва суханронї намуданд.
Дар соли њисоботї донишљўёни факултет аз љињати иштирок дар озмунњои љумњриявї натиљањои дилхоњ ба даст оварданд: Аз љумла миёни онњо донишљўи курси 5-уми шуъбаи рўзона Сафаралиев Далер зери роњбарии бевоситаи Абдуллоев П.С. љои аввалро дар Љоми Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон ба даст овард.
Дар идомаи њафтаи забонњои хориљї санаи 19-уми октябри соли 2017 дар њошияи мањфили мубоњисавии «Ворисони Куруш» озмуни «Љоми Куруш»-2017 бо шукуњу шањомати хосса ташкил ва бо забони англисї баргузор шуд. Дар анљоми мусобиќа дастаи «De jure» донишљўёни соли 4-уми ихтисоси њуќуќи байналхалќї Љурахонов Бањодур, Ќиёмиддинов Фарњод ва донишљўи соли 4-уми ихтисоси њуќуќшиносии умумї Ањмадов Ќандил ѓолиби «Љоми Куруш» 2017 гардиданд.
Дар озмуни «Хонандаи беҳтарини китобҳои Пешвои миллат» ки санаи 7-уми ноябр соли 2017 дар миёни донишљўёни ДМТ баргузор гардид Самандари Қаландар донишљўи курси сеюми факултети ҳуқуқшиносї сазовори љои якум, Муҳиддинов Анис донишљўи курси сеюми факултети ҳуқуқшиносї сазовори љои дуюм ва Буйдоқов Бурҳоналї донишљўи курси дуюми факултети ҳуқуқшиносї сазовори љои сеюм гардиданд.
Дар давраи њисоботї дар факултети њуќуќшиносї 12 мањфилњои илмї – назариявии назди кафедравї фаъолият карданд, ки зиёда аз 1300 нафар донишљўён аъзои ин мањфилњо мебошанд, ки нисбат ба солњои (соли 2012 – 436 нафар донишљў, соли 2013 -750 нафар донишљў, соли 2014-900 нафар донишљў, соли 2015 - 950 нафар донишљў, 2016 - 100 нафар донишљў) зиёд мебошанд. Дар маљмўъ 230 (соли 2015 – 172, соли 2016 - 210) мањфили илмии донишљуён гузаронида шуд, ки дар он масъалањои гуногуни илми њуќуќшиносї ва забонњои хориљї баррасї гардиданд. Дар факултет аз љониби 5 нафар омўзгорони соњибтаљриба 30 мањфилњои инфиродии устодон, аз љумла мањфили инфиродии профессорон Сотиволдиев Р.Ш., Ѓаюров Ш.К., Холиќзода А.Ѓ., дотсентон Сафарзода А.И. ва Сангинов Д.Ш. гузаронида шуданд, ки дар он беш аз 150 нафар донишљўён иштирок намуда, масъалањои гуногуни илми њуќуќшиносиро мавриди баррасї ќарор додаанд.
Аз 20 то 27 апрели соли 2017 дар факултети њуќуќшиносї Конференсияи љумњуриявии илмию назариявиии њайати донишљўён бахшида ба «20-солагии Ваҳдати миллї» ва «Соли љавонон» баргузор гардид. Дар бахши донишљўён бошад, мувофиќи барнома дар 11 бахш 199 маърўзањои донишљўён пешбинї шуда буд, ки аз ин 193 марўъзаи донишљуён шунида шуд. Имсол бо сабабњои узрноку ѓайриузрнок тибќи барнома 6 нафар донишљўён дар конференсия иштирок надоштанд. Берун аз наќша 52 нафар дар конференсия маърўза карданд.
Бо маќсади дастгирї ва њавасмандгардонии аъзоёни мањфилњои назди кафедравии Љамъияти илмии донишљўён дар соли 2016–2017 220 маќолањои донишљўёни лаёќатманд ва фаъоли факултет, ки фарогирандаи масъалањои муњими љамъиятиву њуќуќї ва давлатию сиёсї буданд дар рўзномаи «Ба ќуллањои дониш» ва моњномаи «Минбари њуќуќшинос» ба табъ расидаанд.
Омўзгорони факултет дар њимояи рисолањои докториву номзадї, китобњои дарсиву васоити таълимии дохиливу хориљї таќризњо навиштанд. Чунончи: Мудири кафедраи њуќуќи байналхалќї Раджабов М.Н. Рецензия на моногорафию Кузнецова М.Н. «Введение в международное частное право: теоретико-правовое исследование».М.: РУДН, 2014. 288 с. // Научно-информационный журнал «Правовая жизнь» Апрель-июнь 2017, №2 (18).-С. 176-180; Сулаймонов Ф.С. Новая книга профессора Суханова Е.А. о вещных правах – источник познания философии вещных прав // Паёми Донишгоњи милии Тољикистон. № 1. 2017. Д., Сино, 2017. С.191-195; Раджабов М.Н., Ќодиркулов Х.Р. Отзыв на автореферат докторской диссертации Рахмонкуловой Нилуфар Ходжи-Акбаровны на тему «Совершенствование кодификации законодательства о международном частном праве Республики Узбекистан» (28 ноября 2016г. Г. Ташкент); Раджабов М.Н., Кодиркулов Х.Р. Отзыв на автореферат докторской диссертации Абдурахмоновой Хосиятхон Бахтиёржон Кизи на тему «Регулирование отношений между родителями и детьми в международном частном праве»(г. Ташкент,9 декабря 2016г.). Аз љониби омўзгорони кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ -таќриз ва хулоса ба диссертатсияњои номзадии Солиева Нигора Шодибоевна, Саидов Хикматулло Х. ва Баётоа Аяр навишта шуд.
Пешнињодњо:
1.Зарур аст, ки ба баланд бардоштани масъулияти омўзгорони љавон дар самти иљрои наќшаи КИТ ва њамзамон бењдошти сатњу сифати маќолањои илмии онњо чорањои муассир андешид.
2. Ба маќсад мувофиќ аст, ки баргузории мањфилњои илмии сатњи гуногун бо љалби намояндагони доирањои илмї, олимон, профессорон, ходимони намоёни давлатї ва дигар шахсони воломаќоми маќомоти њифзи њуќуќи кишвар васеъ ба роњ монда шавад.
3. Пешнињод менамоем, ки Раёсати ДМТ барои чопи мањсули корњои илмї-тањќиќотии олимону устодон ва кормандони Донишгоњ сол ба сол дар доираи наќшаи КИТ барои солњои 2016-2020 мусоидат намояд. Дар ин замина зарур аст, ки дар шабакаи љањонии Интернет сомонаи махсус таъсис дода шуда, номгўй ва дастовардњои илмии омўзгорони Донишгоњ дар он љой карда шавад.
4. Пешнињод менамоем, ки Раёсати ДМТ дар доираи имкониятњои молиявии љойдошта барои обуна шудан ба бонуфузтарин маљаллањои илмї-назариявии кишварњои хориљ дар иштаи илмњои њуќуќшиносї, аз љумла кишварњои узви ИДМ мусоидат намояд.
5. Ба маќсад мувофиќ мењисобем, ки њамкории ДМТ бо Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон љоннок карда шуда, њамзамон дар ин замина њамкорї бо Комиссияи Олии атестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федереатсия Русия вусъат дода шуда, бо дарназардошти имконоти мављуда барои таъсис додани Шўроњои диссертатсионии руссиягї ва Шўроњои диссертатсионии байнидавлатї мусоидат намояд.
6. Мо пеш аз њама ба омода кардани кадрњои илмї - номзадњо ва докторњои илми њуќуќшиносї дар риштањои нодир ниёз дорем. Аз ин рў, аз Рёсати ДМТ эњтиромона хоњиш менамоем,ки дар њамбастагї бо Вазорати маориф ва илм ва Маркази барномањои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон барои ба аспирантура ва докторантураи маќсаднок сафарбар намудани устодону кормандони факултет ва дигар намуди дастгирињои молиявї љињати њимояи рисолањои илмии омодашуда кумак намоянд.
7. Зарур аст, ки ба масъалаи тарбияи кадрњои илмї аз њисоби донишљўёни лаёќатманд ва хубу аълохон таваљљўњи пайваста зоњир карда шавад. Дар пайвандї ба ин масъала ташкил ва баргузории њаммоишњои илмии сатњи гуногуни донишљўёни муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар мувофиќи маќсад аст.
8. Бо дарназардошти таъсиси Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Љумҳурии Тољикистон ва Шурои миллї оид ба њимояи рисолањои номзадї ва докторї дар њудуди Тољикистон зарур аст, ки фењристи маљаллањои илмии миллии таќризшаванда муаяйн карда шавад. Аз ин рў, аз Раёсати ДМТ хоњиш менамоем, ки барои ба ќайд гирифтани маљаллаи илмии “Давлатшиносї ва њуќуќи инсон”ба сифати маљаллаи таљассумкунандаи натиљањои тадќиќотњои илмї аз љониби Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Љумҳурии Тољикистон ва Федератсияи Русия тадбирњо андешида шавад. Њамзамон афзалият ба масъалаи нашр намудани маќолањои илмї дар нашрияњое, ки шомили руйхати Комиссияи Олии Аттестатсионии Федератсияи Русия мебошанд ва ба низоми ИРИИ (индекси руссиягии иќтибосњои илмї) дохил карда шудаанд, низ дода шавад.
9. Ба ифтихори таљлили 70-солагии таъсиси ДМТ ва бо маќсади муаррифии дастовардњои илмии устодону кормандони ДМТ ба маќсад мувофиќ меушморем, ки дар заминаи ДМТ соли 2018 форуми байналмилаии илмї бо иштироки доираи васеи намояндагони марказњои бонуфузи илми-таълимии дохил ва хориљї кишвар ба наќша гирифта шавад.
10. Тайёр намудани кадрњои илмї тавассути доктарантураи PhD љоннок карда шуда, љалби доктаранти PhD бо дарназардошти риояи Низомномаи тайёр кардани кадрњои илмї-омўзгорї дар Донишгоњи миллии Тољикистон ба роњ монда шавад. Ба маќсад мувофиќ аст, ки доктарантони PhD аз њисоби хатмкунандагони фаъоли факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон, ки бо бањои хубу аъло тањсил намудаанд, забони давлатї ва хориљиро хуб медонанд, њисси баланди ватандўстиву масъулиятшиносї доранд, љалб карда шаванд. Доктарантони PhD-ро зарур аст, ки дар мавзўњои афзалиятнок ва арзишманде, ки барои рушду инкишофи соњањои алоњидаи хољагии халќи кишвар созгоранд, тадќиќотњои илмї анљом дињанд.
ХУЛОСА
Дар соли сипаришуда факултети њуќуќшиносї ба натиљањои хуби илмї ноил гардида, њамаи корњои илмї тибќи наќшаи корњои илмї-тадќиќотї анљом дода шудаанд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07