08.12.2017
Тањти ин унвон санаи 8-уми декабри соли 2017 дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон бо иштироки доираи васеи омўзгорону аспирантон, олимон, кормандони маќомоти њифзи њуќуќ ва маќомоти дигари давлатї, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврї конференсияи байналмилалии илмї-амалї баргузор гардид.
Конференсияро бо сухани ифтитоњї декани факултети њуќуќшиносї номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Д.С. њусни оѓоз бахшида, ба њозирин дар хусуси зарурат ва ањамияти баргузории он гузориш доданд. Аз љумла иброз намуданд, ки конфронси мазкур ба рўзи ќабули Эъломияи умумии њуќуќи инсон, ки њамасола дар љањон љашн гирифта мешавад, бахшида шудааст. Эъломияи мазкур тавонист, ки дар самти эътирофу эњтироми њуќуќи инсон то андозае сањми худро гузорад. Имрўз љомеаи башарї ботантана рўзи ќабули онро таљлил менамояд.
Њамзамон дар кори конфронс муовини ректори ДМТ оид ба илм, доктори илмњои кимиё, профессор Сафармамадов С.М.; раиси Кумита оид ба ќонунгузорї ва њуќуќи инсони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор, узви вобастаи АИ ЉТ Насриддинзода Э.С.; раиси Кумита оид ба сохтори давлатї ва худидоракунии мањалии Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Холиќзода А.Ѓ., вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Сафарзода Б.А., сардори раёсати илм ва иноватсияи ДМТ, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Ќурдонализода Н.Ш. ва и.в. мудири кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавии факултети њуќуќшиносии ДМТ, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Саидов И.И. бо сухани ифтитоњї баромад намуданд.
Сипас, аз рўйи рўзномаи барномаи конференсия маърўзањои устодон, аспирантон, унвонљўён, намояндагони маќомоти давлатї ва дигари њифзи њуќуќ шунида шуд. Аз љумла устодони факултети њуќуќшиносии ДМТ, Донишгоњи славянии Русияву Тољикистон, намояндагон аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон, дастгоњи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллї ва дигар сохторњои давлатї бо маърўзањо баромад намуданд.
Баромадкунандагон мазмуну моњияти маърўзањои хешро шарњ дода, тањќиќу омўзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Оид ба маърўзањои ќироатшуда саволу љавоб ва музокирањо сурат гирифтанд. Аз љумла, дар робита ба масъалањои баррасишуда иштирокчиён баромад намуда, таклифу андешањои судманд пешнињод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни конференсия фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба пањлуњои мухталифи масъалањои баррасишуда баён намуданд. Дар маљмўъ таъкид карда шуд, ки тољикон аз даврони ќадим ба њуќуќу озодињои инсон арљ мегузоштанд, ки далели он соли 539 то мелод ќабул гардидани Эъломияи њуќуќи башари Куруши Кабир мебошад. Дар даврони Истиќлолият низ ин анъанаи ниёгон идома дода шуда, дар сатњи конститутсия инсон, њуќуќ ва озодињои ў арзиши олї эълон карда шуд. Таъсиси кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї дар сохтори факултети њуќуќшиносии ДМТ ќадами муњиме дар самти омўзиши њуќуќи инсон ва дар њар як фард ташаккул додани фарњанги њуќуќи инсон мебошад. Аз ин рў, иштирокчиёни конференсия боло бардоштани фарњанги њуќуќии ањолї ва дар онњо ташаккул додани фарњанги њуќуќи инсонро вазифаи аввалиндараљаи олимони њуќуќшинос арзёбї намуданд.
Ќайд намудан зарур аст, ки Эъломияи умумии њуќуќи башар таърихи 10-уми декабри соли 1948 ќабул гардида, мањз њамин рўз, яъне рўзи ќабули ин санад њамчун љашни њуќуќи инсон таљлил мегардад. Баъд аз таъсисёбии кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї омўзиши фанни таълимии њуќуќи инсон ва санадњои байналмилалї дар ин соња ба таври васеъ ба роњ монда шуд. Аз ин рў, њар сол дар оѓози моњи декабр бо ташаббуси кафедраи мазкур конференсияву симпозиумњои сатњи љумњуриявї ва байналмилалї ташкил шуда, њуќуќшиносон ва намояндагони касбу кори гуногун сари мизи гирд љамъ меоянд ва муњимтарин масъалањо ва дастоварду мушкилоти соњаи њуќуќи инсонро мавриди баррасї ќарор медињанд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07