Бо ибтикори Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти ЉТ муњтарам Эмомалї Рањмон «Соли 2018-соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» эълон шудааст. Бахшида ба «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» дар тамоми љумњурї чорабинињои мухталифи илмию фарњангї таљлил мегарданд. Дар Донишгоњи миллии Тољикистон низ имрўзњо гузаронидани конференсияњои илмї, симпозиумњо, семинару мизњои мудаввар, мањфилњо ва дигар чорабинињо бахшида ба ин санаи муборак ба наќша гирифта шудаанд.
Дар доираи силсилаи чорабинињои Донишгоњи миллї љињати иљрои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон дар бораи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонњои русї ва англисї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2015- 2020» бахшида ба «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» дар таърихи 22.02.2018 бо ташаббуси садорат ва кафедраи забонњои хориљии факултети њуќуќшиносї конференсияи љумњуриявии илмї-амалї дар мавзўи «Масъалањои мубрами забоншиносии љамъиятї ва муколамаи байнифарњангї» баргузор гардид. Дар кори конференсия устодон, аспирантњо, магистрњо аз Донишгоњи славянии Россия - Тољикистон, ДДЗТ ба номи С. Улуѓзода, Донишгоњи давлатии ш. Ќурѓонтеппа ба номи Н. Хисрав, ДДОТ ба номи С. Айнї, кафедраи фанњои иљтимої - гуманитарии филиали Донишгоњи Энергетикаи ш. Москва дар ш. Душанбе, кафедраи умумидонишгоњии забонњои фаронсавї ва олмонии ДМТ, кафедраи забонњои хориљии факултети забонњои Осиё ва Аврупои ДМТ, кафедраи умумидонишгоњии забони англисии ДМТ ва донишљўёни факултети њуќуќшиносї иштирок намуданд. Мутобиќи барномаи конференсия 30 маърўза ба наќша гирифта шуда буд, ки аз онњо 26 маърўза шунида ва мавриди бањс ќарор дода шуд.
Рушд ва такомули соњаи сайёњї бањри ќонеъ гардонидани талаботи сайёњони дохилї ва хориљї равона шуда, хизматрасонињоро дар сатњи баланд таъмин менамояд, ки боиси таваљљуњи бештар пайдо кардани мењмонони хориљї ба Тољикистони бињиштосо мегардад. Бинобар ин, омўзиши забонњои хориљї, ки барои рушду нумўи соњаи туризм ва эњёву муаррифии њунарњои мардумї дар арсаи байналмилалї заминагузор аст, барои њар як шањрванди тољик ва тољикистонї зарур ва њатмист. Иртиботи масъалањои мубрами забоншиносии љамъиятї ва муколамаи байнифарњангї дар рушду такомули соњаи саёњии байналмилалї диќќати кулли иштирокчиёни конференсияро љалб намуда, байни маърўзачиён ва шунавандагон, аз ќабили донишљўён саволу љавоб ва бањсу мунозира ба миён омад, ки он аз бетараф набудани љавонон оид ба ин масъала дарак медод.
Маърўзањои кори конференсия дар маљмўаи алоњида љамъоварї гардида, дар шакли Маводњои конференсияи љумњуриявии илмї-амалї дар мавзўи «Масъалањои мубрами забоншиносии љамъиятї ва муколамаи байнифарњангї» бахшида ба «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» дар њаљми 233 сањифа, ки 35 маќолаи илмиро дар бар мегирад, аз чоп баромада, дастраси толибилмон гардид.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07