Бо ташаббуси садорати факултети њуќуќшиносии ДМТ њар охири моњ семенари илмии олимони љавони факултет баргузор мегардад. Ин иќдоми пешакардаи садорати факултети њуќуќшиносї судманд буда, барои инкишофи малакаю дониши устодони љавон мусоидат хоњад кард.
Дар ин замина санаи 31-уми марти соли љорї семенари илмии омўзгорони љавони кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиї бо иштироки доираи васеи омўзгорон ва мудирони кафедрањо баргузор гардид. Мудири кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиї, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Ќурбонов Ќ.Б. љаласаро бо сухани ифтитоњї њусни оѓоз бахшида, изњори сипоси худро ба њамаи иштирокчиён барои ширкат дар кори семенари илмї баён намуданд. Вобаста ба мавзўъњои баррасишаванда ќайд намуданд, ки соњаи наќлиёт, њифзи муњити зист, истифодаи сарватњои зеризаминї соњаи муњими хољагии халќ буда, рушди он яке аз масъалањои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон дар даврони истиќлолият мебошад.
Сипас, аз рўйи барномаи семинар маърўзањои устодони љавони кафедраи зикргардида ассистентон Ќудбуддинов Ф.Ш., Ќурбонализода Фурќат, Муминзода О.С., Амренова Шогуна ва Буриев А.Р. шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моњияти маърўзањои хешро шарњ дода, тањќиќу омўзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Оид ба маърўзањои ќироатшуда саволу љавоб ва музокирањои тулонї сурат гирифтанд. Аз љумла, дар робита ба масъалањои баррасишуда дар саволу љавоб ва музокира профессор Ѓаюров Ш.К., дотсентон Мањмудов И.Т., Раљабов М.Н., Сафарзода А.И., асситентони љавон Соњибов М.М., Салихов З., Ќодиров Н. ширкат варзида, таклифу пешнињодњои судманд ироа намуданд.
Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни семенари илмї андешаю назари хешро оид ба пањлуњои мухталифи масъалањои баррасишуда баён намуданд. Дар умум вазъи кунунї ва дурнамои рушди ќонунгузории соњаи наќлиёт, њифзи муњити зист, истифодаи сарватњои зеризаминї мавриди баррасї ќарор дода шуда, роњњои њаллї ин проблемаҳо пешнињод шуд.
Дар фарљом изњори умед карда шуд, ки натиљањои кори семенари илмї барои такмили низоми њуќуќии кишвар аз њар љињат муфид ва самарабахш хоњад буд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07