Боиси ифтихору хушнудист, ки њамасола дар кишвари мањбубамон рўзи 1-уми сентябр њамчун «Рўзи дониш» дар тамоми муассисањои таълимї дар фазои тантанавї љашн гирифта мешавад. Ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ин љашни фархунда бо иштироки Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон санаи 1-уми сентябри соли љорї дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино дарси сулњу дониш баргузор гардид.
Пешвои муаззами миллат њамаи устодону омўзгорони муассисањои таълимї, хонандагону донишљўён, ањли маориф, кормандони соњаи тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии мамлакатро ба муносибати оѓози соли нави тањсил, «Рўзи дониш» ва дарси сулњ табрик намуданд.
Воќеан мо аз он шукргузорем, ки дар натиљаи амалї сохтани сиёсати њадафмандонаи Роњбарияти давлату Њукумати кишвар дар Љумњурии Тољикистон тамоми шароитњои арзанда барои аз бар кардани донишњои замонавї дар муассисањои таълимии њамзинањои тањсилот муњайё карда шуда, соњаи маориф яке аз соњањои афзалиятноки сиёсати иљтимоии кишвар эътироф гардидааст. Аз он хурсанду сарфарозем, ки дар шароити сулњу субот, оромию вањдати миллї бо чењрањои кушодаву рухсорањои болида ва ќалби лабрез аз мењру муњаббат ва шодию нишоти беандоза ба ояндаи неки сарзамини аљдодиамон боз ба дидори њам расида, Рўзи донишро истиќбол мегирем.
Моро месазад, ки љавобан ба ѓамхорињои рўзафзуни Њукумати кишвар ба хотири таъмини пешрафти Ватани мањбубамон софдилона мењнат кунем, хубу аъло тањсил намоем, арзишњои Истиќлолияти давлатї ва манфиатњои миллиро њифз намоем, зиракии сиёсиро аз даст надињем ва аз давлати соњибихтиёрамон ифтихор дошта бошем.
Лозим ба ёдоварист, ки дар факултети њуќуќшиносии ДМТ бо иштироки доираи васеи устодон, кормандон ва донишљўён тамошои пахши мустаќими таљлили Рўзи дониш ва дарси сулњ, ки аз љониби Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино ироа гашт, сурат гирифт.
Дар чунин лањзањои фарањбахш кулли омўзгорону профессорон, кормандону донишљўёни факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистонро ба ифтихори фарорасии «Рўзи дониш» ва соли нави тањсили 2018-2019 самимона табрику шодбош гуфта, барояшон иќболу саодатмандї, тансињативу хушрўзї, дастовардњои нави илмию таълимї, хониши хубу аъло ва хизмати арзандаву шоистаро ба нафъи гиромидошти Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон таманно менамоем.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07