Тањти ин унвон санаи 7-уми сентябри соли 2018 дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон бо иштироки доираи васеи омўзгорону аспирантон, олимон, кормандони маќомоти њифзи њуќуќ ва маќомоти дигари давлатї, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврї мизи мудаввари љумњуриявї баргузор гардид.
Мизи гирди мазкур дар арафаи таљлили муњимтарин љашнвораи миллї – таљлили 27-умин солгарди Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ташкил карда шуд.
Дар љамъомад мавзўъњои мубрам ва рўзмарраи њаёти њуќуќии кишвар шунида шуданд. Аз љумла: «Баъзе аз проблемањои инкишофи ќонунгузории гражданї дар даврони Истиќлолияти давлатї»; «Истиќлолияти давлатї ва рушди соњаи сайёњї»; «Истиќлолият – баќои таърихии миллат».
Баромадкунандагон мазмуну моњияти маърўзањои хешро шарњ дода, тањќиќу омўзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Оид ба маърўзањои ќироатшуда саволу љавоб ва музокирањо сурат гирифтанд. Аз љумла, дар робита ба масъалањои баррасишуда иштирокчиён баромад намуда, таклифу андешањои судманд пешнињод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни конференсия фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба пањлуњои мухталифи масъалањои баррасишуда баён намуданд. Дар маљмўъ таъкид карда шуд, ки рўзи Истиќлолияти давлатї барои миллати тољик арзишмандтарин ва муњимтарин љашнвора ба њисоб меравад. Бо шарофати Истиќлолияти давлатї мииллати тољик тавонист, ки дар арсаи байналмилалї чун миллати озод ва соњиби давлати мустаќил муаррифї гардад. Аз ин рў, њифзи Истиќлолияти давлатї, арзишњои миллї ва дастовардњои замони соњибихтиёрї барои њар як сокини худогоњу худшинос ва мењанпараст вазифаи имониву виљдонї ва ќарзи шањрвандї ба њисоб меравад. Дар даврони Истиќлолият низоми њуќуќии кишвар рушд намуда, хусусияти миллї касб намуд. Истиќлолияти давлатї боис гардид, ки мардуми тамаддунофару фарњангсолори тољик нахустин маротиба ба роњи раъйпурсии умумихалќї Конститутсияи кишварро ќабул намояд. Дар баробари ин, ќабули ќонунњои сирф хусусияти миллидошта – Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат», ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мањз ба даврони Истиќлолияти давлатї рост меоянд. Арзиши олї доштани инсон ва њуќуќу озодињои ў, тасдиќи бештари санадњои байналмилалї оид ба њуќуќи инсон ва дигар дастовардњои беназир дар бахши њуќуќу озодињои инсон аз комёбињоеанд, ки бо шарофати Истиќлолияти давлатї ба даст омадаанд. Аз ин рў, иштирокчиёни мизи мудаввар чун гавњараки чашм њифз намудани дастовардњои Истиќлолияти давлатиро вазифаи аввалиндараљаи тамоми ќишрњои љомеа, махсусан олимони њуќуќшинос арзёбї намуданд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07