Боиси хушнудї ва сарфарозист, ки дар факултети њуќуќшиносии ДМТ пайваста чорабинињои гуногуни илмї баргузор мегарданд.
Таърихи 5-уми октябри соли 2018 бо ташаббуси кафедраи забонњои хориљї мизи мудаввар дар мавзўи «Њамгироии илми забоншиносї бо љомеаи њуќуќї: мушкилот ва дурнамо» бахшида ба Рўзи забони давлатии ЉТ гузаронида шуд.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоњии декани факултети њуќуќшиносї, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Рањмон Д.С. оѓоз гардид. Мавсуф њузури мубораки њамаи иштирокчиёнро ба кори мизи мудаввар хайрамаќдам гуфта, ба кафедраи забонњои хориљї барои ташкил намудани чунин як чорабинии илмии сатњи баланд изњори сипос намуданд. Инчунин, эшон њамаи иштирокчиёни чорабинии илмиро ба муносибати Рўзи забони давлатии ЉТ самимона табрику тањният намуда, иброз доштанд, ки забон љавњари њастї ва баќои умри давлат буда, аз њар яки мо талаб менамояд онро муќаддасу гиромї нигоњ дорем ва бањри покизагиву муаррифии он пайваста талош намоем.
Сипас мудири кафедраи забонњои хориљї, дотсент Назарова З.А. бо сухани муќаддимавї баромад намуда, доир ба наќш ва мавќеи забони давлатї дар инкишофи илми њуќуќшиносї ибрози андеша намуд.
Баъдан кори мизи мудаввар дар асоси барномаи омодагардида идома ёфта, дар он маърўзањои докторони илмњои филологї Ќосимов О.Њ. ва Љўраева М.Р., номзади илмњои њуќуќшиносї Азизќулова Г.С., муаллими калон Сафаров Њ.С., аспирантон Сафаралиев Д.С. ва Пирзода П.Р. шунида шуда, эшон пешнињодњои судманди худро доир ба мавзўи омоданамудаашон иброз доштанд.
Дар умум мизи мудаввар муњимтарин масъалањои њаёти њуќуќї ва забонии кишварро фаро гирифта, бањри инкишофи минбаъдаи илми њуќуќшиносї мусоидат хоњад намуд.
Зимни музокирањо табодули афкори судманди иштирокчиён сурат гирифт. Дар фарљом изњори умед карда шуд, ки натиљањои кори мизи мудаввар барои такмили забони давлатї дар соњаи њуќуќ самарабахш хоњад буд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07