Аз он шоду сарфарозам, ки дар ин лањзањои бисёр гуворою таърихї дар радифи њазорњо дастпарварони бузургтарин муассисаи тањсилоти олии кишвар – Донишгоњи миллии Тољикистон имкон дорам, ки ба ифтихори таљлили љашни мубораки 70-солагии таъсиси он чанд сухани табрикотї иброз намоям.
Таъсиси Донишгоњи миллии Тољикистонро соли 1948 метавон яке аз дастовардњои беназир ва њодисаи фарањбахши њаёти сиёсї ва фарњангии миллати тољик дар ибтидои солњои 50-уми ќарни гузашта унвон кард. Аз замони таъсис то кунун Донишгоњи азизамон роњи басо пуршараф ва боифтихореро тай намуда, ба як макони муќаддаси илму маърифат ва маркази бонуфузтарини таълимї ва илмї-тањќиќотии кишвар табдил ёфтааст. Хизматњои анљомдодаи њайати профессорону омўзгорони ин боргоњи илму хирад дар самти тарбияи мутахассисони варзидаи соњањои гуногуни хољагии халќи мамлакат, анљом додани корњои илмї-тадќиќотии бунёдї ва арзишманд, иштироки фаъолона дар њаёти тарбиявї ва љамъиятии Ватани мањбубамон беназиранд.
Дар ин айём њазорон љавонони бонангу номус ва њисси баланди мењанпарастидошта донишгоњи мањбубамонро сарбаландона хатм намуда, бо дарки баланди масъулиятшиносї дар соњањои гуногуни афзалиятноки фаъолияти давлатї содиќона ва софдилона мењнат карда истодаанд. Имрўз соњаеро пайдо кардан мушкил аст, ки дар он кадрњои ДМТ фаъолият надошта бошанд.
Бо шарофати касби Истиќлолияти давлатї ва музафариятњои даврони соњибихтиёрии Тољикистони азиз самти њамкорињои байналмилалии донишгоњ густариш ёфта, дар ин миён бо бузургтарин муассисањои тањсилоти олии касбии хориљи кишвар шартномањои њамкории мутаќобилан судманди дуљониба дар самтњои барои њарду љониб муфид ба имзо расонида шудаанд. Дар воќеъ ДМТ шуњрати љањонї пайдо карда дар шароити кунунї ба як макони баргузории њаммоишњои илмии сатњи байналмилалї ва пазироии мењмонон ва шахсони расмии воломаќоми кишварњои хориљї мубаддат гаштааст. Шањодати тасдиќи ин гуфтањо онанд, ки танњо давоми солњои 2015-2018 Президентњои Љумњурии Исломии Афѓонистон, Љумњурии Озарбойљон, Љумњурии Њиндустон ва инчунин дигар шахсони мансабдори кишварњои хориљ ба Донишгоњи миллии Тољикистон ташриф оварда бо унвони профессори фахрии донишгоњ сарфароз гардонида шуданд.
Факултети њуќуќшиносї њамчун ќисми таркибии Донишгоњи миллии Тољикистон соли 1949 таъсис ёфта, яке аз марказњои асосї ва бонуфузи омода кардани кадрњои баландихтисоси соњаи њуќуќ ва олимони њуќуќшинос ба њисоб меравад.
Ин махзани илму маърифат дар татбиќи сиёсати њуќуќии давлат, иљрои барномаву стандартњои давлатї, омода кардани мутахассисони сатњи баланд ва раќобатпазири бозори мењнат, анљом додани корњои бунёдии илмї-тањќиќотї, тарѓибу ташвиќи ќонунгузорї, баланд бардоштани фарњанги њуќуќии ањолї наќши арзанда дошта, њамчун манбаи муњими тайёр кардани кадрњои баландихтисос барои соњањои гуногуни хољагии халќи мамлакат, аз љумла маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти судї, прокуратура, маќомоти њифзи њуќуќ, идоракунии давлатї, маќомоти худидораи мањаллї, хадамоти њуќуќии корхонаву муассиса ва ташкилотњо, бонкњо, ташкилотњои молиявї ва ќарзї, макотиби олии љумњурї баромад менамояд.
Айни замон дар факултети њуќуќшиносии ДМТ шумораи умумии омўзгорон 137 (20 нафараш зан) нафарро ташкил дода, барои иљрои корњои илмї-тадќиќотї 122 нафари онњо љалб карда шудаанд. Дар ќатори онњо 17 нафарашон доктори илми њуќуќ, профессор мебошанд, ки аз ин шумора 2 нафарашон Академики АИ ЉТ, 2 нафар узви вобастаи АИ ЉТ, 48 нафар дотсент (43 номзади илми њуќуќ, 3 нафар номзади илмњои филологї ва 2 нафар номзади илмњои педагогї), аз ин шумора 10 нафарашон зан), 12 нафар муаллими калон (1 нафари онњо зан ва 1 нафари онњо номзади илми њуќуќ) ва 57 нафар ассистент (7 нафараш зан ва 2 нафари онњо номзади илми њуќуќ) мебошанд.
Дар сохтори факултет 10 кафедраи тахассусї ва 1 кафедраи забонњои хориљї амал мекунанд, ки масъулияти асосии пешбурди фаъолияти таълимї, илмї ва тарбиявиро ба зимма доранд.
Бо дарназардошти инкишофи муносибатњои љамъиятї, эњтиёљоти соњањои гуногуни хољагии халќи кишвар ба кадрњои арзанда ва ворид шудани Тољикистон њамчун узви комилњуќуќи љомеаи љањонї ба фазои байналмилалї давоми солњои Истиќлолияти давлатї дар сохтори факултет якчанд ихтисосњои тахассусї оид ба омода намудани њуќуќшиносони байналмилалї, њуќуќшиносони бахши молия ва ќарз, њуќуќшиносони низоми муассисањои иљрои љазо, њуќуќшиносони соњаи идораи давлатї, эксперт-криминалистњо, њуќуќшиносон дар самти њифзи њуќуќи моликияти зењнї таъсис дода шуданд. Дар њоли њозир дар факултет ихтисосњои зерин фаъолият мекунанд; 24010200 (њуќуќшиносї); 24010100 (муносибатњои байналхалќї (њуќуќ); 26010200 (идораи давлатї ва њуќуќ); 93010100 (фаъолияти њифзи њуќуќ); 240030201 (танзими њуќуќии молия ва ќарз); 93010200 (экспертизаи судї); 24010218 (њифзи њуќуќии моликияти зењнї).
Мувофиќи маълумотњои расмї то њолати 25.10.2018 дар факултети њуќуќшиносии ДМТ бо назардошти тамоми ихтисос ва шуъбањои амалкунанда дар маљмўъ 4197 нафар донишљўён тањсил менамоянд. Аз ин шумора 2955 нафар дар шуъбаи рўзона ва 1242 нафар дар шуъбаи ѓоибона тањсил менамоянд.
Яке аз самтњои афзалиятнок ва муњими фаъолияти факултетро пешбурди њаёти таълимї ташкил медињад. Зимнан бояд иброз дошт, ки айни замон ихтисосњои амалкунандаи факултет пурра ба низоми тањсилоти кредитї гузашта, таълим аз рўйи низоми сезинагї: бакалавриат, магистратура ва доктори фалсафа (PhD) ба роњ монда шудааст. Њамзамон ихтисосњои амалкунандаи шўъбаи ѓоибона ва тањсилоти дуюми олї бошанд, ба низоми фосилавии тањсилот гузаштаанд. Дар ин замина тамоми наќша ва стандартњои таълимї оид ба ихтисосњои амалкунанда аз нав тањия ва ќабул карда шуда ба талаботи замони муосир мувофиќ гардонида шудаанд. Љараёни таълим ба таври мутташакилона ба роњ монда шуда, аз љониби садорати факултет пайваста тадбирњои муассир дар самти боло бардоштани сатњу сифати таълим, азхудкунии донишљуён ва ба илмњои замонавї фаро гирифта шудани донишљуён андешида мешаванд. Ба ин хотир соли 2015 «Барномаи рушди факултети њуќуќшиносї барои солњои 2015-2020» ќабул карда шуд, ки давра ба давра амалї шуда истодааст. Пояи кадрї, илмї, зењнї ва моддї-техникии факултети њуќуќшиносии ДМТ имкон фароњам меорад, ки барои дар низоми тањсилот ворид намудани усулњои нави таълим бо истифода аз дастовардњои технологияи иттилотиву иртиботї тадбирњои судманд роњандозї карда шавад. Барои ба тањсилоти замонавї фаро гирифтани донишљуён дар факултет тамоми шароитњои зарурї фароњам оварда шудаанд. Аксарияти синфхонањо бо доскањои электронї ва видеопроекторњо таъмин буда, гузашта аз ин дар факултет 4 синфхонањои электронии ба шабакаи љањонии Интернет пайваст фаъолият мекунад. Дар факултет маркази тестї ва мониторинги сифати таълим фаъолият менамояд, ки он ба беш аз 80 адад компютерњои замонавї насб буда, барои ба таври марказонидашуда ќабул намудани имтињонњо мусоидат менамояд. Дар факултет китобхонаи замонавї фаъолият менамояд, ки он бо ташаббусу мусоидати Раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон ва садорати факултети њуќуќшиносии ДМТ пурра аз нав таъмир карда шуда бо таљњизоти замонавї таъмин карда шудааст. Китобхонаи илмии факултет бо тамоми адабиёти илмиву таълимии замонавї ва маљаллањои илмиву рўзномањои даврї таъмин буда аз 1 толори хониш бо 64 љойи нишаст, њуљраи нигоњдории китобњо ва њуљраи хизматрасонї иборат мебошад. Фонди китобњои илмии китобхона то имрўз ба 25000 адад мерасанд, ки бо дастгирии садорати факултети њуќуќшиносї љамъоварї шуда, њамарўза аз он зиёда аз 3500 донишљўи факултети њуќуќшиносї ва дигар муассисањои тањсилоти олии кишвар истифода менамоянд. Ба маќсади баланд бардоштани сифати тањсилот ва њисси масъулиятшиносии омузгорон фаъолияти Шурои методии факултет ба роњ монда шуда, аз баргузории дарсњои кушод ва иштирок ба дарсњои њамдигарї њамчун омили дигари муњими баланд бардоштани сифати тањсилот васеъ истифода карда мешаванд.
Таъмини мутахассисони љавон ба љойњои кор низ яке аз дигар самтњои муњими фаъолияти факултет ба њисоб меравад. Бо маќсади ба кор таъмин намудани хатмкунандагони факултет давоми чанд соли охир аз љониби Раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон бо роњбарияти Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон ва роњбарони як ќатор маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои дигари давлатї шартномањои њамкорї ба имзо расонида шудаанд. Ин омил дар воќеъ самараи нек дода истодааст. Мањз натиљаи чунин њамкорињост, ки њамасола дар асоси ќарори комиссияи таќсимоти давлатии мутахассиони љавони беш аз 100 нафар дастпарварони факултет ба маќомоти судї, прокуратура, корњои дохилї, амнияти давлатї, агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, нотариат, мудофиа, адлия, системаи иљрои љазо, маќомоти иљроияи њокимияти давлатї, муассисањои тањсилоти олии касбї ва дигар сохторњои давлативу нињодњои љомеаи шањрвандї ба кор ќабул карда мешаванд.
Яке аз самтњои дигари афзалиятноки факултетро пешбурди корњои илмї-тањќиќотї ташкил медињад, ки факултет дар давраи њисоботї дар ин љода ба дастовардњои беназир комёб шудаст. Чун ќоида њар панљ сола наќшаи корњои илмї-тањќиќотии кафедрањо бо дарназардошти самт ва мавзуњои мубрами илми њуќуќшиносї тасдиќ карда шуда он ба мавќеи иљро вогузор карда мешавад. Дар факултети њуќуќшиносї тули солњои 2013-2017 аз љониби њайати омўзгорони кормандон беш аз 3058 маводњои илмї-таълимї ба табъ расидаанд, ки аз ин шумора 157 монография, 48 китоби дарсї, 247 воситаи таълимї, 177 дастури методї, 119 фишурда ва 2348 маќолањои илмию оммавиро ташкил медињад. Гузашта аз ин мувофиќи наќшањои баргузории конференсия, симпозиумњо ва дигар њаммоишњои илмї дар донишгоњ дар факултети њуќуќшиносї давоми солњои њисоботї беш аз 80 конференсињои гуногуни сатњи баланд бо иштироки доираи васеи олимони ватанї ва хориљї баргузор шудааст.
Ќобили зикр аст, ки дар факултети њуќуќшиносї маљаллањои илмї - иттиллоотии «Њаёти њуќуќї» (Правовая жизнь), «Давлатшиносї ва њуќуќи инсон» ва моњномаи «Минбари њуќуќшинос» фаъолият менамоянд, ки онњо бешак мояи ифтихоранд. Хурсандибахш аст, ки маљаллаи илмї - иттиллоотии «Њаёти њуќуќї» (Правовая жизнь) ба фењристи маљаллањои таќризшавандаи КОА Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия шомил шудааст. Яке аз самтњои муњими бахши илмро ин њимояи рисоалњои номзадї ва докторї ташкил медињанд. Танњо давоми солњои 2013-2017 42 нафар омўзгорон, аспирантон, унвонљуён ва кормандони факултет рисолањои номзадї ва докторї њимоя намуданд.
Гузашта аз ин аввалин маротиба баъди таъсиси КОА назди Президенти Љумњурии Тољикистон бо фармони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон аз 27 апрели соли 2017, №15 дар заминаи факултети њуќуќшиносї нахустин Шўрои диссертатсионии миллї 6D.КОА-002 барои дарёфти дараљаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос доир ба ихтисосњои 6D030100 - Њуќуќшиносї, 6D030200 - Њуќуќи байналмилалї ва 6D030300 - Фаъолияти њифзи њуќуќ таъсис ёфт. Таъсиси Шўрои миллї бо шарофати касби Истиќлолияти давлатї ва таъсиси КОА назди Президенти Љумњурии Тољикистон имконпазир гашта, заминањои боэътимоди њуќуќї-ташкилиро барои инкишофу пешрафти илми миллї ва њамзамон муаррифии илми тољик ба дунё бунёд мегузорад. Аз лањзаи расман ба фаъолият шуруъ намудани Шурои миллї то кунун (30.10.2018) 1 нафар рисолаи докторї ва 17 нафар рисолањои номзадї њимоя кардаанд.
Њайати устодон ва кормандони факултети њуќуќшиносї дар давраи њисоботї дар муњимтарин чорабинињои њаёти сиёсї, љамъиятї ва фарњангии кишвар фаъолона ширкат менамуданд. Аз љумла иштироки фаъолонаи омўзгорони љавон ва донишљуёнро дар машкњои љашнї бахшида ба таљлили бузургтарин љашворањои миллї, аз ќабили љашни Истиќлолияти давлатї, Рўзи вањдати миллї, Наврўзи байналмиллалї ва дигар чорабинињои муњими фарњангї метавон махсус ќайд намуд.
Дар ин давра иштирок ва сањми фаъолонаи як зумра устодони факултет ба сифати коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии ЉТ дар баргузории Интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон соли 2013, Интихоботи Парлумони кишвар соли 2015 ва Райпурсии умумихалќї љињати ворид намудани таѓйиру иловањо ба Конститутсияи ЉТ соли 2016 шоистаи тањсин аст. Гузашта аз ин сањми омўзгорони факултет ба њайси аъзо ва роњбарони гуруњи корї дар тарѓибу ташвиќи мазмуну моњияти Ќонунњои ЉТ «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар ЉТ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва шарњу тавзењи нуќтањои асосии Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон дар шањру ноњияњои мамлакат ќобили зкир аст. Як зумра устодони факултет дар љараёни њуќуќэљодкунї дар Тољикистон фаъолона иштирок намуда, аъзоёни гуруњњои корї оид ба тањияи як ќатор ќонуну кодексњо мебошанд. Бояд иброз намуд, ки дар робита ба банди 56 Наќша чорабинињо оид ба иљрои вазифањое, ки дар Паёми Перзиденти Љумњурии Тољикистон аз 22 декабри соли 2016 «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилию хориљии Љумњурии Тољикистон» зикр гардидаанд, ба зиммаи Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон дар якљоягї бо Прокуратураи генералї, Маркази миллии ќонунгузорї, Академияи илмњо ва Донишгоњи миллии Тољикистон (факултети њуќуќшиносї) омода ва пешнињод намудани лоињаи Консепсияи сиёсати њуќуќии Љумњурии Тољикистон вогузор карда шуда буд, ки омўзгорони факултети њуќуќшиносии ДМТ дар тањияи лоињаи «Консепсияи сиёсати њуќуќии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2018-2028» фаъолона иштирок намуда дар омода кардани лоиња сањми назаррас гузоштанд.
Яке аз самтњои дигари фаъолияти факултетро бахши њамкорињои дохилї ва байналмилалї ташкил медињад. Бо маќсади ба амал баровардани њамкорињои муфиди дуљониба факултети њуќуќшиносї бо маќомоти њифзи њуќуќ, вазорату кумитањои давлатї, донишгоњњо, марказњои илмию тадќиќотии љумњурї ва хориљї алоќаи устувори илмиро ба роњ мондааст. Аз љумла, имрўз факултети њуќуќшиносї бо Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии ЉТ, Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон, Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, Комиссияи интихобот ва раъйпурсї, Маркази миллии ќонунгузории назди Президенти Љумњурии Тољикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи ба номи А.Бањоваддинови Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, Донишгоњи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоњи давлатии дустии халќњои Федератсияи Россия, Донишгоњи давлатии њуќуќи Москва ба номи О. Е. Кутафин, Донишгоњи давлатии Санкт-Петербург, Мактаби олии иќтисодии шањри Москва, Донишгоњи миллии Ќазоќистон, Донишгоњи Бремен (Олмон), Донишгоњи миллии Ќирѓизистон ба номи Ж. Баласагина, Университети Прокуратураи генералии Федератсияи Россия њамкорињои устувор ва алоќањои зичи илмиро доро мебошад.
Барои сањми назаррас дар љодаи тарбияи кадрњо ва пешбурди њаёти илмиву таълимї як гуруњ омўзгорони факултет бо мукофотњои давлатї, ордену ифтихорномањо, мукофотњои соњавї ва дигар љоизањо сафарбар карда шудаанд.
Бо маќсади бењдошт ва такмили минбаъади фаъолияти факултети њуќуќшиносии ДМТ роњандозї намудани тадбирњои зерин дар оянда мувофиќи аќсад аст:
1. Ба истифодаи технологияи иттилоотї дар раванди таълим, фаъолияти илмї, баланд бардоштани сатњи донишњои иттилоотии донишљўён, аспирантон, магистрњо ва докторантон таваљљуњ зоњир карда мешавад.
2. Тадбирњои муассир ва амалисозии чорабинињои маќсаднок љињати баланд бардоштани нуфузу эътибори факултети њуќуќшиносї дар дохил ва хориљи кишвар андешида мешавад;
3. Њамкорињои мутаќобилаи судманди факултет бо маќомоти њифзи њуќуќ дар самти бозомўзї, табодули таљриба ва таљрибаомўзї ба роњ монда шуда, ташкил намудани дарсњои амалии сайёр дар секторњои њифзи њуќуќ дар назар дошта шудааст;
4. Нигоњдорї ва рушди шакли анъанавии таълим, дастгирї кардани таълимоти забони русї, англисї, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, дорандаи донишњои калидї дар соњаи фарњанги мутаќобилаи воќеъгардонии барномањои рушди њамкории русї- англисї, љамъоварии кадрњои илмї-омўзгории раќобатпазир дар донишгоњ, ташкил кардани муњити љалбкунандаи илмї-таълимї дар назар аст;
5. Такмил додани љараёни таълим мутобиќ ба стандартњои муосири касбї- илмї ва инкишоф додани намунаи таълими фосилавии факултет ба наќша гирифта шудааст;
6. Дар факултет коркард ва инноватсияи барномањои асосии таълимии бакалаврї, мутахассис, магистр, аз он љумла барномањо бо забонњои хориљї бо дарназардошти стандартњои байналмилалї дар дошта мешавад;
7. Такмил додани хизматрасонї дар китобхонаи факултет, таъмин намудани дастрасии донишљўён ва кормандон ба доираи васеи маълумотњои китобњои электронї;
8. Дар базаи факултети њуќуќшиносї таъсис додани лабораторияи илмї-тадќиќотии криминалистї;
9. Такмили системаи идоракунї, сохтори инноватсионї ва маълумотноккунї барои њалли масъалањои бартаридошта дар соњаи илм, тадќиќотњои илмї ва фаъолияти инноватсионї;
10. Инкишофи маданияти факултет њамчун маркази илмї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон љињати мусоидат намудан оид ба пањн гардонидани анъанањои бењтарини рушди халќи тољик дар муњити иљтимої, њуќуќї, маданї ва технологї, мустањкам намудани дўстї, муносибати дутарафа байни халќњои Љумњурии Тољикистон;
11. Љалби муассиса ва ташкилотњои пешбари Љумњурии Тољикистон барои гузаштани таљрибаомўзињои касбии донишљўён ва мусоидат љињати бо кор таъмин намудани хатмкунандагони факултет;
12. Васеъ намудани робитаи байналмилалї, љањоникунонии усули таълим ва дониш дар асоси њамкорї бо донишгоњњо ва дигар ташкилотњои хориљї, иштироки омўзгорон ва донишљўёни факултет дар лоињањои илмї ва таълимї;
13. Инкишофи њамкорињои стратегии факултети њуќуќшиносї бо ташкилотњои пешбари Тољикистон ва Русия, инчунин Осиёи Миёна ва љањон дар маљмўъ;
14. Ташкил намудани дарсњои факултативї дар факултет љињати такмили дониши забонии донишљўён ва омузгорон;
15. Љалби олимони варзида аз хориљи кишвар барои гузаштани дарсњои обзорї љињати ба роњ мондани њамкорињои мутаќобилан судманд дар бахши таълим;
Мавриди зикри хос аст, ки њайати устодону кормандони донишгоњ бо пуштибонии амиќ аз сиёсати њадафмандонаи Роњбарияти давлату Њукумати Тољикистон дар баргузории муњимтарин чорабинињои сиёсиву фарњангии умумиљумњуриявї фаъолона ширкат намуда, дар тарѓибу ташвиќи мазмуни ќонунгузорї ва баланд бардоштани фарњанги њуќуќии ањолї сањми арзанда доранд.
Банда аз он хушбахту сарфарозам, ки факултети њуќуќшиносии ДМТ-ро хатм намуда, бо амри таърих имрўз дар ин кохи нуру маърифат дар вазифаи масъул фаъолият карда истодаам. Мо њайати омўзгорону кормандони факултети њуќуќшиносї аз он ифтихормандем, ки дар ин лањзањои таърихии саршор аз мењру муњаббати самимї дар таъмини пешрафти њаёти таълимї, илмї ва тарбиявии Донишгоњ сањмгузорем.
Бо истифода аз ин лањзањои муносиб аз номи њайати устодону кормандон ва донишљўёни факултети њуќуќшиносї љашни 70-солагии таъсиси Донишгоњи миллии Тољикистонро дар симои Ректори донишгоњ, Академики АИ ЉТ муњтарам Имомзода М.С. самимона табрику шодбош гуфта, ба донишгоњи азизам роњи сафед ва фатњи ќуллањои баландро арзумандам.
Рањмон Дилшод Сафарбек
Декани факултети њуќуќшиносї
номзади илмњои њуќуќ, дотсент
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07