Соли 1948 дар њаёти илмиву мадании Тољикистон рўйдоди бузурге ба амал омад – Университети давлатии Тољикистон таъсис ёфт. Солњои аввали таъсис он Университети давлатии Тољикистон ном дошт, дорои 3 факултет буд ва дар он 250 нафар донишљў тањсил мекард. Соли равон аз таъсис ёфтани он 70 сол сипарї гардид ва имрўз донишгоњ дорои 19 факултет ва 117 кафедра мебошад. Дар донишгоњ зиёда аз бист њазор донишљў дар шуъбањои рўзонаву ѓоибона тањсил доранд. Њудуди њазор нафар устодони дорои дараљањои гуногуни илмї ба онњо дарс мегўянд. Ин нуктањоро Ректори Донишгоњи миллии Тољикистон, академик Муњаммадюсуф ИМОМЗОДА дар матлабе ба муносибати таљлил намудани 70-солагии ин боргоњи илму маърифат ба АМИТ «Ховар» баён дошт.
Матни пурраи андешањои Муњаммадюсуф Имомзодаро пешнињоди хонандагони сомона мегардонем.
Асосгузори сулњу вањдати миллї — Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон 24 октябри соли 2008 дар суханронии худ ба муносибати 60-солагии Донишгоњи миллии Тољикистон чунин баён доштанд: «Ин боргоњи илму маърифат њамчун яке аз марказњои бузурги таълиму тарбияи кадрњои миллї дар рушди илму маориф ва фарњанги кишвари соњибистиќлоли мо наќши хосса ва бузург дорад. Зеро њоло дар кишварамон соњае нест, ки дар он хатмкардагони донишгоњ фаъолияти пурмањсул надошта бошанд.
… Аз љумла ман низ хатмкардаи њамин боргоњи маърифат њастам ва аз ин ифтихор дорам».
Ба сифати муќаддимаи гуфтор ќарор додани ин суханони Пешвои муаззами миллат њадафи хос дар пай дорад. Чун Роњбари давлат ифтихор аз он доранд, ки хамткардаи Донишгоњи миллии Тољикистон мебошанд. Пас, имрўз њар як хатмкардаи ин донишгоњ ба маротиб бояд аз он ифтихор намояд, ки замоне ин даргоњро дар радифи Роњбари давлат ва дигар бузургфарзандони миллат хатм намудааст. Донишгоњи миллии Тољикистон 70-сола шуд. Њам дар гузаштаву њам имрўз дар садри муассисаи илмиву таълимии олии мамлакат буд ва хоњад монд. На танњо хатмкардагони ин даргоњ, балки бояд њар як хурду бузурги мамлакат ифтихор дошта бошад, ки ин даргоњи муќаддаси маънавї имрўзњо љашни њафтодсолагии худро таљлил менамояд. Имрўз дар кишварамон хонадоне нест, ки ягон пайванду алоќамандие ба Донишгоњи миллї надошта бошад. Махсусан, маќоми миллї пайдо кардани он дар замони истиќлол ба ин њукми мо гувоњ аст. Њафт дањсоларо паси сар кардани донишгоњ маънии онро дорад, ки ин таълимгоњи муњташами илму маърифат дар тарбияи чандин насл наќш гузоштааст.
Дар њаќиќат соли 1948 дар њаёти илмию фарњангии љумњурии мо рўйдоди бузург ба амал омад. Заминаи он аз 21 марти соли 1947 оѓоз мешавад, ки бо ќарори Вазирони ИЉШС оид ба таъсис додани Университети давлатии Тољикистон аз љониби Раиси Шўрои Вазирони ИЉШС И.Сталин ва Раиси умури идораи он П.Чадаев ба имзо расида буд.
Мавриди зикр аст, ки дар таъсиси ин донишгоњ наќшу талоши роњбари ваќти Њизби коммунистии Тољикистон аллома Бобољон Ѓафуров чашмрас мебошад. Мањз бо ташаббуси ин фарзанди фарзона ва ќањрамони миллат аз љониби КМ ЊК Тољикистон ва Шўрои Вазирони ЉШС Тољикистон ба вазири ваќти мактабњои олии ИЉШС С.Кафтанов мурољиат карда шуд, ки дар Тољикистон барои ташкили донишгоњ иљозат дињанду мусоидат намоянд. Чун донишу кордонї ва сухану мавќеи Б.Ѓафуров дар миќёси Иттињод маълум буд, ин пешнињод зуд пазируфта шуд.
Аввалин ректори донишгоњ бо пешнињоди С.В.Кафтанов олими шинохтаи тољик Зариф Раљабов интихоб гардид. Моњи августи соли 1948 донишгоњ 250 нафар донишљўёни аввалинро ба оѓўши худ фаро гирифт. Соли аввали таъсис донишгоњ њамагї се факултет дошт, ки аз рўи барномањову наќшањои таълимии аз Москва пешнињодшуда фаъолияташонро ба роњ мегузоштанд. Зариф Раљабов ба ин даргоњ бењтарин устодону олимонро љалб мекард. Михаил Степанович Андреев ва Александр Александрович Семёнов аз љумлаи бузургтарин олимону нахустустодоне буданд, ки дар миќёси Иттињоди Шўравї манзалату нуфуз доштанд. Њамин тавр, дар аввалин соли таъсис донишгоњ бо се факултаву сенздањ кафедра ба таълиму тањќиќ оѓоз кардааст. Аз оѓоз дар ин даргоњ љиддияту масъулият дар пояи баланд ќарор дошт. Номзадии њар як мудири кафедраро дар Вазорати маълумоти олии ИЉШС, дар Москва тасдиќ мекарданд. Олимону мутахассисони арзанда ба тадрис интихоб мегардиданд.
Дар ташкили Донишгоњи давлатии Тољикистон марказњои бузурги илмиву таълимии Иттињоди Шўравї, ба монанди Донишгоњи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, Донишгоњи давлатии Санкт-Петербург, Донишгоњи давлатии Ўзбекистон, Донишгоњи давлатии Ќазон, Донишгоњи давлатии Ќазоќистон ва амсоли он наќш доштанд. Дар ин самт кумаку мусоидатњои нахустин донишкадаи олии Тољикистон – Институти омўзгории ба номи Т.Г.Шевченко истисно буда наметавонад. Донишгоњи навтаъсис дар кўтоњтарин фурсат неруи худро ќавї менамуд. Дар љалби устодону олимони варзидаи марказњои бузург ва кадрњои мањаллї роњбарияти донишгоњ кўшишњои зиёд мекард. Ин буд, ки профессорони шинохта А.А.Семёнов, М.С.Андреев, В.А.Ратсиборский, С.Ф.Машковтсев чун роњнамои олимону мутахассисони мањаллї бо садоќатмандї дар тарбияи кадрњо њисса мегузоштанд.
Ш.Њусейнзода, Б.Ниёзмуњаммадов, Њ.Каримов, Ф.М.Меринг, М.Ш.Шупикова, К.А.Богомолова, Ф.С.Павлюк, К.Н.Гаврилкин, С.Д.Арзуманов, Т.Каримов ва дигарон аз нахустин олимону устодони мањаллї ба шумор мерафтанд. Заминаи илмиву таълимї бо низоми хос ќавї мегардид. Чунончи дар давоми солњои ректории З.Раљабов (1948-1954) дар шўроњои дифои донишгоњ 30 нафар унвонљў, ки бештаринашон аз њисоби кадрњои мањаллї буданд, рисолањои худро дифоъ карданд. Соли 1951 аввалин конфронси илмии донишљўён баргузор гардида буд, ки шоњроњи илму тањќиќи донишгоњро асос мегузошт.
Донишгоњ соли аввали таъсис бо душворї дар бинои донишкадаи омўзгорї фаъолият мекард. Соли 1949 бинои собиќ кумитаи њизбии вилояти Сталинобод ба ихтиёри донишгоњ дода шуд, ки то њол њамчун симои донишгоњ бо номи бинои марказї барои њамагон маълум аст.
Инкишофу камол ёфтани ин даргоњи имрўз бузургу муќаддаси миллат осон набуд. Њамаи дарсњо дар ин бино дар се баст аз соати њашт то бистусеи шаб идома меёфт. Бо гузашти ваќт барои донишљўёну аспирантону устодони донишгоњ хобгоњњо бунёд мегардиданд. Теъдоди донишљўёну устодону муњаќќиќон сол то сол меафзуд. Агар соли нахустини таъсис донишгоњ њамагї 250 нафар донишљў дошта бошад, соли тањсили 1970-1971 ин теъдод то ба 12 њазору 467 нафар расидааст, ки дар замони пурљўшу хурўши шўравї яке аз солњои сердонишљўтарин будани ин донишгоњро нишон медињад. Давоми фаќат дањ соли аввали фаъолияти шўроњои њимоя (1951-1960) як њазору сиву ду нафар рисолањои худро дифоъ карда буданд. Донишгоњ дар тањќиќу пажўњишњо мустаќил мегашт ва шўрои илмии донишгоњ аввалин маротиба соли 1952 унвони профессориро ба С.Юсуфова додааст.
Маълум аст, ки дар даврањои гуногун роњбарони донишгоњ бо донишу мањорату кордонии худ дар пешрафту шукуфоии донишгоњи бузурги кишварамон њиссаи сазовор гузоштаанд. Аввалин ректори донишгоњ Зариф Раљабов (27.02.1948- 20.01.1954) бо њамроњии ноибони худ- олимони шинохта С.Табаров ва Н.К.Гаврилкин дар пойдевори ташаккули донишгоњ сањми сазовор гузоштаанд. Баъдан дар солњои гуногун ректорњои дигари донишгоњ Ибодулло Назриќулов, Солењ Раљабов, Пўлод Бобољонов, Талбак Назаров, Исмоил Давлатов, Фозил Тоњиров, Њабиб Сафаров, Њайдар Сафиев, Саидмуњаммад Одинаев, Нуриддин Саид ва Њаёт Одинаев роњбарии ин муассисаи бузургро ба дўш доштанд. Хидмати њар кадоми онњо дар пешрафти донишгоњ бузург мебошад ва корнамоиву наќши онњо кайњо боз бо њарфњои заррин дар сањифањои таърихии донишгоњ сабт ёфтаанд.
Истиќлолияти кишвар ба донишгоњи азизамон низ истиќлолу болу пар бахшидааст. Мањз дар замони истиќлол ин маркази бузурги илмиву таълимї ба Донишгоњи миллї табдил ёфт. Насими истиќлоли кишвар дар иќтидору нуфузи донишгоњ таъсири љиддї мегузошт.
Бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 15 феврали соли 1997, №669 ин даргоњи муќаддас Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон ва аз 28 октябри соли 2008, №556 Донишгоњи миллии Тољикистон номгузорї карда шуд. Теъдоди факултету кафедрањо афзоиш меёфт. То соли 1990 донишгоњ њамагї 13 факултет дошт. Имрўз донишгоњ дорои 19 факултет ва 117 кафедра мебошад. Фаќат дар солњои 1990-1995 теъдоди шўроњои њимоя аз 5 то 11 адад афзудааст. Дар донишгоњ феълан њудуди зиёда аз 24 њазор нафар донишљў дар шуъбањои рўзонаву ѓоибона тањсил доранд. Њудуди њазор нафар устодони дорои дараљањои гуногуни илмї ба донишљўён дарс мегузаранд. Имрўз дар донишгоњ 13 академик, 14 узви вобаста, 152 профессор ва 525 дотсент фаъолият доранд, ки ин иќтидори бузурги донишгоњро бозгў менамояд.
ДМТ бо равияи таълимиву тањќиќии худ дар аввалин дањсолаи истиќлолият марњилаи ташаккул ва суръатафзоиро паси сар кардааст. Илму тањќиќ дар сохтори донишгоњи мазкур мавќеи густурдаеро соњиб мебошад. Соли 2016 њангоми вохўрии Пешвои миллат бо зиёиёни кишвар тањияи Консепсияи рушди Љумњурии Тољикистон то соли 2050 таъкид гардид, ки дар иљрои ин консепсия наќши ДМТ хеле бузург буда метавонад. Зеро иќтидори илмиву зењнии донишгоњ дар ќиёс бо дигар марказњои таълимиву тањќиќї хеле калон аст. ДМТ он ошёне буд ва њаст, ки хатмкардањои он дар тамоми љабњањо фаъол мебошанд ва дар фатњи ќуллањои бузург муваффаќ гардидаанд. Дар амал татбиќ гардидани коркардњои илмии донишгоњ баъд аз солњои 2000 суръати хос пайдо кардааст.
Феълан Донишгоњи миллии Тољикистон бо зиёда аз 240 муассисаи таълимию илмии кишварњои хориљї шартномањои њамкорї дорад. Аз љумла, бо кишварњои Афѓонистон, Покистон, Лаос, Ветнам, Чин, Австралия, Германия, ИМА, Россия, Беларус ва дигар кишварњои Осиёву Африќо ва Аврупову Амрико робитањои судманди донишгоњ барќарор аст. Чандин роњбарони давлатњои дуру наздик дар замони истиќлолият мењмонони фахрии донишгоњи миллї шудаанд. Мулоќоту суњбатњо бо намояндагони баландпояи корпусњои дипломатї, сафирон ва намояндагони созмону ташкилотњои бонуфузи байналхалќї дар донишгоњ падидаи маъмулї мебошад. Табодули устодону аспирантон бо донишгоњњои хориљи кишвар рўз то рўз тавсеа меёбад. Имрўз љавонони зиёда аз понздањ кишвари љањон дар Донишгоњи миллї тањсил доранд. Аз соли 2009 инљониб маркази омўзиши забонњо барои шањрвандони хориљї амал менамояд.
Дар Донишгоњи миллии Тољикистон дар замони истиќлолият мактабњову равияњои хоси илмї ташаккулу такмил ёфтаанд. Имрўз мактабњои илмї дар соњаи химия, биология, геология, физикаву математика, педагогика, фалсафа, љомеашиносї, сиёсатшиносї, њуќуќ ва таърих, филология, шарќшиносї ва журналистика амал менамоянд, ки, аллакай, ба шоњроњи бузурги таълимиву илмї табдил ёфтаанд. Шогирдони ин мактабњо на танњо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ тавонистаанд соњиби мавќеи шоиста шаванд. Имрўз њар фарди ба донишгоњ алоќаманд ба дурнамоми неки рушди тањсилот ва илму тањќиќ дар ин даргоњ эътимод дорад ва дар ин роњ сањм низ мегузорад. Имрўз дар назди ДМТ Институти илмию тадќиќотї, маркази биотехнологї, парки технологї, литсеи равияи табиию риёзї, китобхонаи илмї, нашрияи донишгоњї, маркази табъу нашр, баргардон ва тарљума, матбааи донишгоњ ва амсоли он амал менамоянд, ки маљмўан иќтидору неруи донишгоњи муќтадири љумњурї ба њисоб мераванд.
Мояи шарафмандии мост, ки аз аввалин рўзњои фаъолияти роњбарияшон Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Донишгоњи миллии Тољикистон таваљљуњи беандоза доранд. Чандин маротиба мењмони донишгоњи азизамон гаштаанд ва суњбату мулоќоти самимонаро бо донишљўёну устодони ин даргоњ анљом додаанд. Мањз бо кумаку мусоидати Пешвои миллат донишгоњ дар замони истиќлолият соњиби чандин хобгоњњои замонавї ва биноњои нави таълимї гардидааст. Ба самти тарбияи кадрњо ва рушду инкишофи илм дар ин даргоњ таваљљуњи доимї доранд. Боз њам ифтихори њар яки мост, ки аксари кадрњои роњбарикунандаву баландпояи љумњурї хатмкардагони ДМТ мебошанд. Донишгоњ имрўз маркази тавонманди идеологї ба њисоб меравад. Дар рушди фарњангу маънавиёти љомеа наќши амиќро соњиб аст. Дар тарбияи ватандўстии љавонон, ки насли ояндасози ватанамон мебошанд, наќши густурда дорад.
Албатта, дар чанд сањифа наметавон тамоми пањлуњои фаъолияти имрўзу гузаштаи донишгоњро фаро гирифт. Он чи дар боло зикр карда шуд, танњо нигоњи умумиву мухтасари шинохти ин донишгоњ аст ва дастоварду комёбињои он давоми њафтод сол беназиру бењудуд мебошанд. Таърихномаву хислатномаи ин донишгоњи бузург дањњо љилд китоб аст. Бо ин њама бори дигар 70-солагии Донишгоњи миллии Тољикистонро ба кулли њамватанон табрик мегўем ва орзуманди он њастем, ки ин даргоњ бо камоли ояндаи худ садсолањо барои миллату давлатамон хидматњои шоиста анљом дињад.
Имомзода М.С. – ректори Донишгоњи миллии Тољикистон,
доктори илмњои филология, профессор, узви пайвастаи
Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон,
Президенти Ассотсиатсияи донишгоњњои Осиё
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07