Таърихи 3-юми ноябри соли 2018 дар факултети њуќуќшиносии ДМТ конфренсияи љумњуриявии илмї-амалї дар мавзўи «Масъалањои мубрами њуќуќи конститутсионї ва њуќуќи маъмурї дар Љумњурии Тољикистон» бахшида ба 24-юмин солгарди ќабули Конститутсияи ЉТ баргузор гардид.
Конференсияи мазкурро декани факултети њуќуќшиносї, номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Д.С. њусни оѓоз бахшида, њозиринро бахшида ба 70-умин солгарди таъсиси Донишгоњи миллии Тољикистон ва 24-умин солгарди ќабули бахтномаи миллат – Конститутсияи ЉТ табрику шодбош намуданд.
Дар он олимони ватанї, мутахассисон, кормандони маќомоти давлатї, омўзгорон, аспирантону унвонљўён иштирок намуда, масъалањои мубрами њуќуќи конститутсионї ва маъмуриро мавриди баррасї ва муњокима ќарор доданд. Аз љумла дар чорабинии мазкур мавзўъњои зерин баррасї карда шуд: таъсири Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва дигар санадҳои байналмилалї оид ба ҳуқуқи инсон дар танзими конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои инсон; наќши Конститутсия дар тањкими адолати иљтимої; асосњои конститутсионии њуќуќ ба моликият ба манзили истиќоматї (дар мисоли шартномаи иштироки њиссагї дар сохтмони манзили истиќоматї); конститутсияи миллї ва мавќеи маќомоти прокуратура дар низоми њокимияти давлатї рољеъ ба баъзе муаммоњои танзими конститутсионї-њуќуќии санади маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї; Президенти ЉТ њамчун њомии Конститутсия ва њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд; њуќуќи конститутсионї дар низоми донишњои назариявии роњбарони маќомоти дохилии ЉТ; фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар доираи меъёрҳои конститутсионӣ ва ѓ.
Зимни баррасии мавзўъњои зикргардида аз љониби олимон ва мутахассисон пешнињодњо оид ба мукаммал намудани ќонунгузории ЉТ иброз карда шуд. Ќайд гардид, ки маќомоти давлатї, корхонаву ташкилотњо, шахсони воќеї ва њуќуќї бояд дар амалї намудани сиёсати давлатї дар самти таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, ба роњ мондани тарбияи њуќуќї, шуури њуќуќї ва фарњанги њуќуќї, инчунин ба роњ мондани ќонунияти конститутсионї фаъолона иштирок намоянд.
Дар фарљоми конференсия иштирокчиён ќатънома ќабул намуданд. Зимни ќабули ќатънома онњо иброз доштанд, ки ќатъномаи мазкур ба такмили ќонунгузории соња равона шуда, натиљањои он дастраси нињодњои дахлдори давлатї карда мешавад.
Дар охир изњори умед карда шуд, ки конференсияи мазкур дар инкишофи њуќуќи конститутсионї ва маъмурї, инчунин ќонунгузории соњаи мазкур наќши арзандаи худро хоњад гузошт.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07