Таърихи 9-уми ноябри соли 2018 дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон Форуми дуюми њуќуќшиносони љавон баргузор гардид.
Форуми мазкур бо сухани ифтитоњии ректори ДМТ, академики Академияи илмњои ЉТ Имомзода Муњаммадюсуф оѓоз гардид. Мавсуф зимни ирои сухани ифтитоњии хеш њозиринро ба муносибати 70-умин солгарди таъсиси Донишгоњи миллии Тољикистон ва 24-умин солгарди ќабули бахтномаи миллат – Конститутсияи ЉТ табрику шодбош намуда, муваффаќият ва пирўзии њар як иштирокчиро дар кори Форум таманно намуд.
Сипас, декани факултети њуќуќшиносї, номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Дилшод Сафарбек бо сухани шодбошї баромад намуда, баргузории чунин чорабинии сатњи баланди илмиро асос барои тарбия намудани мутахассисони сатњи баланд маънидод карда, ба Раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон љињати дастгирї ва баргузории он изњори сипос намуданд.
Дар кори форуми мазкур намояндагони маќомоти њокимияти давлатї, олимон ва муҳақќиқони ҷавон, аъзои маҳфилҳои илмӣ ва донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, аз ҷумла Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши назди Њукумати ЉТ, Донишгоњи славянии Тољикистон ва Россия, Академияи ВКД ҶТ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев иштирок намуданд.
Дар љаласаи пленарии Форум зиёда аз 17 маърўза дар мавзўъњои гуногуни њуќуќї, ба мисли наќши Консепсияи сиёсати њуќуќии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2018-2028 дар рушди ќонунгузории миллї, Конститутсия ва масоили фароњамоварии муњити конститутсионї дар давлат, далелњо ва исботкунї дар мурофиаи судї-маъмурї, заминањои конститутсионї ва њуќуќии рушди љомеаи шањрвандї дар ЉТ, њолати њуќуќии истифода ва њифзи захирањои обї дар ЉТ, сиёсати њуќуќи љиноятии ЉТ дар соњаи муќовимат бо муомилоти ѓайриќонунии воситањои нашъаовар, моддањои психотропї ва прекурсорњо, тањлили њуќуќии анъана ва љашну маросимњои миллї дар ЉТ ва ѓ. пешнињод ва мавриди баррасї ќарор гирифтанд.
Форум кори худро дар се бахш ба роњ монда, дар он зиёда аз 150 маърўза бо забонњои тољикї, русї ва англисї дар шакли бевосита ва ѓоибона пешнињод гардиданд. Маърўзањои мавриди баррасї ќарор гирифта масъалањои зеринро фарогир буданд:
Зимни баррасии мавзўъњои зикргардида аз љониби олимон ва муњаќќиќони љавон пешнињодњо оид ба инкишофи соњањои мухталифи њуќуќ ва мукаммал намудани ќонунгузории миллї иброз карда шуд. Ќайд гардид, ки маќомоти давлатї, корхонаву ташкилотњо, шахсони воќеї ва њуќуќї бояд дар амалї намудани сиёсати давлатї дар самти таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, ба роњ мондани тарбияи њуќуќї, шуури њуќуќї ва фарњанги њуќуќї фаъолона иштирок намоянд.
Дар фарљоми Форуми дуюми њуќуќшиносони љавон иштирокчиён ќатънома ќабул намуданд. Зимни ќабули ќатънома онњо иброз доштанд, ки ќатъномаи мазкур ба такмили ќонунгузории миллї равона шуда, натиљањои он дастраси нињодњои дахлдори давлатї карда мешавад.
Дар охир изњори умед карда шуд, ки форуми мазкур дар баланд бардоштани сатњи донишњои њуќуќии мутахассисони соња, инкишофи соњањои гуногуни њуќуќ ва мустањкам намудани ќонунгузории Љумњурии Тољикистон наќши арзандаи худро хоњад гузошт.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07