Тањти ин унвон санаи 8-уми декабри соли 2018 дар факултети њуќуќшиносии ДМТ бахшида ба 70-умин солгарди ќабули Эъломияи умумии њуќуќи инсон конференсияи байналмилалии илмию амалї баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавии факултети њуќуќшиносии ДМТ ва маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон доир карда шуд.
Конференсияи байналмилалии илмию амалї бо сухани ифтитоњии ректори ДМТ, академики Академияи илмњои ЉТ Имомзода Муњаммадюсуф Сайдалї оѓоз гардид. Мавсуф зимни ироаи сухани ифтитоњии хеш њозиринро ба муносибати 70-умин солгарди ќабули Эъломияи умумии њуќуќи инсон табрику шодбош намуда, иброз намуданд, ки баргузории чунин чорабинињои сатњи баланди илмї дар инкишофи низоми њуќуќии кишвар ва боло бурдани маърифати њуќуќии ањолї наќши боризи худро мегузорад.
Сипас, декани факултети њуќуќшиносии ДМТ, номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Дилшод Сафарбек бо сухани шодбошї баромад намуда, наќш ва мавќеи Эъломияи умумии њуќуќи башарро дар инкишофи ќонунгузории байналмилалї ва миллї дар самти њуќуќи инсон баланд арзёбї намуд. Мавсуф зимни ироаи сухани шодбошї ќайд намуд, ки ЉТ дар самти њуќуќи инсон ба дастовардњои беназир ноил гардидааст, ки дар ин кор сањми Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти ЉТ, муњтарам Эмомалї Рањмон хеле бузург аст. Таъсиси маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, Ваколатдор оид ба њуќуќи кўдак ва дигар сохторњое, ки бевосита ба њуќуќи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусњои Пешвои миллат дар бахши тањкими маќому манзалати инсон ва њуќуќу озодињои њар фард мебошанд. Бинобар њамин, баргузории конференсияи мазкурро идомаи сиёсати давлатии Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти ЉТ, муњтарам Эмомалї Рањмон дар самти њуќуќи инсон унвон намуданд ва ба њозирин дар кори конференсия барору комёбї таманно карданд.
Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон Зариф Ализода ќайд намуд, ки яке аз самтњои муњимми фаъолияти онњоро њамкорї бо нињоду сохторњои илмї ташкил медињад. Аз ин рў, имсол тасмим гирифта шуд, ки 70-солагии Эъломияи умумии њуќуќи инсон дар якљоягї бо факултети њуќуќшиносии ДМТ љашн гирифта шавад.
Дар кори конференсия олимони маъруфи ватаниву хориљї, вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии ЉТ, кормандони маќомоти судї, прокуратура, намояндагон аз вазоратњои адлия, корњои дохилї ва дигар маќомоти њифзи њуќуќ, намояндагони муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар, ВАО ва нињодњои љомеаи шањрвандї, инчунин устодону кормандони факултети њуќуќшиносї иштирок намуданд.
Дар љаласаи пленарии конференсия зиёда аз 15 маърўза дар мавзўъњои гуногуни њуќуќї, ба мисли наќши Эъломияи умумии њуќуќи башар дар инкишофи њуќуќи инсон, мушкилоти њуќуќи инсон дар раванди љањонишавї, 70 соли Эъломияи умумии њуќуќи башар ва стандартњои байналмилалї оид ба њуќуќи инсон, њуќуќи инсон тибќи арзишњои динї-њуќуќии исломї, тањлили илмї-муќоисавии Эъломияи умумии њуќуќи инсон ва Конститутсияи ЉТ, пайдоиши њуќуќњои нави инсон ва инъикоси онњо дар ќонунгузорї, таъсири равандњои љањонишавї ба низоми њуќуќи миллї, амнияти давлат њамчун асоси мањдудсозии њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, инъикоси њуќуќи инсон дар сарчашмањои нодири таърихї-њуќуќї ва ѓ. пешнињод ва мавриди баррасї ќарор гирифтанд.
Конференсия кори худро дар се бахш ба роњ монда, дар он зиёда аз 60 маърўза бо забонњои тољикї ва русї дар шакли бевосита ва ѓоибона пешнињод гардиданд. Маърўзањои мавриди баррасї ќарор гирифта фарогири масъалањои мубрами назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ; њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї, њуќуќи байналмилалї, ҳуқуқи конститутсионӣ; гражданї, љиноятї, маъмурї, механизмњои миллї ва байналмилалии њимояи њуќуќи инсон буданд.
Зимни баррасии мавзўъњои зикргардида аз љониби олимон пешнињодњо оид ба инкишофи соњањои мухталифи њуќуќ ва мукаммал намудани ќонунгузории миллї ироа карда шуд. Ќайд гардид, ки Конститутсияи ЉТ њуќуќу озодињои инсонро арзиши олї эълон кардааст. Аз ин рў, риояи њуќуќу озодињои инсон бояд мењвари фаъолияти маќомоти давлатї, корхонаву муассиса, шахсони воќеї ва њуќуќиро ташкил дињад.
Иштирокчиён баргузории чунин конференсияи сатњи баландро нишон аз Вањдати миллї, тинљиву амонї ва самараи Истиќлолияти давлатї арзёбї намуда, таъкид карданд, ки арзиши олї эълон шудани инсон ва њуќуќу озодињои ў мањз самараи даврони соњибихтиёрї аст.
Дар фарљоми конференсияи байналмилалї иштирокчиён ќатънома ќабул намуданд. Таъкид гардид, ки таклифу пешнињодњо ва натиљањои конференсия барои такмили ќонунгузорї ва рушди низоми њуќуќии кишвар ба маќомоти дахлдори давлатї дастрас карда ме шаванд.
Изњори умед карда шуд, ки конференсияи мазкур дар баланд бардоштани сатњи донишњои њуќуќии мутахассисони соња, инкишофи соњањои гуногуни њуќуќ ва тањкими ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар самти њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд наќши арзандаи худро хоњад гузошт. Иштирокчиён таъкид доштанд, ки новобаста аз гуногунии миллату халќиятњо, дину мазњаб, ранги пуст ва дигар аломатњои иљтимої миллати ягона, дину мазњаби ягона сокинони сайёраро бо њам мепайвандад, ки он њуќуќи инсон инсон аст.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07