Инак, боз ба диёри кўњанбунёду ганљрез ва сарзамини таърихиву њосилхези тољикон Наврўз омад. Наврўз аз бузургтарин, зеботарин ва муќаддастарин љашни миллии тољикон ба њисоб рафта, аз миллати куњанбунёду таърихї ва соњибтамаддуну фарњангсолор будани тољикон башорат медињад. Ин љашни бошукўњ мувофиќи таълимоту андешаи соњибназарон таърихи беш аз шашњазорсола дошта, њамчун мероси бою пурѓановат аз ниёгон бароямон мерос мондааст. Бо шарофати Истиќлолияти давлатї ва соњибихтиёрии миллї маќому манзалати Наврўз њамчун мањбубтарин љашн, оин, анъана ва русуми миллї сатњу сифати навро касб намуда, бо кўшишу зањмат, ибтикороту ташаббусњои бевоситаи созандаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон маќоми байналмилалї пайдо кард.
Наврўз миёни миллати тољик аслан њамчун рамзи бедории табиат, фарорасии бањор, оѓози кишту кор, ободкорї, тозагию бунёдкорї ва мењнати њалолу фидокорї шинохта мешавад. Аз ин љост, ки њамасола дар арафаи љашни Наврўзи хуљастапай, ки ба оѓози фасли нозанини сол – бањори гулбасар, бедории табиат ва мавсими кишту кор рост меояд, корњои ободониву бунёдкорї ва созандагї вусъати тоза пайдо мекунанд. Ба ин хотир, ин љашни пуршукўњ ва оламафрўз дар тамоми гушаву канори Љумњурии Тољикистон аз љониби сокинони зањматќарину фидокор, бедордилу ватандўст бо як љањон суруру шодмонї, хушию хурсандї ва ќалби лабрез аз фарању шодї бо роњи оростани дастархони њафтсину њафтшин, доир намудани маъракањои миллии бузкашию гуштингирї, анљоми амалњои хайру савоб ва љавонмардона пешвоз гирифта мешавад. Мо шодем, ки имрўзњо ба ифтихори таљлили сазовору арзандаи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар миќёси кишвар њамчун нишони эњтирому дастгирї аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон корњои ободониву созандагї, сохта ба истифода додани объектњои таъиноти иљтимоидошта, тозагии муњити атроф, кабудизоркуниву нињолшинонї вусъати бесобиќа пайдо карда бомаром идома доранд.
Пас, месазад, ки дар арафаи таљлили љашни Наврўзи оламафрўз ба якдигар оѓўши муњаббату бародарї кушоем ва њамчун рамзи садоќат ба Ватани мањбуб, миллати сарбаланд ва сиёсати бобарори Сарвари мањбуби кишварамон бо дарки баланди масъулияти шањрвандї ва ќарзи инсонї ба корњои созандагию бунёдкорї рў оварда, дар ободу зебо гардонидани њар як гўшаи Тољикистони азиз сањм гузорем.
Дар чунин лањзањои фарањбахш садорати факултети њуќуќшиносї бо камоли эњтиром устодону кормандон ва донишљўёни Донишгоњи миллии Тољикистон ва кулли мардуми шарафманди Тољикистонро ба фарорасии љашни байналмилалии Наврўзи оламафрўз ва бањори дилафрўз самимона табрику тањният гуфта, барояшон саломативу сарбаландї, бахту саодат, ободиву осоиш, иќболи баланду комёбињоро таманно менамояд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07