Факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон чун даргоњи бузурги илму маърифат дар омода намудани мутахассисони соњибтаљрибаву ватандўст сањми боризро иљро менамояд. Боиси хушнудї ва сарфарозист, ки солњои охир устодони факултети њуќуќшиносї бо дарки масъулияти баланди касбї рисолањои илмии худро сарбаландона њимоя намуда, хазинаи факултетро аз њисоби устодони унвондор бештар менамоянд. Аз љумла, санаи 28-уми марти соли 2019 ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судї Раљабов Комрон Давлатович рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Масъалањои њуќуќии љиноятї ва криминологии мубориза бар зидди тамаъљўї» (аз рўи ихтисоси 12.00.08 – њуќуќи љиноятї; криминалогия ва њуќуќи иљрои љазои љиноятї) ва ассистенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ Шарифзода Саъдї Шариф рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Шаклњои амалишавии функсияњои давлати Тољикистон дар марњилаи муосир» (аз рўи ихтисоси 12.00.01 – назария ва таърихи њуќуќ ва давлат; таърихи таълимоти њуќуќї ва сиёсї (илмњои њуќуќшиносї) дар Шўрои диссертатсионии миллии назди факултети њуќуќшиносии ДМТ сарбаландона дифоъ намуданд.
Садорати факултети њуќуќшиносї, устодону кормандон ва донишљўёни ин даргоњи муќаддас К.Д. Раљабов ва С.Ш. Шарифзодаро бо ин дастовардашон самимона табрик намуда, ба онњо тансињативу хушрўзї, саодатмандию пирўзї, бурдборињои беназирро дар љодаи илм ва ба хотири пешрафти Ватани азизамон таманно доранд!
Лозим ба ёдоварист, ки ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судї Раљабов Комрон Давлатович рисолаи номзадиашро пеш аз муњлат дифоъ намуд. Мувофиќи Низомномаи тайёр кардани кадрњои имлї ва кадрњои илмию омўзгорї дар Донишгоњи миллии Тољикистон барои пеш аз муњлат дифоъ намудани рисолаи номзадї Раљабов К.Д. бо мукофотпулї ќадрдонї мегардад.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07