Баннер 1
  • Тољикї
  • Русский
 
Клиникаи њуќуќї
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол

Роњнамо

  • Маълумотњои умумї
  • Ба довталаб
    • Барномањои таълимї
    • Ќабул барои соли 2013
    • Коммисия ќабул
    • Тайёрї барои дохилшавї
    • Имтиёзњо
    • Интиќоли донишљуён
  • Њаёти донишљуї
    • Љамъияти илмии донишљуён
    • Хобгоњ
  • Таърихи факултети њуќуќшиносї
  • Имтињони давлатї
  • Клиникаи њуќуќї
  • Руйдодњои муњим

Интишорот

71.jpg

ЊАФТАИ ИЛМ ДАР ФАКУЛТЕТ

   Ҳамасола дар Донишоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи «Ҳафтаи илм» Конференсияи љумњуриявии илмию назариявии њайати устодону кормандон ва донишљўёни ДМТ баргузор мегардад. Конференсияи љумњуриявии илмӣ-назариявии њайати устодону кормандон ва донишљўёни ДМТ имсола ба як қатор ҷашн ва чорабиниҳои муҳимми давлатӣ рост омад, аз он ҷумла «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «400-солагии Миробид Сайидои Насафӣ». Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад. Конференсияи љумњуриявии илмӣ-назариявии њайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «400-солагии Миробид Сайидои Насафӣ» кори худро аз 20-ум то 27-уми апрели соли 2019 идома дод. Мувофиќи барнома дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар 11 бахш аз 172 маърўзаи аз тарафи устодону кормандон пешнињод шуда, 170 маърӯза мутобиқи нақша 15 маърӯзаи иловагӣ шунида шуд. Дар конференсияи имсола масъалањои мубрами њуќуќї, ба монанди: масоили тањќиќоти илмї ва афзалиятњои он аз нигоњи њуќуќшиносони тољик, асосњои њуќуќии њимояи амнияти миллии Љумњурии Тољикистон, ҷанбањои таърихии ќабули Конститутсияи ЉТ, баъзе масъалањои њуќуќи гражданї дар Консепсияи сиёсати њуќуќии Љумњурии Тољикистон барои соли 2018-2028, доир ба зарурияти қабули Кодекси соҳибкории Љумҳурии Тоҷикистон, баъзе аз масъалањои мубрами такмили ќонунгузорї дар соњаи кишоварзї, иштироки прокурор дар муњокимаи судии парвандањои љиноятї, таълимоти Саъдии Шерозї оид ба њуќуќи инсон, масъалањои мубрами њуќуќ ба њифзи саломатї, масъалањои назариявии танзими њуќуќии моликияти созмонњои байналмилалї, гузаронидани чорабинињои оперативї-љустуљўї дар мавриди тафтиши љинояти одамрабої, муќаррароти умумї оид ба санксияњои љиноятњо дар соњаи фаъолияти соњибкорї, фаъолгардонии дарки донишљўён дар раванди таълим ва омўзиши забонњои хориљї ва ѓайрањо баррасї карда шудаанд. Аз маърўзањои устодони факултет бармеояд, ки маќсади гузаронидани конференсияи илмї-назариявї баррасї намудани љињатњои мубрам ва њалли муаммоњои њалталаби соњањои њуќуќ ба њисоб меравад. Њамзамон, аз маърўзањои устодони факултет бармеояд, ки мундараљаи конференсия ба наќшаи корњои илмї-тадќиќотї ва барномаи конференсия мувофиќат дошт.

     Хурсандибахш аст, ки зиёда аз 130 устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ фишурдаҳои маърӯзаҳои худро омода намуда, барои чоп намудан дар Маводи Конференсияи љумњуриявии илмию назариявиии њайати устодону кормандон бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «400-солагии Миробид Сайидои Насафӣ» пешниҳод намуданд, ки айни ҳол омодаи чоп аст. Қисми дигари фаъолияти илмӣ дар ҳафтаи илм ин баргузор гардидани Конференсияи љумњуриявии илмӣ-назариявии њайати донишљўёни ДМТ бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «400-солагии Миробид Саййидои Насафӣ» мебошад. Мувофиќи барнома дар 11 бахш 308 маърўзањои донишљўён пешбинї шуда буд, ки аз ин 305 маърўзаи донишљуён шунида шуд. Имсол бо сабабњои узрноку ѓайриузрнок тибќи барнома 3 нафар донишљўён дар конференсия иштирок надоштанд. Берун аз наќшаи барнома 80 нафар дар конференсия маърўза карданд. Аз маърўзањои донишљўён бармеояд, ки маќсади конференсияи илмї-назариявї ин кушодан ва баррасї намудани љињатњои мубрам ва масъалаву муаммоњои њалталаби соњањои њуќуќ мебошад. Дар конференсия донишҷӯён бо забонњои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ баромад намуданд. Дар ҷараёни конфренсия аз воситањои технологию иртиботї ва воситањои аёнї ба таври васеъ истифода карда шуд. Дар сатҳи баланд баргузор гардидани Конференсияи љумњуриявии илмӣназариявии њайати донишљўёни факултети ҳуқушиносии ДМТ ин самараи фаъолияти бо низом ва мунтазами маҳфилҳои илмии назди кафедраҳои факултети ҳуқуќшиносӣ ба ҳисоб меравад, ки дар як моҳ ҳар як маҳфил аз 2 то 4 ҷаласаҳои худро баргузор менамояд. Яке аз навгониҳои ҳафтаи илм дар соли равон ин ташкил гардидани бахши магистратураи ҳуқуқшиносӣ мебошад. Мувофиқи барнома 60 нафар магистрон маърӯзаҳои худро пешниҳод намуданд. Дар давоми рӯзҳои 22-24-уми апрели соли 2019 мутобиқи барнома ба магистрон имконият дода шуд, ки дар китобхонаи илмии факултет маърӯзаҳои худро баромад намоянд. Бояд ќайд намуд, ки конференсияи имсола дар сатњи хеле хуб гузаронида шуд. Пешкаши мавзўъњо тариќи слайд бо воситаи тахтањои электронї яке аз пешравињо дар кори конференсияи имсола ба њисоб меравад. Аз таклифу пешнињодњои дар боло зикргардида маълум мегардад, ки олимони факултет пайваста дар пайи омўзиш ва тањќиќот ќарор доранд ва ин боиси пешрафти илми њуќуќшиносї ва њам такмили ќонунгузорї мегардад. Рафти иљроиши барномаи конференсияи имсола тањти назорати бевоситаи декани факултет, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Рањмон Д.С. ва муовини декани факултети њуќуќшиносї оид ба илм ва робитањои байналмилалї н.и.њ., дотсент Абдуллоев П.С. ќарор дошт.

 

 

Хабарњои муњим

  • 8 март - Рўзи Модар
  • Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Асосгузори сулњу вањдати миллї –Пешвои миллат» ќабул гардид!
  • Сањифаи нав дар илми «Назарияи давлат ва њуќуќ»
  • Двойные стандарты в человеческом измерении ОБСЕ
  • Оценка правовых реформ в Таджикистане – предвзятость или стереотипы

Хабархо

АЗ ШОҲҶОИЗА ТО 11 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
МОНОГРАФИЯ
ХУШХАБАР
САФАРИ КОРИИ ОМӮЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТ БА ДОНИШГОҲИ СИЁСАТ ВА ҲУҚУҚШИНОСИИ ШАНХАЙ
ДУРАХШИ ИСТИЌЛОЛИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ВА ИНКИШОФИ ИЛМИ ЊУЌУЌШИНОСЇ
МУКОФОТ ВА ҶОИЗАИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД , УСТОДОНИ АЗИЗ!
ТАЃЙИРОТИ КАДРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
МАЉМУАИ БАРНОМАЊОИ ТАЪЛИМЇ АЗ ФАНЊОИ КАФЕДРАИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ЊУЌУЌШИНОСИИ МУЌОИСАВЇ
ЊИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
ЕВРОПЕЙСКО-АЗИАТСКИЙ ПРАВОВОЙ КОНГРЕСС
  • Главная
  • Хабарњо
  • ЊАФТАИ ИЛМ ДАР ФАКУЛТЕТ

  • Официальный веб сайт Президента Республики ТаджикистанОфициальный веб сайт Президента Республики Таджикистан
  • Парламент Республики ТаджикистанПарламент Республики Таджикистан
  • Национальный центр по законодательству при Президенте Республики ТаджикистанНациональный центр по законодательству при Президенте Республики Таджикистан
  • Представительство по правам человека Республики ТаджижикистанПредставительство по правам человека Республики Таджижикистан
  • Таджикский национальный университетТаджикский национальный университет
  • Национальное Информационное Агентство Таджикистана ХоварНациональное Информационное Агентство Таджикистана "Ховар"
  • Высшая Атестационная коммисия при Президенте Республики ТаджикистанВысшая Атестационная коммисия при Президенте Республики Таджикистан

Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета

Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07

  • Алоќањои мо
  • Эълонњо
  • Иттилооти муфиди иловагї
  • Тавсияњо барои сомона
Ба боло | + | - | Сброс
Copyright © 2025
Хабарњо
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол