Имрўз дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон чорабинии фарњангї бахшида ба 74-умин солгарди пирўзи бар фашизм «Рўзи ѓалаба» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоњии декани факултети њуќуќшиносї, номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Дилшод Сафарбек њусни оѓоз ёфт. Муњтарам Рањмон Д.С. нахуст мењмонон ва иштирокчиёни чорабинии мазкурро ба муносибати солгарди ин љашни нињоят бузург «Рўзи ѓалаба» самимона табрику тањният намуда, иброз доштанд, ки «Мо дар арафаи рўзњои хело саид ќарор дорем, рўзи ѓалабаи некї бар бадї, рушної бар торикиву зулмот, рўзи ѓалабаи собиќ Иттињоди Љамоњири Шўравии Сотсиалистї бар Олмони фашистї». Декани факултет таъкид доштанд, ки тасмими факултети њуќуќшиносии ДМТ ба хотири гиромидошти руњу љони фарзандони фарзонаи миллати тољик, ки дар ин муњориба иштирок намуданд ва ба хотири бедор кардани њисси ватандўстї, мењанпарастї, арљгузори ба арзишњои миллї аз љониби љавонону наврасон равона гардидааст.
Бояд иброз дошт, ки дар кори чорабинии мазкур собиќадорони Љанги Бузурги Ватанї, намояндагони маќомотњои давлатї ва намояндагони Раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон иштирок доштанд.
Яке аз иштирокчиёни бевоситаи Љанги Бузурги Ватанї Њалимов Њайдар аз њаёту фаъолияти худ ба сифати иштирокчии ин муњорибаи азим сухан ронда, љавононро ба њифзи Ватани азизамон Тољикистон њидоят намуданд.
Њамчунин дар кори чорабинии мазкур Раиси Шўрои собиќадорони љангу мењнат дар ноњияи Синои шањри Душанбе Аслонов Мањкам иштирок ва суханронї намуданд.
Баъд аз суханронии декани факултети њуќуќшиносї муњтарам Рањмон Дилшод Сафарбек ва мењмонони чорабинии мазкур мањфили фарњангии омоданамудаи донишљўёни факултет кори худро шурўъ намуд. Дар мањфили фарњангї перомуни хизматњои шоистаи фарзандони бонангу номуси миллат, ки дар давраи Љанги Бузурги Ватанї анљом доданд, наворњои воќеї ба ањли нишаст намоиш дода шуд. Мањфили фарњангии донишљўён хотири иштирокчиёни чорабинии имрўзаро шод гардонид.
Дар анљоми кори чорабинї декани факултети њуќуќшиносї, номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Дилшод Сафарбек бори дигар мењмонон ва иштирокчиёни чорабиниро ба «Рўзи ѓалаба» самимона муборакбод намуданд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07