Санаи 15-уми майи соли равон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзўи «Инкишофи низоми давлатию ҳуқуқии Тоҷикистон дар шароити хатарҳо ва таҳдидҳои нави глобалӣ» бо ташаббуси кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ баргузор гардид. Њамоиши илмии мазкур бо дарназардошти афзоиши тањдидњо ва хатарњои љањони муосир, аз он љумла дар партави дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон баргузор гардид. Дар паёмњо, баромадњо, суханронињои Пешвои миллат Эмомалї Рањмон мунтазам таъкид карда мешавад, ки тањдидњо ва хатарњои нави љањонї, аз ќабили терроризми байналхалќї, экстремизм, љинояткории муташаккили фаромиллї, гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир ба амнияти шахс, љомеа ва давлат хатари бевосита дорад. Яке аз роњњои муќовимат ба тањдидњо ва хатарњои глобалї ин тањќиќоти илмии њаматарфа ва воќеъбинонаи хатарњо ва тањдидњои љањонї мањсуб мешавад. Аз ин хотир, конференсияи мазкур бо иштироки доираи васеи олимону муњаќќиќон баргузор гардида, дар он зарурати тањќиќи минбаъдаи илмии тањдидњо ва хатарњои нави глобалї собит гардид.
Конференсияи ҷумҳуриявиро декани факултети њуќуќшиносї, номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Д.С. њусни оѓоз бахшида, ањамияти баргузории чунин чорабинињои илмиро баён намуданд. Мавсуф иброз доштанд, ки дар воқеъ, хатарҳо ва таҳдидҳои нави глобалӣ, аз қабили ҷиноятҳои компютерӣ, истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷангҳои иттилоттӣ ба рушду инкишофи низоми давлативу ҳуқуқии на танҳо Тоҷикистони соҳибистиқлол балки ба ҷомеаи имрўза таъсирбахш аст. Аз ин рў, баргузорӣ ва ташкили чунин конфронси ҷумҳуриявӣ барои инкишофи низоми давлативу ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла ҳифзи амнияти кишвар, баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирї аз моилшавї ба ҳар гуна гурўҳу ҳарактҳои террористиву ифротгароӣ сари вақтї мебошад ва он таклифу пешниҳодҳое, ки аз тарафи маърўзачиён садо дода мешаванд, дар рушду инкишофи низоми давлативу ҳуқуқӣ, иҷрои вазифањо ва ҳадафҳои стратегии Тоҷикистони соҳибистиқлол сањми худро мегузоранд.
Сардори раёсати илм ва навоварии техникӣ Рустам Наботӣ ба ташаббускорони чунин конференсияи ҷумҳуриявӣ минатдории худро баён намуда, қайд намуд, ки баргузории конференсияњои илмї барои рушди илм ањамияти калон доранд, роњбарияти Донишгоњ барои нашри маводи конференсияњо маблаѓи кофї људо мекунад.
Бо дарназардошти гуногунљанба будани мавзўи интихобшудаи конференсия дар кори он намояндагони соњањои гуногуни илми љумњурї, аз љумла фалсафа, таърих, сиёсатшиносї, фарњангшиносї, њуќуќшиносїширкат варзиданд. Аз љумла: Сотиволдиев Р.Ш. доктори илмҳои ҳукуқшиносӣ, профессор, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон, Маљидзода Љ.З. – доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор, Раиси Кумитаи Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон оид ба мудофиа, тартиботи њуќуќї ва амният, Холиќзода А. Ѓ. – доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор, Раиси Кумитаи сохтори давлатї ва худидоракунии мањаллии Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Рањмон Д.С. – номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент, декани факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон, Шарипов Р.Я. – доктори илмњои таърих, декани факултети таърихи Донишгоњи миллии Тољикистон, Аминов Ф.А. – номзади илмњои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи умумидонишгоњии фалсафаи Донишгоњи миллии Тољикистон, Хайруллоев Ф.С. – номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсенти кафедраи њуќуќ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон, Бањромбеков В. А – номзади илмњои фалсафа, дотсенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоњи миллии Тољикистон суханронї намуданд. Бо маќсади тањлили њаматарфаи пањлуњои људогонаи тањдидњо ва хатарњои глобалї олимони намоён, устодони таљрибадор, пеш аз њама докторони илми таърих, сиёсатшиносї, њуќуќшиносї љалб карда шуданд. Хамчунин намояндагони сохторњои ќудратї, аз љумла Сардор ва муовини Раёсати мубориза бо љиноятњои муташаккилонаи Вазорати корњои дохилии ЉТ Њафиззода Ш.Х. ва Юсуфзода А. дар кори конференсия иштирок ва баромад намуданд. Дар баромадњои маърўчиён мафњум, намудњо, њадафњои аслии тањдидњо ва хатарњои глобалї аз лињози фалсафа, таърих, сиёсат, равандњои сиёсї, арзишњои фарњангї, меъёрњои ахлоќї ва динї, дурнамои рушди љомеаи љањон тањлил карда шуданд.
Дар маърўзањои дигарон пањлуњои гуногуни хатарҳо ва таҳдидҳои нави глобалӣ, аз љумла ҷиноятҳои компютерӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллии ҶТ, ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳо ба раванди қонунгузории миллӣ, таъмини фазои ҳуқуқи миллӣ ҳамчун функсияи афзалиятноки давлати Тоҷикистон дар шароити хатарҳо ва таҳдидҳои нави глобалӣ, буҳрони сиёсӣ чун омилӣ тавлиди терроризм (дар мисоли Афғонистон), ҳифзи ҳаёти инсон чун яке аз мушкилоти глобалии замони муосир, таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити вусъати ҷанги иттилоотӣ, тарбияи ҳуқуқи ҳамчун заминаи баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ дар шароити таҳдидҳо ва хатарҳои глобалӣ тањлилу баррасї гардиданд.
Иштиркчиёни конференсия якдилона ба хулоса омаданд, ки дар шароити вусъати хатарњо ва тањдидњои глобалї њимояи амнияти миллии Љумњурии Тољикистон, аз он љумла амнияти иттилоотї, иќтисодї, озуќаворї, сиёсї, шахсї, љамъиятї вазифаи њаётан муњимми давлат, љомеа ва њар як шањрванди Тољикистон мањсуб мешавад. Хулосаи мазкур ва таклифу пешнињодоти аъзоёни конференсия дар ќарори он ифодаи худро ёфтанд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07