Баннер 1
  • Тољикї
  • Русский
 
Клиникаи њуќуќї
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол

Роњнамо

  • Маълумотњои умумї
  • Ба довталаб
    • Барномањои таълимї
    • Ќабул барои соли 2013
    • Коммисия ќабул
    • Тайёрї барои дохилшавї
    • Имтиёзњо
    • Интиќоли донишљуён
  • Њаёти донишљуї
    • Љамъияти илмии донишљуён
    • Хобгоњ
  • Таърихи факултети њуќуќшиносї
  • Имтињони давлатї
  • Клиникаи њуќуќї
  • Руйдодњои муњим

Интишорот

000003.jpg

Санаи фархунда - 80-умин солгарди бањори умри пурнишот муборак Фозил Тоњировичи азиз!

      Дар заминаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон бо ташаббуси Раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон ва Садорати факултети њуќуќшиносї бахшида ба 80 - солагии академики Академияи илмњои ЉТ, Арбоби илм ва техникаи Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Фозил Тоњиров конференсияи љумҳуриявии илмї дар мавзўи «Рушди илми ҳуқуқ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон» баргузор шуд, ки дар он Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академики  Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон, доктори илмњои филологї, профессор Имомзода М.С., декани факултети њуќуќшиносї, номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Д.С. ва доираи васеи омўзгорону олимони факултети њуќуќшиносии ДМТ иштирок намуданд.

      Ректори ДМТ, академики Академияи илмњои ЉТ Имомзода Муњаммадюсуф Сайдалї зимни ироаи сухани табрикотии хеш иброз намуданд, ки:

      Донишмандон чароѓњои рањнамоеанд, ки мардумро ба сўйи саодату хушбахтї њидоят мекунанд. Нуфузу шуњрати Донишгоњи миллии Тољикистон низ бастагї ба абармардону донишмандони соњибмактаби ин даргоњ дорад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрўз яке аз чењрањои саршиносу маъруфи илми њуќуќшиносї, инсони шарифу олими тавоно ва устоди забардаст, Арбоби илм ва техникаи Тољикистон академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор, муњтарам Фозил Тоњирович ба синни мубораки 80-солагї расиданд.

      Бо камоли эњтиром Раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон Шуморо ба муносибати ин санаи фархунда - 80-умин солгарди бањори умри пурнишот табрику тањният гуфта, бароятон  тандурустиву бахту иќбол, осудагии рўзгор ва хотири љамъу дили беѓамро таманно дорад Воќеан, хидматњои Шумо дар илми њуќуќшиносї, пажўњишу пешбурди корњои илмию-тањќиќотї  оид ба илми таърихи давлат ва њуќуки Тољикистон ва мамлакатњои хориљї, масоили ташаккулу танзими њукуќии низоми давлатдории миллї, таълиму тарбияи насли љавон,  омода намудани  кадрњои шоистаи њуќуќдон ва баланд бардоштани фарњанги  њуќуќии мардуми Тољикистон сутуданист.

     Донишгоњи миллии Тољикистон зањмату талошњои содиќонаи Шуморо, ки замони фаъолияти педагогї ва роњбарї дар ин муассисаи бонуфузи илмию таълимии кишвар анљом додаед, њамеша ќадр менамояд. Наќши Шумо дар љодаи густариши илми њуќуќшиносии миллї, эњё ва бозсозии анъана ва суннатњои ќадимаи давлатдории тољикон ва мукаммалгардонии низоми ќонунгузории Тољикистон беназир аст. Барњаќ, Шумо яке аз асосгузорони назария ва амалияи илми таърихи давлат ва њуќуќ дар Тољикистонед.

     Бо истифода аз фурсати муносиб Шумо Фозил Тоњировичи азизро бори дигар ба 80-умин бањори умр табрику тањният гуфта, таманнои онро дорем, ки њамеша солиму тандуруст ва роњнамои кадрњои љавон бошед

      Декани факултети њуќуќшиносии ДМТ, номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Дилшод Сафарбек бо паёми табрикотї баромад намуданд. Мавсуф иброз доштанд, ки фарзонагону нобиғагони даҳр ҳамеша бо афкору кирдори мутавофид миёни дигарон љойгоњи вижа касб мекунанд ва тавассути иќдомоти наљиб ва эљодиёти муассири хеш ба рўзгори атрофиёнашон нуру зиё ва файзу баракат ато менамоянд.

      Барњаќ, мо - шогирдон дар симои Устод Фозил Тоњиров яке аз фозилтарину одилтарин фарзанди замонро мебинем, ки барои рушди маънавии давлату миллат, ба вижа равнаќ додани илми њуќуќшиносї ва пойдории адолати иљтимої талош меварзад.

       Бояд бо камоли эњтиром иброз намоям, ки њар гоњ, ки сухан дар бораи рушди илми њуќуќшиносї дар Тољикистон меравад яке аз аввалинњо доктори илмњои њуќуќшиносї, академики Академияи илмњои ЉТ, Арбоби илм ва техникаи Љумњурии Тољикистон устод Фозил Тоњиров дар ёду ҳуши мо ба хотир мерасад, ки албата ин бесабаб нест. Зеро устод њамчун олими тавоною варзида, шахсияти нуќтасанљ ва аз њама муњиммаш аз зумраи фидоиёни илми тољик буда, тамоми умри бобаракати хешро дар роњи поягузорї ва ташаккули илми њуќуќшиносї ва таълиму тарбияи шогирдон дар кишвар сарфа намуда аст.

     Њимматбаландии Устод буд, ки тулли њаёти ибратбахшаш тавонист як мактаби бузурги њуќуќиро асос гузорад. Хушбахтона имрўзњо шогирдони Устод дар мансабњои пурмасъулияи њокимияти давлатї кору фаъолият намуда, бањри тараќќию рушди босуботи кишвар хидмат намуда истодаанд. Боиси ифтихор аст, ки имрўз мо ба унвони шогирдони асил аз мактаби бузурги инсонияту самимияти Устод Фозил Тоҳиров бањра мебардорему аз гулистони маърифату илмофарашон садафњои маънї мечинем.

     Ба ифтихори ин рўзи фархунда, бо камоли эњтирому садоќатмандї   аз номи садорат, њайати устодону кормандон ва донишљуёни факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон 80 - умин бањори нозанини умрро бароятон Устоди гиромиќадр шодбош гуфта, аз маъзари поки Офаридгор ба Шумо тансињатї, рўзгори бофароѓат ва саодати ду љањонро талаб менамоям.

    Умедворем, ки Шумо солњои тулонї дар рушду нумўи илмњои њуќуќшиносї ва тањкими вањдату истиќлоли кишвар наќши бориз гузошта ба роњу равиши шогирдон њамчун моњи мунир нури худафрўзию худшиносї мебахшед. Хуршеди толеъатон партавафшон ва бањори умратон бехазон боқї монад Устоди азиз!

 

 

 

 

        

Хабарњои муњим

  • 8 март - Рўзи Модар
  • Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Асосгузори сулњу вањдати миллї –Пешвои миллат» ќабул гардид!
  • Сањифаи нав дар илми «Назарияи давлат ва њуќуќ»
  • Двойные стандарты в человеческом измерении ОБСЕ
  • Оценка правовых реформ в Таджикистане – предвзятость или стереотипы

Хабархо

АЗ ШОҲҶОИЗА ТО 11 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
МОНОГРАФИЯ
ХУШХАБАР
САФАРИ КОРИИ ОМӮЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТ БА ДОНИШГОҲИ СИЁСАТ ВА ҲУҚУҚШИНОСИИ ШАНХАЙ
ДУРАХШИ ИСТИЌЛОЛИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ВА ИНКИШОФИ ИЛМИ ЊУЌУЌШИНОСЇ
МУКОФОТ ВА ҶОИЗАИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД , УСТОДОНИ АЗИЗ!
ТАЃЙИРОТИ КАДРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
МАЉМУАИ БАРНОМАЊОИ ТАЪЛИМЇ АЗ ФАНЊОИ КАФЕДРАИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ЊУЌУЌШИНОСИИ МУЌОИСАВЇ
ЊИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
ЕВРОПЕЙСКО-АЗИАТСКИЙ ПРАВОВОЙ КОНГРЕСС
  • Главная
  • Хабарњо
  • Санаи фархунда - 80-умин солгарди бањори умри пурнишот муборак Фозил Тоњировичи азиз!

  • Официальный веб сайт Президента Республики ТаджикистанОфициальный веб сайт Президента Республики Таджикистан
  • Парламент Республики ТаджикистанПарламент Республики Таджикистан
  • Национальный центр по законодательству при Президенте Республики ТаджикистанНациональный центр по законодательству при Президенте Республики Таджикистан
  • Представительство по правам человека Республики ТаджижикистанПредставительство по правам человека Республики Таджижикистан
  • Таджикский национальный университетТаджикский национальный университет
  • Национальное Информационное Агентство Таджикистана ХоварНациональное Информационное Агентство Таджикистана "Ховар"
  • Высшая Атестационная коммисия при Президенте Республики ТаджикистанВысшая Атестационная коммисия при Президенте Республики Таджикистан

Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета

Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07

  • Алоќањои мо
  • Эълонњо
  • Иттилооти муфиди иловагї
  • Тавсияњо барои сомона
Ба боло | + | - | Сброс
Copyright © 2025
Хабарњо
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол