Боиси ифтихору хушнудист, ки њамасола дар тамоми муассисањои таълимї рўзи 1-уми сентябр њамчун «Рўзи дониш» дар фазои тантанавї љашн гирифта мешавад. Ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ин љашни фархунда бо иштироки Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон санаи 1-уми сентябри соли љорї дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон Рўзи дониш ва Дарси сулњ баргузор гардид.
Бо иштироки доираи васеи устодон, кормандон ва донишљўёни факултети њуќуќшиносии ДМТ тамошои пахши мустаќими «Дарси сулњ», ки аз љониби Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ироа гашт, баргузор гардид.
Пешвои муаззами миллат ба ин муносибат устодону омўзгорон, донишҷўён ва хонандагони муассисањои таълимї, падару модарон ва бахусус, кўдаконеро, ки имсол ба боргоњњои маърифат ќадами нахустин мегузоранд, табрик намуда, ќайд карданд, ки мо бояд ба сатњу сифати тањсилот аз њарваќта дида, бештар таваљљуњ зоњир намоем, дар њамаи зинањои таълим усулњои пешќадамро љорї созем ва талаботро нисбат ба таълими донишњои назариявї ва амаливу таљрибавї пурзўр намоем.
Зимни суханронї Пешвои миллат таъкид доштанд, ки омўзгорони мо бояд меъёрњои арзёбии дониши шогирдонро тавсеа бахшанд, барои омўзонидани таърих, забон, адабиёт, фарњангу санъати гузаштаву муосир, расму ойин ва дигар арзишњои миллї зиёдтар талош намоянд, ба хонандагону донишљўён арзишњои муќаддаси истиќлолият ва озодиро дуруст шарњ дињанд, моњияти сулњу суботро њамчун шарти асосии зиндагии орому осудаи мардуми Тољикистони азиз таблиѓ созанд, барои расидан ба њадафњои стратегї ва тањкими давлатдории миллї талош карда, дар раванди бунёди љомеаи шањрвандии демокративу дунявї сањми арзандаи хешро гузоранд.
Воќеан мо аз он шукргузорем, ки дар натиљаи амалї сохтани сиёсати њадафмандонаи Роњбарияти давлату Њукумати кишвар дар Љумњурии Тољикистон тамоми шароитњои арзанда барои аз бар кардани донишњои замонавї дар муассисањои таълимии њамзинањои тањсилот муњайё карда шуда, соњаи маориф яке аз соњањои афзалиятноки сиёсати иљтимоии кишвар эътироф гардидааст. Аз он хурсанду сарфарозем, ки дар шароити сулњу субот, оромию вањдати миллї бо чењрањои кушодаву рухсорањои болида ва ќалби лабрез аз мењру муњаббат ва шодию нишоти беандоза ба ояндаи неки сарзамини аљдодиамон боз ба дидори њам расида, Рўзи донишро истиќбол мегирем.
Дар чунин лањзањои фарањбахш кулли омўзгорону профессорон, кормандону донишљўёни факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистонро ба ифтихори фарорасии «Рўзи дониш» ва соли нави тањсили 2019-2020 самимона табрику шодбош гуфта, барояшон иќболу саодатмандї, тансињативу хушрўзї, дастовардњои нави илмию таълимї, хониши хубу аъло ва хизмати арзандаву шоистаро ба нафъи гиромидошти Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон таманно менамоем.
Бо эњтиром,
Садорати факултети њуќуќшиносии ДМТ
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07