Боиси хушнудї ва сарфарозист, ки дар факултети њуќуќшиносии ДМТ пайваста чорабинињои сатњи гуногуни илмї баргузор мегарданд.
Таърихи 16-уми ноябри соли равон бо ташаббуси садорати факултети њуќуќшиносї ва кафедраи њуќуќи конститутсионї семинари илмї-амалї дар мавзўи «Наќши Президенти Љумњурии Тољикистон дар тањкими конститутсионализм» бахшида ба Рўзи Президенти Љумњурии Тољикистон доир гардид.
Семинари мазкур бо сухани ифтитоњии декани факултети њуќуќшиносї, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Рањмон Д.С. оѓоз гардид. Мавсуф њузури мубораки њамаи иштирокчиёни кори семинарро хайрамаќдам гуфта, онњоро ба муносибати рўзи Президенти Љумњурии Тољикистон самимона табрику тањният гуфтанд. Зимни ироаи сухани муќаддамотї иброз доштанд, ки таъмини сулњу вањдати миллї, оромию субот дар љомеа аз беназиртарин ва арзишмандтарин дастовардњое мебошанд, ки мардуми бузургу сарбаланди тољик бо шарофати зањмату талошњои фарзанди фарзонаи тољик, шахси хирадманду дурандеш, роњбари оќилу тавоно, ќањрамони асил, Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон ба даст овардааст.
Њамзамон таъкид карданд, ки бо шукргузорї аз Истиќлолияти давлатї ва фазои сулњу амнияти кишвар мо имрўз Рўзи Президенти Љумњурии Тољикистон ва 27-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Тољикистонро, ки барои давлату миллати мо наќши сарнавиштсоз дошта, дар пойдории сулњу субот, мустањкам намудани пояњои њуќуќї ва конститутсионии давлатдории миллї сањми арзанда дорад, љашн мегирем.
Сипас кори семинари илмї-амалї дар асоси барномаи омодагардида идома ёфта, дар он маърўзањои устодон М.Сулаймонов дар мавзўи «Инкишофи падидаи призедентсиализм дар Тољикистон», Ш.Камолов дар мавзўи «Президент кафили Конститутсия ва њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд дар Љумњурии Тољикистон», Љ.Ѓаниев дар мавзўи «Наќши Пешвои миллат дар рушди ислоњоти конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон» ва Ф.Бобоев дар мавзўи «Роль Президента Республики Таджикистан в формировании современного правосознания таджикского общества» шунида шуд.
Зимни музокирањо табодули афкори судманди иштирокчиён сурат гирифт. Дар фарљом таъкид карда шуд, ки бузургтарин дастоварди ин иљлосияи таќдирсоз он буд, ки фарзанди бонангу номус, далеру љасур, покзамиру нексиришт ва ѓурури баланди миллидошта Эмомалї Рањмонро њамчун Сарвари давлат тавлид ва ўро ба арсаи сиёсати љањонї њидоят намуд. Ин фарзанди фарзонаи миллат љон дар каф бо як далериву љасорати бемисл масъулияти баланди роњбариро ба душ гирифта ба наљоти миллату давлати тољикон камари њиммат баст. Дар натиљаи азму талош, кушишу пайкорњои бемисл ва хизмату зањматњои арзандаи шабонарўзии ин шахсияти барљастаи таърихї дар як муддати кутоњи таърихї алангаи љанги шањрвандї хомўш карда шуда, хатари парокандашавии миллати тољик ва Давлати тољикон сарбаландона рафъ карда шуд. Миллати тољик дар симои Эмомалї Рањмон - шахси хирадманду дурандеш, роњбари оќилу тавоно, ќањрамони асил ва Пешвои њаќиќии хешро пайдо намуд. Дар воќеъ таърихи навини давлатдории тољиконро бе зањмату талош, хизматњои арзандаву шоистаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон тассавур кардан имконнопазир аст. Бояд љавонмардона эътироф намуд, ки ба зима гирифтани масъулият ба кори давлатдориву давлатсозї дар љойи хушку холї, бе заминањои муайяни устувори молиявию моддї, иќтисодиёти фалаљгашта сањлу осон набуд. Танњо нафаре метавонист ба ин корњо дастболо шавад, ки бо дарки ѓуруру њувияти баланди миллї тамоми њастиву вуљуди хешро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад. Дар заминаи ќабули ќарорњои таърихию таќдирсоз, роњандозї намудани ташаббусњои созандаву сиёсати њадафмандона ва андешидани силсилаи тадбирњои маќсадноки фарзанди содиќу вафодори миллат - Сарвари мањбуби тољикон Эмомалї Рањмон дар тамоми соњањои њаёти сиёсї, иќтисодї, иљтимої, фарњангї ва њуќуќии кишвар дигаргунињои куллї ба вуќуъ пайваста заминањои боэътимоду устувори бунёди аркони давлатдории миллї гузошта шуд. Љумњурии Тољикистон роњи бунёди давлати њуќуќбунёд, соњибихтиёр, демократї, дунявї ва ягонаро пеш гирифта, дар як муњлати кутоњи таърихї соњиби Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллї, асъори миллї ва тамоми рукнњои давлатдории миллї гашт.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07