Тањти ин унвон санаи 10-уми декабри соли 2019 дар факултети њуќуќшиносии ДМТ бахшида ба таљлили рўзи ќабули Эъломияи умумии њуќуќи инсон конференсияи байналмилалии илмию амалї баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавии факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон доир карда шуд.
Иштирокчиёни чорабинї пеш аз оѓози он Суруди Миллии Тољикистонро зинда ќироат карданд.
Конференсияи байналмилалии илмию амалї бо сухани ифтитоњии муовини ректори ДМТ оид ба илм, доктори илмњои кимиё, профессор Сафармамадов С.М. оѓоз гардид. Мавсуф зимни ироаи сухани ифтитоњии хеш њозиринро ба муносибати рўзи ќабули Эъломияи умумии њуќуќи инсон табрику шодбош намуда, иброз намуданд, ки баргузории чунин чорабинињои сатњи баланди илмї дар инкишофи низоми њуќуќии кишвар ва боло бурдани маърифати њуќуќии ањолї наќши боризи худро мегузорад. Мавсуф наќш ва мавќеи миллати тољикро дар масири таърих дар роњи шинохти њуќуќи инсон ва эњтиром гузоштан ба он бисёр баланд арзёбї намуд. Зикр гардид, ки Эъломияи Куруши Кабир бори нахуст њуќуќњои инсонро дар таърихи башарият муайян намуда, минбаъд бањри ќабул намудани санадњои дигар дар самти њуќуќи инсон заминаи асосиро гузоштааст.
Сипас, декани факултети њуќуќшиносии ДМТ, номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Дилшод Сафарбек бо сухани шодбошї баромад намуда, наќш ва мавќеи Эъломияи умумии њуќуќи инсонро дар инкишофи ќонунгузории байналмилалї ва миллї дар самти њуќуќи инсон тавзењ дод. Зимни ироаи сухани шодбошї ќайд намуд, ки ЉТ дар самти њуќуќи инсон ба дастовардњои беназир ноил гардидааст, ки дар ин кор сањми Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти ЉТ, муњтарам Эмомалї Рањмон хеле бузург аст. Таъсиси маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, Ваколатдор оид ба њуќуќи кўдак ва дигар сохторњое, ки бевосита ба њуќуќи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусњои Пешвои миллат дар бахши тањкими маќому манзалати инсон ва њуќуќу озодињои њар фард мебошанд. Бинобар њамин, баргузории конференсияи мазкурро идомаи сиёсати давлатии Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти ЉТ, муњтарам Эмомалї Рањмон дар самти њуќуќи инсон унвон намуданд ва ба њозирин дар кори конференсия барору комёбї таманно карданд.
Дар кори конференсия олимони маъруфи ватаниву хориљї, вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии ЉТ, кормандони маќомоти судї, прокуратура, намояндагон аз вазоратњои адлия, корњои дохилї ва дигар маќомоти њифзи њуќуќ, намояндагони муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар, ВАО ва нињодњои љомеаи шањрвандї, инчунин устодону кормандони факултети њуќуќшиносї иштирок намуданд.
Дар љаласаи пленарии конференсия зиёда аз 15 маърўза дар мавзўъњои гуногуни њуќуќї, ба мисли наќши Эъломияи умумии њуќуќи инсон дар низоми сарчашмањои њуќуќи байналмилалї; њимояи њуќуќи беморон дар доираи санадњои байналмилалї; соњибихтиёрии халќї ва давлатї: таносуби озодињои ботинї ва зоњирии давлат дар партави Конститутсияи Љумњурии Тољикистон; зарурати ќонунигардонии маќоми њуќуќии шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрванд, ки дар њудуди Љумњурии Тољикистон ѓайриќонунї ќарор доранд ва авфи онњо; њифзи њуќуќу озодињои инсон дар бахши танзими байналмилалї-њуќуќии мењнат; мафњуми њуќуќ ба њифзи саломатї; љањонишавї ва манфиатњои миллии Тољикистон; ањамияти мањдудсозии њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд; мубрамияти таълими њуќуќи инсон дар шароити тањдиду хатарњои муосир ва ѓ. пешнињод ва мавриди баррасї ќарор гирифтанд.
Конференсия кори худро дар се бахш ба роњ монда, дар он зиёда аз 60 маърўза бо забонњои тољикї ва русї дар шакли бевосита ва ѓоибона пешнињод гардиданд. Маърўзањои мавриди баррасї ќароргирифта фарогири масъалањои мубрами назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ; њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї, њуќуќи байналмилалї, ҳуқуқи конститутсионӣ; гражданї, љиноятї, маъмурї, механизмњои миллї ва байналмилалии њимояи њуќуќи инсон буданд.
Зимни баррасии мавзўъњои зикргардида аз љониби олимон пешнињодњо оид ба инкишофи соњањои мухталифи њуќуќ ва мукаммал намудани ќонунгузории миллї ироа карда шуд. Ќайд гардид, ки Конститутсияи ЉТ њуќуќу озодињои инсонро арзиши олї эълон кардааст. Аз ин рў, риояи њуќуќу озодињои инсон бояд мењвари фаъолияти маќомоти давлатї, корхонаву муассиса, шахсони воќеї ва њуќуќиро ташкил дињад.
Иштирокчиён баргузории чунин конференсияи сатњи баландро нишон аз Вањдати миллї, тинљиву амонї ва самараи Истиќлолияти давлатї арзёбї намуда, таъкид карданд, ки арзиши олї эълон шудани инсон ва њуќуќу озодињои ў мањз самараи даврони соњибихтиёрї аст.
Дар фарљоми конференсияи байналмилалї иштирокчиён ќатънома ќабул намуданд. Таъкид гардид, ки таклифу пешнињодњо ва натиљањои конференсия барои такмили ќонунгузорї ва рушди низоми њуќуќии кишвар ба маќомоти дахлдори давлатї дастрас карда мешаванд.
Изњори умед карда шуд, ки конференсияи мазкур дар баланд бардоштани сатњи донишњои њуќуќии мутахассисони соња, инкишофи соњањои гуногуни њуќуќ ва тањкими ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар самти њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд наќши арзандаи худро хоњад гузошт. Иштирокчиён таъкид доштанд, ки новобаста аз гуногунии миллату халќиятњо, дину мазњаб, ранги пуст ва дигар аломатњои иљтимої миллати ягона, дину мазњаби ягона сокинони сайёраро бо њам мепайвандад, ки он њуќуќи инсон аст. Аз ин рў, њар як шахс бояд њуќуќу озодињои худро донад ва њуќуќу озодињои дигар аъзои љомеаро эњтиром, намояд ва барои баланд бардоштани фарњанги њуќуќии худ ва ташаккули фарњанги њуќуќи инсон дар љомеа сањмгузор бошад.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07