Фаъолияти Шўрои диссертатсионї барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD) - доктор аз руйи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D030100-Њуќуќшиносї, 6D030200-Њуќуќи байналмилалї дар назди Донишгоњи миллии Тољикистон дар самти омода кардани кадрњои илмї беш аз пеш таќвият ёфта истодааст. Њамзамон Шўрои мазкур барои дарёфти дараљаи илмии номзади илм ва доктори илм доир ба ихтисосњои 12.00.01 - Назария ва таърихи њуќуќ ва давлат; таърихи таълимоти њуќуќї ва сиёсї; 12.00.02 - Њуќуќи конститутсионї; мурофиаи судии конститутсионї; њуќуќи мунисипалї; 12.00.03 - Њуќуќи гражданї; њуќуќи соњибкорї; њуќуќи оилавї; њуќуќи байналмилалии хусусї корњои назаррасеро анљом дода истодааст.
Факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон чун даргоњи бузурги илму маърифат дар омода намудани мутахассисони соњибтаљрибаву ватандўст сањми боризро иљро менамояд. Боиси хушнудї ва сарфарозист, ки солњои охир устодони факултети њуќуќшиносї бо дарки масъулияти баланди касбї рисолањои илмии худро сарбаландона њимоя намуда, хазинаи факултетро аз њисоби устодони унвондор бештар менамоянд. Аз љумла, санаи 21-уми феврали соли 2020 декани факултети њуќуќшиносї, номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Дилшод Сафарбек рисолаи докториашро дар мавзўи «ЊУЌУЌИ ИНСОН ДАР ШАРОИТИ ЉАЊОНИШАВЇ ВА ТАЌВИЯТЁБИИ ТАФОВУТЊОИ ФАРЊАНГЇ-ТАМАДДУНЇ: МАСЪАЛАЊОИ НАЗАРЇ, УСУЛЇ ВА АМАЛЇ-ЊУЌУЌЇ» (аз рўи ихтисоси 12.00.01. – Назария ва таърихи њуќуќ ва давлат; таърихи таълимоти њуќуќї ва сиёсї), санаи 21-уми январи соли 2020 мудири кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљоратї, номзади илмњои њуќуќ, дотсент Сангинов Дониёр Шомањмадович рисолаи докториашро дар мавзўи «ПРОБЛЕМАЊОИ ТАНЗИМИ ЊУЌУЌИИ ФАЪОЛИЯТИ СОЊИБКОРЇ ОИД БА ХИЗМАТРАСОНИИ ИЉТИМОИЮ ФАРЊАНГЇ ДАР ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН» ва санаи 31-уми январи соли 2020 муаллими калони кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиї Ќудбудинов Фазлиддин Шарифович рисолаи номзадиашро дар мавзўи «МАСЪАЛАЊОИ ШАРТНОМАИ ЊАМЛУ НАЌЛИ БОР ТАВАССУТИ НАЌЛИЁТИ РОЊИ ОЊАН ДАР ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН» (аз рўи ихтисоси 12.00.03 – Њуќуќи гражданї; њуќуќи соњибкорї; њуќуќи оилавї; њуќуќи байналмилалии хусусї) дар Шўрои диссертатсионии зикргардида сарбаландона дифоъ намуданд.
Садорати факултети њуќуќшиносї, устодону кормандон ва донишљўёни ин даргоњи муќаддас Рањмон Д.С., Сангинов Д.Ш. ва Ќудбудинов Ф.Ш. - ро бо ин дастовардашон самимона табрик намуда, ба онњо тансињативу хушрўзї, саодатмандию пирўзї, бурдборињои беназирро дар љодаи илм ва ба хотири пешрафти Ватани азизамон таманно доранд.
Бигзор кабутари иќболашон дар фазои илмї њамеша баландпарвоз бошанд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07