Яке аз падидањое, ки шањрвандон тавассути он иродаи худро амалї месозанд, интихобот аст. Иштирок дар интихобот ва њуќуќњои интихоботии њар як шањрванди Љумњурии Тољикистон дар Конститутсия Љумњурии Тољикистон, Ќонунњои конститутсионї ««Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маљлисњои мањаллии вакилони халќ», Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маќомоти худидоркунии шањрак ва дењот» ва санадњои байналмилалї, ки Љумњурии Тољикистон онњоро эътироф намудааст, пешбинї гардидаанд. Инчунин аз љониби Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон Ќоидањои гузаронидани ташвиќоти пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва њизбњои сиёсї, ки рўйхати номзадњоро пешнињод намудаанд, ќабул гарданд, ки дар айни њол, баъзе аз масъалањои ташвиќоти пешазинтихоботиро пешбинї менамояд. Дар моддаи 6-и Конститутсияи Љумњурии Тољикистон муќаррар шудааст, ки ифодаи олии иродаи халќ интихобот ва раъйпурсї мебошад. Яъне кафили асосии иштроки шањрвандон дар ин маъракаи муњими сиёсї Конститутсия ба њисоб рафта, бо мављудияти ќонунњои дигар дар ин самт ин њуќуќи конститутсионї тањким меёбад.
Баргузор намудани интихобот аз чанд давра иборат аст ва яке аз марњилањои муњим дар баргузор намудани интихобот марњилаи ташвиќоти пешазинтихоботї ба њисоб рафта, бо ќонунгузории интихоботї кафолат дода шудааст. Ташвиќоти пешазинтихоботї усули демократї, шаффоф, озод ва дар асоси баробарї гузаронидани интихобот мањсуб меёбад. Ташвиќоти пешазинтихоботї воситаи асосии муаррифии номзадњо ба вакилї мебошад. Яъне бо тарзи ошкоро, шифоњї ва чопї љалб намудани таваљљуњи интихобкунандагонро оид ба шахси интихобшаванда фаро мегирад.
ЗАМИНАЊОИ ЊУЌУЌЇ
Асоси њуќуќии баргузор намудани ташвиќоти пешазинтихоботиро Ќонунњои конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» ва «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маљлисњои мањаллии вакилони халќ» ташкил медињад. Тибќи моддаи 39 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» давлат ба шањрвандон, номзадњо, њизбњои сиёсї дар ваќти гузаронидани интихобот шароити бемамониат ташвиќот бурданро фароњам оварад. Яъне давлат кафолати гузаронидани ташвиќоти пешазинтихоботии баробарро њам барои шањрвандон, њам барои номзадњо ва њам барои њизбњои сиёсї муњайё месозад.
Аз тањлили моддаи 39 Ќонуни конститутсионии мазкур бар меояд, ки ташвиќоти пешазинтихоботї масъалањои зеринро дар бар мегирад:
Бояд ќайд намуд, ки ташвиќоти пешазинтихоботї аз рўзи баќайдгирии номзад (рўйхати номзадњо) оѓоз гардида, як шабонарўз пеш аз интихобот ќатъ мегардад. Дар рўзи овоздињї ташвиќот бурдан манъ мебошад.
ТАШВИЌОТИ ПЕШАЗИНТИХОБОТЇ ЧЇ ТАВР СУРАТ МЕГИРАД?
Лозим ба ёдоварист, ки моддаи 39 ќонуни конститутсионии зикршуда, муќаррар намудааст, ки ташвиќоти пешазинтихоботї бо роњњои зерин сурат мегирад:
1) ташвиќоти пешазинтихоботї аз тариќи воситањои ахбори омма. Ташвиќот ба воситаи ВАО яке аз роњњои асосии раќобати ошкорои пешазинтихоботии номзадњо мебошад, ки фаъолияти шањрвандонро равнаќу ривољ медињад, онњоро водор месозад, ки ба њаёти сиёсї майлу раѓбат зоњир намоянд. Њамзамон тамоми шањрвандон имконият пайдо менамоянд, ки аз барномањои пешазинтихоботї ва шахсияти номзадњо бохабар гарданд.
Ба номзадњо ва њизбњои сиёсї барои истифодаи воситањои ахбори омма шароитњои баробар кафолат дода мешавад. Аз љумла, њар як номзад ба вакилї аз њавзаи якмандата барои баромад аз тариќи радио ва телевизиони давлатї то 20 даќиќа, њар як њизби сиёсї то 40 даќиќа ба ваќти эфири ройгон њуќуќ дорад.
2) гузаронидани маъракањои оммавї (маљлисњо ва вохўрињо бо шањрвандон, ташкили бањсу мунозирањо) роњи дигари ташвиќот мебошад. Ба воситаи маљлисњо ташвиќбарандагон ба тарафдорї ё зидди ин ё он номзад муњокимаронињои ошкоро менамоянд. Дигар шакли маъракањои оммавї вохурињо бо шањрвандон ва ташкили бањсу мунозирањо аст, ки барои гузаронидани ин вохўрињо Комиссияи интихобот якљоя бо маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот мусоидат мекунанд. Аз љумла, биноњо људо менамоянд, аз ваќту мањалли вохўрињо пешакї хабар медињанд ва дигар чорабинињои заруриро амалї намоянд.
3) нашр ва пањн намудани маводи чопии ташвиќотї дигар роњи ташвиќот мањсуб мешавад. Ба маводи чопии ташвиќотї вараќањо, брошюрањо, плакатњо, таќвимњо, чопи тарљумаи њол бо барномаи фишурдаи пешазинтихоботии номзад, буклетњо дохил мешаванд.
4) Номзадњо ва њизбњои сиёсї метавонанд мустаќилона шаклњо ва хусусияти ташвиќоти худро аз тариќи воситањои ахбори омма муайян намоянд. Ќайд кардан ба маврид аст, ки яке аз субъектони ташвиќоти пешазинтихоботї шахсони боэътимод мебошанд. Онњо њуќуќ доранд дар маљлисњои пешазинтихоботї, вохўрї бо интихобкунандагон баромад кунанд ва дар бањсу мунозирањои пешазинтихоботї иштирок намоянд.
ДАР ТАШВИЌОТИ ПЕШАЗИНТИХОБОТЇ КИЊО ИШТИРОК КАРДА НАМЕТАВОНАНД?
Бояд ќайд намуд, ки тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар ташвиќоти пешазинтихоботї шахсони зерин њуќуќи иштирок карданро надоранд: аъзоёни комиссияњои интихоботї, иттињодияњои динї, судяњо, њамчунин кормандони маќомоти њифзи њуќуќ, хизматчиёни њарбї ва мушоњидони байналмилалї. Инчунин дар ташвиќоти пеш аз интихобот давлатњои хориљї, ташкилот ва шањрвандони онњо, шахсоне, ки шањрвандї надоранд, созмонњо ва њаракатњои байналхалќї ширкат карда наметавонанд. Дар баробари ин, ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар месозад, ки хабарнигорон, шахсони мансабдори идорањои ВАО, ки онњо номзад ва ё шахсони боэътимод мебошанд, наметавонанд дар инъикоси ташвиќоти пешазинтихоботї аз тариќи ин ВАО иштирок намоянд.
Њамин тавр, гуфтан мумкин аст, ки ташвиќоти пешазинтихоботї яке аз марњилањои муњим дар раванди интихобот ба шумор рафта, огањии шањрвандонро аз барномањои пешазинтихоботии номзадњо ва њизбњои сиёсї таъмин месозад. Њамзамон, дар ин раванд, шањрвандон аз њадафу маромњои номзадњо ва њизбњои сиёсї огањї пайдо намуда, дар интихобот ба таври фаъолона иштирок менамоянд ва ба љонибдории ин ё он номзад ва ё њизби сиёсї овоз медињанд. Айни замон, номзадњо ва њизбњои сиёсї вазифадоранд, ки ташвиќоти пешазинтихоботиро дар асоси талаботњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба роњ монанд.
Моистон АЗИЗОВА
аъзои Комиссияи марказии интихобот ва
раъйпурсии Љумњурии Тољикистон
Эмомалї МИРАЛЇ
ассистенти кафедраи њуќуќи љиноятї,
коршиноси КМИР ЉТ
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07