Бо фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 4 декабри соли 2019, № 1380 интихоботи даъвати нави вакилон ба Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва ба маљлисњои вакилони халќи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе ва шањру ноњияњо 1 марти соли 2020, интихоботи аъзои Маљлиси Миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон 27 марти соли 2020 ва интихоботи вакилони љамоат бо назардошти Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот» рўзи 1-марти соли љорї баргузор мегардад.
Омузишу тањлили сарчашмањои муътамади таърихї, адабиётњои илмию таълимї ва афкори арзишманди мутафаккирон ба он далолат мекунанд, ки интихобот яке аз ќадимтарин нињодњои љомеаи башарї ва унсури људонопазири њаёти сиёсию љамъиятии кишварњои љањон ба њисоб меравад.
Оид ба мазмуну моњият ва ањамияти интихобот њамчун падидаи муњимми сиёсї аз љониби олимону донишмандони маъруфу шуњратёри тољик андешаву назари арзанда ва љолиб баён шудаанд. Дар умум, интихобот њамчун ифодаи олии њокимияти халќ, воситаи амалишавии соњибихтиёрии халќ, василаи ќонунї гардонидани њокимият, роњи осоишта ва мусолињатомези ба даст овардани њокимият, ташаккули шохаи њокимияти ќонунгузор ва намояндагї, интихоби вакилони мардумї, пайравї ва нишон аз арзишњои умумибашарї ва демократї доштани давлат маънидод карда мешавад. Ба таъкиди Президенти Љумњурии Тољикистон дар Паём ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 26 декабри соли 2019 - интихобот ифодаи олии бевоситаи њокимияти халќ тавассути изњори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократї ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифањои муњимми давлат мебошад.
Мувофиќи муќаррароти ќисми 1-и моддаи 6-уми Конститутсияи Љумњурии Тољикистон халќ баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалї менамояд. Ифодаи олии бевоситаи њокимияти халќ райъпурсии умумихалќї ва интихобот ба њисоб меравад. Мавриди зикри хос аст, ки бо ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон соли 1994 кафолатњои иштироки шањрвандон дар њаёти сиёсии кишвар таќвияти бештар ёфтанд. Як бахши мустаќили њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандонро дар Конститутсия ин њукуќу озодињои сиёсї (моддањои 27,28,29,30,31) ташкил менамоянд, ки дар маљмўъ амалишавии онњо барои иштироки шањрвандон дар њаёти сиёсї ва идоракунии давлатї мусоидат менамоянд.
Мувофиќи ќисми якуми моддаи 27-и Конститутсияи Љумњурии Тољикистон шањрванд њаќ дорад дар њаёти сиёсї ва идораи давлатї бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Тибќи талаботи ќисми дуюми моддаи мазкур шањрванд аз синни 18 њуќуќи дар раъйпурсї иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муќаррарнамудаи Конститутсия, ќонунњои конститутсионї ва ќонунњо њукуќи интихоб шуданро дорад.
Шахсоне, ки аз тарафи суд ѓайри ќобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиќи њукми суд дар љойњои аз озодї мањрумшудагон нигоњ дошта мешаванд, њуќуќи дар интихобот ва раъйпурсї иштирок карданро надоранд.
Бо роњи гузаронидани интихобот аслан мардум намояндагони худро барои иљрои вазифа ва мансабњои муайяни давлатї интихоб менамоянд. Мувофиќи таљрибаи љањонї халќ дар замони муосир ба воситаи интихобот ва райъпурсї маќсаду мароми худро амалї карда ба ин восита дар идоракунии давлат сањм мегузорад. Дар банди 3 моддаи 21 Эъломияи љањонии њуќуќи башар (1948) пешбинї шудааст, ки: «Иродаи мардум бояд асоси њокимияти давлат бошад; иродаи мардум ифодаи худро бояд дар интихоботи даврї ва ѓайрисохтакорона, ки бояд дар асоси њуќуќи интихоботи умумї ва баробар ва бо овоздињии пинњонї гузаронида шавад ва ё ба василаи тартиби баробарањамияти дигар, ки овоздињии озодро таъмин мекунад, пайдо намояд». Њамзамон дар моддаи 25 Паймони байналмилалї оид ба њуќуќи гражданї ва сиѐсї пешбинї шудааст, ки: «Њар шањрванд бидуни њаргуна табъиз ва бидуни мањдудияти беасос бояд њуќуќу имконияти зеринро дошта бошад: а) дар идораи корњои давлатї мустаќиман ва ё аз тариќи намояндагоне, ки озодона интихоб мешаванд иштирок намояд; б) дар интихоботи воќеан даврї, ки дар асоси њуќуќи интихоботи умумї ва баробар ва бо овоздињии пинњонї гузаронида мешавад ва изњори озодонаи иродаи интихобкунандагонро таъмин мекунад, овоз дињад ва интихоб шавад». Зимнан бояд, эътироф намуд, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи интихобот пурра ба арзишњои демократии байналмилалї, стандартњои эътирофшудаи љањонї ва талаботи санадњои њуќуќии байналмилалї пурра мувофиќат мекунад.
Яке аз нишонањои асосии демократї будани давлат дар он ифода меёбад, ки њокимияти давлатї дар њудуди он бо кадом тарз амалї карда мешавад. Агар ташкили маќомоти олии њокимияти давлатї (масалан президент, парламент, њукумат, низоми судї) дар њолати истифода аз сохторњои демократї, яъне бо истифода аз усулњои интихобот, раъйпурсї, соњибихтиёрии халќ, иштироки њизбњои сиёсї ва иттињодияњои љамъиятї дар њаёти сиёсї ва ѓайра асос ёфта бошанд, пас хулоса кардан мумкин аст, ки дар њудуди ин давлат режими сиёсии демократї амал мекунад. Ва баръакс, зимни сарфи назар намудани падидањои демократї, аз љумла тавассути мањдуд намудани њуќуќу озодињои сиёсии шањрвандон, ташкили маќомоти олии давлат бидуни интихобот, мањдуд намудани њуќуќи интихобот, муттањид намудани њокимият дар дасти танњо як шохаи њокимият, манъи њизбњои сиёсї ва ѓ. дар њудуди давлатњои алоњида, кас ба андешае меояд, ки режими давлат ѓайридемократї аст.
Интихобот имкон фароњам меоварад, ки шањрвандон бо назардошти манфиатњои худ њизбу иттињодияњои гуногунро таъсис дода, ба ин васила дар кори идоракунии давлатї ва пешбурди њаёти сиёсї фаъолона иштирок намоянд. Мувофиќи ќонунгузории амалкунанда ду роњи соњиби вазифањои масъули давлатї гаштани шањрвандон љой дорад: яке бо усули таъин шудан ба вазифа, дигаре бо роњи интихоб шудан. Аз ин рў, мањз тавассути интихобот шањрвандон имкон пайдо менамоянд, ки бењтарин намояндагони хешро барои иљрои ормону иродаи худ ба вазифањои масъул интихоб намояд. Натиљаи тањлили ќонунгузорї аз он шањодат медињад, ки айни замон бо роњи гузаронидани интихобот дар Тољикистон шањрвандон ба вазифањои Президенти ЉТ, вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии ЉТ, вакилони маљлисњои мањалии вакилони халќ ва вакилони љамоатњо бевосита интихоб карда мешаванд. Аз чор се њиссаи аъзои Маљлиси миллии Маљлиси Олии ЉТ бошанд, бавосита интихоб мешаванд.
Наќши интихобот, њамчун чорабинии муњими сиёсї дар инкишофу пешравии љомеа назаррас аст.
Яке аз дастовардњои муњими интихобот он аст, ки ба воситаи он дар давлат маќоми олии намояндагї ва ќонунгузори ЉТ ва инчунин маќомоти мањалли намояндагї ташаккул меёбанд.
Мањз фаъолияти самаранок ва бомароми Маљлиси Олї заминањои боэътимоди њуқуқиву ташкилии фаъолияти муназзами тамоми рукнњои муњими давлатдориро дар Тољикистон фароњам оварда, ќонун ва карорњо ќабулкардаи онњо барои њифзи манфиатњои миллї, дастовардњои истиќлолияти давлатї, таъмини вањдати миллї, зиндагонии арзанда ва пурнишоти сокинони кишвар ва боло бурдани нуфузу эътибори Тољикистон дар арсаи байналмилалї мусоидат менамяонд.
Доир кардани чунин маъраки муњими сиёсї ба мисли интихобот зарурати таъсиси нињоди махсуси давлатиро таќозо менамояд. Дар ин замина мувофиќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва ќонунгузории амалкунанда барои таъмини роњбарї љињати омода ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсї дар Љумњурии Тољикистон Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсї таъсис дода мешавад. Масъулияти ташкил ва баргузории интихоботи парламентии соли 2020 дар фазои озод, ба таври шаффоф ва бо риояи ќоидањои демократї дар ќаламрави Тољикистон ба зиммаи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тољикистон вогузор шудааст. То ба имрўз аз љониби Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тољикистон барои дар сатњи баланд доир намудани маъракаи муњими сиёсї - интихоботи вакилони халќ чорабинињои зиёди њуќуќиву ташкилї ва иттилоотиву ташвиќотї анљом дода шудаанд. Аз љумла, бо маќсади амалї намудани ин чорабинии муњими сиёсї аз љониби Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тољикистон наќшаи таќвимии чорабинињои асосї оид ба тайёрї ва гузаронидани интихоботро тасдиќ намуда, гузашта аз он ба маќсади баланд бардоштани фарњангии њуќуќии аъзоёни комиссияњои участкавї ва њавзавї, бархурдор намудани онњо аз мазмуну моњияти ќонунгузории интихобот дар тамоми шањру ноњияњои кишвар семинарњои омузишї гузаронида шуданд. Њамзамон љињати расонидани кумакї методї ва амалї ба комиссияњои поёнии интихоботї дар самти амалисози ќонунгузории интихоботї Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар доираи салоњияти худ дастурамал, тартиб ва ќоидањоро тањия ва тасдиќ намуда онњоро ба тамоми комиссияњои интихоботї дастрас намуданд. Дар умум бояд изњор дошт, ки бо мусоидати Комиссияи мазкур дар њудуди Тољикистон барои дар сатњи баланд ва баври муташаккилона доир кардани ин чорабинии муњими сиёсї тамоми шароитњои арзанда фароњам оварда шудаанд.
Дар умум, мо бояд дар хотир дошта бошем, ки интихоботи дар пешистода омили муњим ва навбатии тањкими бештари вањдати миллї, сулњу субот, густариши демократия, таъмини зиндагии арзандаи сокишони кишвар, кафили якпорчагии кишвар, таъмини њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд, тањкими фаъолияти њуќуќэљодкунї, роњи асосии муттањидкунандаи миллат ба нафъи пешрафту шукуфоии Тољикистон ба њисоб меравад.
Тавре, ки Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон иброз намуданд: «Интихобот њамчун маъракаи муњимми сиёсї аз њар як шањрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслњои оянда фарњанги баланди сиёсї, њисси ватандўстї вамсъулиятшиносиро таќозо менамояд».
Натиљаи баргузории интихоботњо дар солњои Истиќлолияти давлатї нишон медињанд, ки бо вуљуди озод ва ихтиёрї будани иштироки шањрвандон дар интихобот, фоизи иштироки шањрвандони Тољикистон дар ин маъракањои муњими сиёсї тамоюли болоравиро дорад. Чунин амали шањрвандон албатта падидаи нек аст. Ин њолат гувоњи он аст, ки шањрвандони Тољикистон дар њалли муњимтарин масъалањои њаёти сиёсии кишвар ва низоми идоракунии давлатдорї аз боби масъулиятшиносї ва иљрои ќарзи шањрвандї дар назди давлату миллат кор гирифта, муњим будани овози худро барои таъмини пешрафт ва дурнамои дурахшони Ватани мањбубамон беш аз пеш дарк намудаанд. Пас љойи ифтихор аст, ки фарњанги њуќуќии интихобкунандагон сол аз сол боло рафта истодааст. Яќин аст, ки онњо интихоботро натанњо њамчун як василаи амалишавии њуќуќњои сиѐсии худ, балки воситаи асосии сањм гузоштан дар љодаи идоракунии њаёти сиёси љомеа пазируфтаанд. Онњо эњсос кардаанд, ки дарёфти роњи дурусти пешрафт ва тараќќиёт дар Тољикистон мањз аз интихоби дурусти онњо вобастагї дорад. Аз ин рў, боисрор бояд таъкид сохт, ки интихоби дуруст омили њамагуна пешравињост.
Бо истифода аз фурсати муносиб аз тамоми шањрвандони Тољикистон, ки соњиби њуќуќи интихоботї мебошанд, лутфан даъват ба амал меорем, ки рузи 1-уми марти солї љорї дар интихоботи даъвати нави вакилони Маљлиси намояндагон ва маљлисњои мањалли вакилони халќ фаъолона иштирок намуда, барои ободиву пешрафт ва ояндаи неки Тољикистони азиз мавќеи худро муайян намоянд. Овози њар як интихобкунанда барои таќдири минбаъдаи рушди давлатдории миллї њалкунанда аст.
Мањмудов Изатулло Тешаевич - мудири кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории факултети њуќуќшиносии ДМТ, коршиноси КМИР ЉТ
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07