Баннер 1
  • Тољикї
  • Русский
 
Клиникаи њуќуќї
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол

Роњнамо

  • Маълумотњои умумї
  • Ба довталаб
    • Барномањои таълимї
    • Ќабул барои соли 2013
    • Коммисия ќабул
    • Тайёрї барои дохилшавї
    • Имтиёзњо
    • Интиќоли донишљуён
  • Њаёти донишљуї
    • Љамъияти илмии донишљуён
    • Хобгоњ
  • Таърихи факултети њуќуќшиносї
  • Имтињони давлатї
  • Клиникаи њуќуќї
  • Руйдодњои муњим

Интишорот

51.jpg

Маросими муаррифї ва ба фаъолият шурўъ кардани Шўрои диссертатсионї ва ифтитоњи Лабораторияи криминалистии факултети њуќуќшиносии ДМТ

    Факултети њуќуќшиносии ДМТ љињати дар сатњи баланд истиќбол гирифтани 30-юмин солгарди Истиќлолияти давлатї тадбирњои судмандро роњандозї менамояд. Бо ин маќсад дар њаёти таълимї, илмї ва тарбиявии факултети њуќуќшиносї як ќатор рўйдодњои муњим ва воќеањои фарањбахш ба вуќуъ пайвастанд.

   Нимаи аввали рўзи 12-уми марти соли 2020 дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон маросими муаррифї ва ба фаъолият шурўъ кардани Шўрои диссертатсионии 6D.КОА-059 барои дарёфти дараљаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рўи ихтисос доир ба ихтисосњои 6D030100 ­– Њуќуќшиносї ва 6D030300 – Фаъолияти њифзи њуќуќ (љињати дарёфти дараљаи илмии номзади илм аз рўи ихтисосњои 12.00.08 – Њуќуќи љиноятї ва криминология, њуќуќи иљрои љазои љиноятї; 12.00.09 - Мурофиаи љиної ва 12.00.12 - Криминалистика; фаъолияти судї-экспертї; фаъолияти оперативї-љустуљўї) дар назди Донишгоњи миллии Тољикистон, ки бо фармони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон аз 3 марти соли 2020, №62 таъсис ёфта буд, баргузор гардид. Дар маросими муаррифї ва љаласаи нахустини Шўро Вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, муњтарам Имомзода М.С., ректори Донишгоњи миллии Тољикистон профессор Хушвахтзода Ќ.Х., декани факултети њуќуќшиносї дотсент Рањмон Д.С., намояндагони Академияи Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон, роњбарони дигар муассиса, ташкилот ва маќомоти давлатї, намояндагони муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар, аъзоёни Шўро ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Љаласаро бо сухани ифтитоњї Вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, муњтарам Имомзода М.С. њусни оѓоз бахшид. Зимни ироаи сухани муќаддамотии хеш мавсуф изњор дошт, ки дар маросими муаррифї ва ба фаъолият шурўъ кардани боз як Шўрои диссертатсионии миллї, ки бо шарофати касби Истиќлолияти давлатї, амалї сохтани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон имконпазир гаштааст, иштирок дорем. Таъсиси шурои мазкур  имкони хело муносиб ба кафедрањои њуќуќи љиноятї, њуќуќи судї ва назорати прокурорї, криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судї дар самти  њимояи рисолањои номзадї фароњам  меорад. Ин иќдом имконият медињад, ки барои дигар муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар низ кадрњои унвони илмидор тайёр карда шаванд. Њамзамон изњор доштанд, ки дар шароити кунунї факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон яке аз марказњои асосї ва бонуфузи омода кардани кадрњои соњибунвони илмї дар кишвар ба њисоб меравад. Мањз дар натиљаи дуруст роњандозї кардани корњои ташкиливу тарѓиботї аз љониби садорати факултет ва дастгирињои њамешагии Раёсати донишгоњ иќтидори илмї ва кадрии факултет афзун гашта, ин амал ба таъсиси Шўроњои нави диссертатсионї аз руи ихтисосњои гуногуни илми њуќуќшиносї мусоидат менамояд. Таъсиси Шўро дастоварди беназир барои муаррифии илми њуќуќшиносии миллї буда, умед дорем, ки бо кўмаку дастгирї, њидояту роњбарии аъзоёни Шўро бењтарин донишмандону муњаќќиќон дар он ба њимояи рисолањои номзадиву докторї комёб мегарданд. Дар охир бори дигар ташрифи мењмонони олиќадрро ба ДМТ хайрамаќдам гуфта, аъзоёни Шўроро ба фаъолияти босамар ва созанда њидоят намуд.

      Дар сухани табрикотии хеш раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои таърих, профессор Розиќзода А.Ш. зикр намуданд, ки таъсиси Шўроњои миллї бо шарофати касби Истиќлолияти давлатї ва таъсиси КОА-и назди Президенти Љумњурии Тољикистон имконпазир гашта, заминањои боэътимоди њуќуќї-ташкилиро барои инкишофу пешрафти илми миллї ва њамзамон муаррифии илми тољик ба дунё бунёд мегузоранд. Номбурда кулли њозиринро ба ин дастоварди нодир шодбош гуфта, аз аъзоёни Шўро даъват ба амал овард, ки ба мазмуну сифати омода кардани рисолањои номзадї ва докторї, инчунин тањќиќи мавзўъњои рўзмарраи барои ояндаи давлату миллати тољик манфиатбор таваљљўњи бештар зоњир намоянд.

     Дар њамин рўз дар идомаи амалишавии Барномаи рушди факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон барои солњои 2015-2020 бо маќсади омода кардани кадрњои баландихтисос, љавобгўй ба талаботи бозори мењнат, баланд бардоштани сифати таълим ва сатњи саводнокии донишљўён нахуст маросими ифтитоњи Лабораторияи криминалистии факултети њуќуќшиносии ДМТ баргузор гардид. Дар расми ифтитоњи он Вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон афзуданд, ки ба истифода додани Лабораторияи криминалистї ва љињозонидани он бо техникањои муосири криминалистї ба низоми омода намудани мутахассисони сатњи байналмилалї заминаи мусоидро фароњам меорад.

    Лабораторияи криминалистї ба талаботи замон љавобгў буда, дорои палигони (толори) гузаронидани амалњои тафтишї, синфхонаи суратгирии криминалистї, лабораторияи трассалогї ва дактилоскопї (пайи ангушт), лабораторияи баллистикї, лабораторияи силоњи сард, лабораторияи хатшиносї ва тадќиќоти техникї-криминалистии њуљљат, синфхонаи габитологї, толори конфронс ва бойгонї мебошад. Дар лаборатория шароити мусоид барои донишљўён њам барои фасли сармо ва њам фасли гармо фароњам оварда шудааст. Њамзамон тарњи нав ва замонавии лаборатория имконият медињад, ки дар толорњои он конференсияњо, мизњои мудаввар, мањфилњои илмии донишљўён ва дарсњои амалї-криминалистї ва мурофиаи љиноятї гузаронида шаванд. Дар умум аз љониби њозирин ба сифати корњои таъмириву азнавсозї бањои баланд дода шуд.

Хабарњои муњим

  • 8 март - Рўзи Модар
  • Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Асосгузори сулњу вањдати миллї –Пешвои миллат» ќабул гардид!
  • Сањифаи нав дар илми «Назарияи давлат ва њуќуќ»
  • Двойные стандарты в человеческом измерении ОБСЕ
  • Оценка правовых реформ в Таджикистане – предвзятость или стереотипы

Хабархо

АЗ ШОҲҶОИЗА ТО 11 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
МОНОГРАФИЯ
ХУШХАБАР
САФАРИ КОРИИ ОМӮЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТ БА ДОНИШГОҲИ СИЁСАТ ВА ҲУҚУҚШИНОСИИ ШАНХАЙ
ДУРАХШИ ИСТИЌЛОЛИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ВА ИНКИШОФИ ИЛМИ ЊУЌУЌШИНОСЇ
МУКОФОТ ВА ҶОИЗАИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД , УСТОДОНИ АЗИЗ!
ТАЃЙИРОТИ КАДРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
МАЉМУАИ БАРНОМАЊОИ ТАЪЛИМЇ АЗ ФАНЊОИ КАФЕДРАИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ЊУЌУЌШИНОСИИ МУЌОИСАВЇ
ЊИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
ЕВРОПЕЙСКО-АЗИАТСКИЙ ПРАВОВОЙ КОНГРЕСС
  • Главная
  • Хабарњо
  • Маросими муаррифї ва ба фаъолият шурўъ кардани Шўрои диссертатсионї ва ифтитоњи Лабораторияи криминалистии факултети њуќуќшиносии ДМТ

  • Официальный веб сайт Президента Республики ТаджикистанОфициальный веб сайт Президента Республики Таджикистан
  • Парламент Республики ТаджикистанПарламент Республики Таджикистан
  • Национальный центр по законодательству при Президенте Республики ТаджикистанНациональный центр по законодательству при Президенте Республики Таджикистан
  • Представительство по правам человека Республики ТаджижикистанПредставительство по правам человека Республики Таджижикистан
  • Таджикский национальный университетТаджикский национальный университет
  • Национальное Информационное Агентство Таджикистана ХоварНациональное Информационное Агентство Таджикистана "Ховар"
  • Высшая Атестационная коммисия при Президенте Республики ТаджикистанВысшая Атестационная коммисия при Президенте Республики Таджикистан

Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета

Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07

  • Алоќањои мо
  • Эълонњо
  • Иттилооти муфиди иловагї
  • Тавсияњо барои сомона
Ба боло | + | - | Сброс
Copyright © 2025
Хабарњо
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол