Донишљуёни азизу гиромиќадри факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон! Тавре огањї доред, имрўз пањншавии бемории хорзањр (коронавирус ё KOVID-19) љомеаи љањониро ба ташвиш овардааст. Љумњурии Тољикистон низ чун як узви љомеаи љањонї тамоми неруи худро ба он равона кардааст, ки шањрвандонашро аз ин беморї њифз намояд ва барои ташхису табобати онњо шароити мусоиде фароњам созад. Доир ба ин мушкилот Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар суханронии хеш зимни мулоќот бо роњбарону кормандони соњаи тандурустї назару андешањои худро баён дошта, таъкид карданд, ки њар як сокини кишварро зарур аст, ки ба хотири њарчи зудтар бартараф гардидани ин беморї риояи ќатъии ќоидањои бењдоштиро идома дињанд. Пешвои миллат бамаврид ќайд намуданд, ки саломатии њар як шахс, пеш аз њама, дар дасти худи ўст ва табобати беморї низ дар сурати њамкории мардум бо табибон натиљаи нек медињад.
Чуноне ба Шумо маълум аст дар ватани мо низ Ситоди љумњуриявии пешгирї аз пањншавї ва сирояти коронавирус таъсис дода шудааст. Бо ќарори ситоди мазкур љињати њифзи љомеа ва бехатарии ањолї, махсусан љавонон барои донишљуёни курсњои якум, дуюм ва сеюми муассисањои тањсилоти олии касбї бинобар аз худ шудани барномањои таълимї аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд. Имтињонњои тобистонаи Шумо аз рўи рейтингњои якум ва дуюм бањогузорї карда шуданд.
Дар робита ба ин, садорати факултети њуќуќшиносї аз падару модарон эњтиромона хоҳиш менамояд, ки љињати самаранок гузаронидани таътили тобистонаи фарзандон, њифзи саломатии онњо таваљљуњи хоса зоњир намоянд. Рафтору муносибат ва фазои иттилоотии онњоро дар ин рўзњои нињоят душвор зери назорати љиддї ќарор дињанд. Аз донишљўён даъват ба амал оварда мешавад, ки ваќтро барои фарогирї ва сайќал додани дониши худ самаранок истифода баранд. Бештари ваќти худро ба хондани китобњои дарсї, бадеї, тамошои филмњои мазмуни тарбиявию ахлоќидошта ва барномањои телевизионии ватанї сарф намоянд. Агар хоҳед, ки дар ҷомеа мавқею мақоми хоси худро гум насозед, обрўю шаъну шарафи махсус дошта бошед, пас китобро аниси кунљи танњоии худ ќарор дињед, мењри китобро аз худ дур насозед, зеро фурўѓи субњи доної китоб аст. Мањз китоб аст, ки инсонро бомаърифату бомаданият, хуштарбияву хушахлоќ ва доною зирак мегардонад.
Худ ва наздиконатонро эњтиёт намоед. Бењуда ба кўча набароед. Аз гашту гузор дар љойњои серодам худдорї намоед.
Бо эњтиром Садорати факултети њуќуќшиносии ДМТ!
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07