28 август дар Ќасри миллат Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба истиќболи 29 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корї натиљањои назаррас доранд, мукофотњои давлатї ва унвону љоизањои давлатї супориданд. Боиси ифтхор аст, ки дар ин миён декани факултети њуќуќшиносї, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор, Раиси Кумитаи Маљлиси миллии Маљлиси Олї оид ба таъмини асосњои конститутсионї, њуќуќу озодињои инсон, шањрванд ва ќонуният Рањмон Дилшод Сафарбек бо љоизаи таъсисдодаи Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ба номи Исмоили Сомонї барои олимони љавон дар соњаи илмњои гуманитарї сарфароз гардонида шуд.
Аз ин рў, садорат, кулли устодону кормандон ва донишљуёни факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон Рањмон Дилшод Сафарбекро ба ифтихори мушарраф гардиданашон бо Љоизаи ба номи Исмоили Сомонї самимона табрик намуда, ба эшон саломатию саодатмандї ва дар фаъолияти минбаъдаи илмию эљодиаш ба нафъи пешрафти њаёти њуќуќии Ватани мањбубамон бурдборињо таманно доранд.