Декани факултети њуќуќшиносии ДМТ, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент
Мирзозода Парвон Зайналобудин
Мирзозода Парвон Зайналобудин санаи 1-уми январи соли 1980 дар Љумњурии Тољикистон таваллуд шудааст.
Мирзозода Парвон Зайналобудин соли 2002 шуъбаи рузонаи факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистонро хатм намудааст. Фаъолияти кориро баъд аз хатми донишгоњ оѓоз намуда, солњои 2002-2003 - омўзгори кафедраи њуќуќи граждании Академияи вазорати корњои дохилї, солњои 2003-2006 - котиби Суди ноњияи Шоњмансури ш. Душанбе, аз соли 2006 ба њайси ассистент, дотсенти кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорати факултети њуќуќшиносии ДМТ, аз соли 2014 то соли 2022 муовини декан оид ба таълим дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон фаъолият намуда, аз 25-уми июни соли 2022 иљрокунандаи мудири кафедраи њуќуќи соњибкори ва тиљоратї факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон мебошад.
Соли 2012 дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоњи миллии Тољикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи ба номи А.М. Бањоваддинови Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, Муассисаи байнидавлатии тањсилоти олии Донишгоњи славянии Россия-Тољикистон дар мавзуи «Љавобгарии ѓайришартномавии давлат барои зарари ба соњибкор расонидашуда» рисолаи номзадиро њимоя намудааст. Соњиби унвони илмии дотсент аз рўйи ихтисоси 12.00.03 – «њуќуќи гражданї; њуќуќи соњибкорї; њуќуќи оилавї; њуќуќи байналмилалии хусусї (илмњои њуќуќшиносї)» мебошад.
Санаи 7-уми марти соли 2023 дар мавзуи «Масъалањои њуќуќии танзими сифати мол, кор ва хизмат дар ќонунгузории Љумњурии Тољикистон: тањќиќоти сивилистї» сарбаландона рисолаи докторияшро ҳимоя намуд.
Барои хизматҳои пурсамараш бо унвони «Аълочии маориф ва илми Љумњурии Тољикистон» (соли 2016), медалњои љашнии «90-солагии адлияи Тољикистон» (2015), Ифтихорномаи Донишгоњи миллии Тољикистон (2012) мукофотонида шудааст. Ҳамзамон Мирзозода Парвон 6-уми сентябри соли 2022 бо Фармони Президенти ҶТ дар шароити тантанавӣ бо медали «Хизмати шоиста» сарвароз гардонида шуд.
Аз 7 - уми марти соли 2023 бо фармоиши ректори ДМТ ва дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон декани факултети ҳуқуқшиносӣ таъйин гардид.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07