Рањимзода Муъмин Сайфулло - н.и.њ., дотсент
Рањимзода Муъмин Сайфулло 8-уми июли соли 1986 дар Љумњурии Тољикистон дар оилаи зиёї таваллуд шудааст. Соли 2004 ба шуъбаи ѓоибонаи факултети њуќуќшиносии Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон (њоло Донишгоњи миллии Тољикистон) дохил шудааст. Соли 2007-ум аз шуъбаи ѓоибона ба шуъбаи рўзона интиќол ёфта, онро соли 2010 хатм намудааст. Соли 2017 ба шуъбаи ѓоибонаи факултети тањсилоти фосилавї ва тањсилоти дуюми олии касбии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2020 бо ихтисоси идораи давлатї хатм намудааст. Солњои 2010-2014 аспиранти шуъбаи ѓоибонаи Донишгоњи миллии Тољикистон, солњои 2011-2022 ассистенти кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон аз соли 2022 то инљониб дотсенти кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон мебошад. Аз соли 2022 ба вазифаи муовини декан оид ба илм ва инноватсия таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Рањимзода М.С. ба кори илмию тањќиќотї машѓул буда, дар мавзўи «Њимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи љиноятї: вазъи батанзимдарории њуќуќї, амалия ва дурнамои инкишофи он» соли 2020 дар Шўрои диссертатсионии 6D.KOA-059 (њоло 6D.KOA-019)-и назди Донишгоњи миллии Тољикистон рисолаи номзадиашро њимоя намудааст.
Аз фанњои маќомоти њифзи њуќуќ, њуќуќи мурофиаи љиноятї, њуќуќи мурофиаи гражданї, назорати прокурорї ва курси махсуси «Адвокатураи судї» ба донишљўён дарс мегуяд.
Муаллифи беш аз 30 корњои илмию тањќиќотї ва таълимию методї мебошад. Дар кори конференсияњои бонуфузи илмии сатњи љумњуриявї ва байналмилалї ширкат намуда, ба Иёлоти Муттањидаи Америка (2015), Љумњурии Ќазоќистон (2022, 2023) сафари хизматї анљом додааст.
Рањимзода М.С. дар њаёти љамъиятии кишвар сањми назаррас дошта, барои хизматњои пурсамараш дар тарбияи мутахассисони љавон бо «Ифтихорномаи» Њизби халќии демократии Љумњурии Тољикистон (соли 2021), бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тољикистон» (соли 2022), бо «Сипосномаи» Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши назди Њукумати Љумњурии Тољикистон (соли 2022) сарфароз шудааст. Беш аз 13 сол собиќаи кории илмию омўзгорї дорад.
Оиладор, соњиби се фарзанд мебошад.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07