Шарифов Исмоил Муњибуллоевич
Шарифов Исмоил Муњибуллоевич 19-марти соли 1991 таваллуд шудааст. Соли 2009 ба шуъбаи рўзонаи факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дохил шуда, соли 2014 онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солњои 2014-2016 њамчун ассистенти кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорати факултети њуќуќшиносї, солњои 2015-2019 аспиранти шуъбаи ѓоибонаи кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорати факултети њууќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон, солњои 2014-2016 муовини сармуњаррири рўзномаи “Минбари њуќуќшинос”, солњои 2016-2017 муовини декани факултети њуќуќшиносї оид ба корњои тарбиявї, аз нимаи дуюми соли 2017 то кунун муовини декани факултети њуќуќшиносї оид ба корњои таълим дар шуъбаи муносибатњои байналхалќї (њуќуќ) ва низоми тањсилоти кредитї ва њамзамон муаллими калони кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорати факултети њуќуќшиносї мебошад. Масъалањои вобаста ба танзими њуќуќии соњибкории хурд, ташаккули ќонунгузории соњибкории хурд, њолати њуќуќии ин субъектњо ва асосњои њуќуќии дастгирии давлатии субъектњои соњибкории хурд дар Љумњурии Тољикистон мавзўъњои асосии тањќиќоти илмии номбурда ба шумор мераванд. Соли 2015 рисолаи номзадиашро дар мавзўи “Танзими њуќуќии соњибкории хурд дар Љумњурии Тољикистон” дар Шўрои олимони факултети њуќуќшиносии ДМТ тасдиќ намуда, айни замон дар арафаи анљомёбї ќарор дорад. Доир ба мавзўи зикршуда номбурда дар конференсияњои зиёде, аз ќабили конференсияи байналмилалии илмї-амалї дар мавзўи «Мушкилоти танзими њуќуќии инноватсия дар фаъолияти соњибкорї» (ДМТ, 10-уми июни соли 2014), конфронси илмї-назариявї бахшида ба 22-юмин солгарди ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар мавзўи «Наќши Конститутсия дар инкишофи соњањои њуќуќ дар Љумњурии Тољикистон» (ДМТ, октябри соли 2016), мизи мудаввари љумњуриявї дар мавзўи «Наќши Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон дар инкишофи сиёсати њуќуќии кишвар» (ДМТ, 26-уми декабри соли 2016), мизи мудаввар дар мавзўи «Рушди ќонунгузории соњибкорї ва сайёњї дар ЉТ» (Маркази миллии ќонунгузории назди Президенти ЉТ, 13-уми апрели соли 2017), конференсияи байналмилалии илмї-амалї дар мавзўи «Рушди ќонунгузории соњибкорї, тиљорат ва сайёњї дар даврони Истиќлолияти давлатии ЉТ» (ДМТ, 18-уми майи соли 2018) ширкат намудааст. Мавсуф аз фанњои њуќуќи соњибкорї, њуќуќи андоз ва курсњои махсуси «Асосњои андозбании соњибкории хурд», “Њуќуќи раќобат» ва «Асосњои танзими њуќуќии соњибкории хурд» ба шогирдон дарс гуфта, муаллифи беш аз 30 кори илмию тањќиќотї ва таълимию методї мебошад. Барои корњои пурсамараш Ифтихорномаи Донишгоњи миллии Тољикистон (соли 2018) ќадрдонї гардидааст. Ў 5 сол собиќаи кории илмию омўзгорї дорад. Оиладор, соњиби се фарзанд аст.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07