Кабутов Эраљ Давлатматович – номзади илмњои њуќуќшиносї, дотстент
Кабутов Эраљ Давламатович 31-уми октябри соли 1986 дар шањри Душанбе дар оилаи зиёї таваллуд шудааст. Соли 2004 ба шуъбаи рўзонаи факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дохил шуда, соли 2009-ум онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солњои 2009-2015 - ассистенти кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорати факултети њуќуќшиносї, 2009-2014 аспиранти шуъбаи ѓоибонаи факултети њуќуќшиносї, аз соли 2015 то кунун дотсенти кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорат, солњои 2014-2015 муовини декани факултети њуќуќшиносии ДМТ оид ба тарбия, аз соли 2015 инљониб муовини декани факултети њуќуќшиносии ДМТ оид ба таълим шуда фаъолият менамояд. Соњиби унвони илмии дотсент мебошад.
Масъалањои вобаста ба проблемањои танзими хусусї-њуќуќии муносибатњо оид ба хизматрасонии бокортаъминкунї дар Љумњурии Тољикистон, проблемањои назариявии танзими њуќуќии савдо дар Љумњурии Тољикистон аз мавзўъњои тањќиќоти илмии ў ба шумор мераванд. Соли 2014 дар шањри Душанбе дар Шўрои диссертатсионии назди Донишгоњи миллии Тољикистон дар мавзўи «Проблемањои танзими хусусї-њуќуќии муносибатњо оид ба хизматрасонии бокортаъминкунї дар Љумњурии Тољикистон» зери роњбарии номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Шонасридинов Н. рисолаи номзадиашро њимоя намудааст. Мавсуф аз фанњои њуќуќи соњибкорї, њуќуќи мењнат, њуќуќи таъминоти иљтимої, њуќуќи андоз, њуќуќи бонкї, њуќуќи молия ва курсњои махсус ба шогирдон дарс гуфта, муаллифи беш аз 50 кори илмию тањќиќотї ва таълимию методї мебошад. Дар конференсияњои бонуфузи илмии сатњи љумњуриявї ва байналмилалї ширкат намудааст. Бо Сипосномаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе (2022), Сипосномаи Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши назди Њукумати Љумњурии Тољикистон (2017), Ифтихорномаи Кумитаи иљроияи њизби халќи демократии ноњияи Шоњмансур (2021) ва Ифтихорномаи Донишгоњи миллии Тољикистон (2017) сарфароз гардонида шудааст. Њамзамон Аълочии маориф ва илми Тољикистон (2019) мебошад. Ў беш аз 14 сол собиќаи кории илмию омўзгорї дорад. Оиладор, соњиби чор фарзанд мебошад.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07