ЌУРБОНОВ ЌУРБОН БОБОЕВИЧ – НОМЗАДИ ИЛМЊОИ ЊУЌУЌШИНОСЇ, ДОТСЕНТ
Ќурбонов Ќурбон Бобоевич 28-уми апрели соли 1982 дар Љумњурии Тољикистон таваллуд шудааст. Соли 1999 ба шуъбаи рўзонаи факултети њуќуќшиносии Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон (њоло Донишгоњи миллии Тољикистон) дохил шуда, онро соли 2004 хатм намудааст. Фаъолияти кориро аз њамин донишгоњ оѓоз намудааст. Солњои 2005-2006 њамчун иљрокунандаи сардори раёсати њамоњангсозї ва ояндабинии ДДМТ (њоло Донишгоњи миллии Тољикистон), солњои 2006-2009 сармутахассиси шуъбаи таъминоти њуќуќї ва котиботи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон (њоло Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон), солњои 2009-2010 лаборанти кафедраи њуќуќи граждании факултети њуќуќшиносї, солњои 2010-2015 ассистенти кафедраи њуќуќи граждании факултети њуќуќшиносї шуда кор кардааст. Аз соли 2015 то кунун дотсенти кафедраи њуќуќи гражданї мебошад. Солњои 2013-2015 муовини декани факултети њуќуќшиносї оид ба илм ва робитањои байналмилалї буд. Аз соли 2015 то 2023 дар вазифаи мудири кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиии факултети њуќуќшиносї кор кардааст. Аз моњи марти соли 2023 ба вазифаи муофини декан оид ба таълим дар шуъбаи рўзона таъин гардидааст.
Соњиби унвони илмии дотсент аз рўи ихтисоси 12.00.03 – њуќуќи гражданї; њуќуќи соњибкорї; њуќуќи оилавї; њуќуќи байналмилалии хусусї (илмњои њуќуќшиносї)» мебошад. Проблемањои муњимми њуќуќи гражданї, масъалањои актуалии њуќуќ ба њаёти хусусї, масъалањои актуалии њуќуќи замин ва њуќуќи наќлиёт аз мавзўъњои асосии тањќиќоти илмии ў ба шумор мераванд. Соли 2012 дар Шўрои диссертатсионии назди Донишгоњи миллии Тољикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи ба номи А.М. Бањоваддинови Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, Муассисаи байнидавлатии тањсилоти олии Донишгоњи славянии Россияву Тољикистон дар мавзўи «Проблемањои гражданї-њуќуќии њуќуќ ба дахлнопазирии њаёти хусусї» рисолаи номзадиашро њимоя намудааст.
Аз фанњои њуќуќи гражданї, њуќуќи оилавї, њуќуќи римї, њуќуќи замин, њуќуќи наќлиёт ба шогирдон дарс гуфта, муаллифи беш аз 50 корњои илмию тањќиќотї ва таълимию методї мебошад. Дар конференсияњои илмии сатњи љумњуриявї ва байналмилалї ширкат намуда, ба Федератсияи Россия, Туркия, Ўзбекистон ва Булѓория сафарњои хизматї анљом додааст.
Номбурда дар њаёти љамъиятии кишвар сањми назаррас дошта, ба њайси коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон (2019) интихоб гардидааст. Барои хизматњои пурсамараш дар тарбияи мутахассисони љавон бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тољикистон» (соли 2017), медали љашнии «90-солагии адлияи Тољикистон» (2015), Ифтихорномаи Донишгоњи миллии Тољикистон (2015) сарфароз шудааст. Ў 17 сол собиќаи кори илмию омўзгорї дорад. Оиладор, соњиби чор фарзанд аст.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07