.
ЉАЛОЛОВ АБДУХОЛИЌ ЃАЙБУЛЛОЕВИЧ - номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент
Ҷалолов Холиқ Ғайбуллоевич соли 2011 шуъбаи рўзонаи факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистонро бо муваффаќият хатм намуда, ба сифати ассистенти кафедраи њуќуќи судӣ ва назорати прокурории факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон ба кор ќабул карда шуд.
Ҷалолов Холиқ Ғайбуллоевич дар факултети њуќуќшиносии ДМТ аз фанњои «Криминология», «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ», «Њуќуќи мурофиавии љиноятї» ва «Назорати прокурорӣ» дарс мегўяд. Дарсњои лексионї ва амалии Ҷалолов Х.Ғ. дар сатњи баланди илмиву таълимї мегузаранд. Дар њаёти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии факултети њуќуќшиносї ва кафедраи њуќуќи судӣ ва назорати прокурорӣ иштироки фаъолона дорад.
Ҷалолов Х.Ғ. рисолаи номзадии худро дар мавзўї «Тавсифи криминологии ҷинояткории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тањти назари номзади илмњои њуќукшиносї, дотсент Бањриддинзода С.Э. соли 2020 сарбаландона њимоя карда, ба дараљаи имлии номзади илмњои њуќукшиносї сарфароз гардидааст.
Масъалањои вобаста ба проблемањои тањлили ҳолати ҷинояткорӣ, омӯзиши шахсияти ҷинояткор, сабаб ва шароити ҷинояткорӣ, дарёфту пешниҳоди роҳу воситаҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва масоили чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ аслан аз мавзўъњои тањќиќоти илмии ӯ ба шумор мераванд. Ў пайваста дар конфронс ва семинарњои илмии љумњуриявию байналхалќї иштирок карда, бо маърўзањои илмї баромад менамояд.
Аз рўзњои аввалини кор Ҷалолов Холиқ худро чун шахси мењнатдўст ва хоксор нишон дода, бо ањли кормандони факултет ва кафедра муносибати хуби кориро муќаррар намуд. Бояд ќайд намуд, ки ӯ тамоми супоришњои роњбарияти донишгоњ, факултет ва кафедраро бо њисси масъулият ба иљро мерасонад.
Ба ифтихорномаҳо, қабили Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2019) ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми (соли 2020), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2020) ва Ифтихорномаи Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 2022) қадршиносӣ шудааст.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07