Шўрои олимон, яке аз сохторњои асосии факултети њуќуќшиносї ба њисоб меравад. Фаъолияти Шуро дар асоси Низомномаи «Шўрои олимони факултети муассисаи тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон», ки бо ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 26 майи соли 2006 тањти № 18/2 тасдиќ шудааст, ба танзим дароварда мешавад. Низомномаи мазкур дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тањсилоти олии касбї ва тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї», «Низомномаи намунавї оид ба муассисаи таълимии тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон» ва дигар санадњои меъёриву њуќуќии соњаи маориф тањия шудааст.
Шўрои олимон бо маќсади баррасии масъалањои асосии фаъолияти таълимию тарбиявї, илмию методї ва дигар масъалањои муњими пешбурди кори факултет тањти роњбарии декани факултет ва бо бо фармони ректори Донишгоњ таъсис дода шудааст. Шўрои олимон дар њайати декани факултет, муовинони ў, мудирони кафедрањо, намояндагони иттифоќи касаба, Шурои илмї-методї, Шўрои занон, ва Шўрои олимони љавон таъсис дода шудааст.
Вазифањои асосии Шўрои олимони факултет аз инњо иборат мебошад:
- муттањид намудани имкониятњои нерўи илмию аќлонии њайати устодону омўзгорон ва кормандон дар њаллу фасли вазифањои марбут ба фаъолияти факултет;
- дар амал татбиќ намудани Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тањсилоти олии касбї ва тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимй», «Низомномаи намунавї оид ба муассисаи таълимии тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон», низомномаи мазкур ва дигар асноди меъёриву њуќуќии соњаи маорифи Љумњурии Тољикистон;
- татбиќи амалии фармону дастур ва ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон, вазорату идорањои соњавї ва маќомоти болої љињати таъмини тайёр намудани мутахассисони баландихтисос аз рўи ихтисосњои факултет;
- мусоидат намудан ба тайёр кардани кадрњои илмию омўзгорї, амалигардонй ва рушди минбаъдаи тадќиќоти илмї, инкишофи корњои таълимию методї ва тарбиявї дар байни донишљўён;
- назорат аз болои иљрои ќарорњои ќабулшуда.
Шўрои олимони факултет масъалањои зеринро баррасї менамояд:
- лоињаи наќша, барномањои таълимї ва корњои илмию тадќиќотї;
- њисоботи фаъолияти таълимию методї ва илмию тадќиќотии кафедрањо;
- парвандањои пешнињоднамудаи омўзгоронро барои дарёфти унвони профессор ва дотсент мутобиќи тартиби муќарраргардида;
- наќшаи корњои илмию тадќиќотї, таълимию тарбиявї ва такмили ихтисоси њайати профессорону омўзгорон;
- њисоботи декани факултет оид ба корњои таълимию методї, илмї ва тарбиявї;
- пешнињоди номзадњо барои дохил шудан ба аспирантура ва ординатурањои клиникї аз љумлаи хатмкунандагони муассисаи тањсилоти олии додашуда, инчунин номзадњо барои маъмурият ва аспирантураи яксола;
- њолату чорабинињо барои бењбудии минбаъдаи корњои илмию тадќиќотии кормандон ва донишљўёни факултет;
- љамъбасти натиљањои фаъолияти таълимї, тарбиявї, илмию методї ва таљрибаомўзии таълимї ва истењсолии донишљўён;
- мутобиќи тартиби муќарраргардида гузаронидани озмунњо барои ишѓол намудани вазифањои озоди њайати омўзгорон-дотсентон, муаллимони калон
ва ассистентон;
- тасдиќи наќшањои инфиродии аспирантњо ва ординаторњои клиникї ва њамасола баррасї намудани мавод доир ба аттестатсияи онњо;
- дигар масъалањои марбут ба пешбурди фаъолияти факултет.