Кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ
(мудири кафедра д.и.њ., профессор У.А. Азиззода)
Кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ яке аз нахустин кафедраҳо дар факултет ба шумор рафта, соли 1948 ташкил ёфтааст. Кафедра таълими фанњои назарияи давлат ва њуќуќ, проблемањои назарияи давлат ва њуќуќ, таърихи афкори сиёсию ҳуқуқӣ, таърихи давлат ва ҳуқуқи Тољикистон, таърихи давлат ва њуќуќи мамлакатњои хориљї ва як қатор курсҳои махсусро таъмин менамояд.
Кормандони аввалини кафедра хатмкунандагони донишгоњњои Москва, Ленинград ва Институти њуќуќи Харков – В.Г. Гранберг, В.М. Лутский, Р.С. Гимпелевич, Л.С. Явич ва дигарон буданд. Нахустин мудири кафедра В.Г. Гранберг буд. Солњои 1958-1959 В.М. Лутский ва аз соли 1959 то сентябри соли 1974 кафедраро дотсент Р.С. Гимпелевич сарварї намуданд. Дар солњои минбаъда вазифаи мудири кафедраро дотсент Њасанов С.Њ., дотсент Њамидов Х.Њ., профессор Тоњиров Ф.Т., дотсент Азизќулова Г.С. ва профессор Шарофзода Р.Ш., (Сотиволдиев Р.Ш.) адо кардаанд. Айни замон масъулияти мудири кафедраро доктори илмњои њуќукшиносї, профессор Азиззода У.А. бар душ доранд.
Дар кафедра хатмкунандагони факулта Ф.Т. Тоњиров, С.Њ, Њасанов, О.Б. Бобоназарова, Р.Х. Холиќов, Х.Њ. Њамидов, З. Ализода, А.Ѓ. Холиќзода, И.Д. Сафаров кор кардаанд.
Аз солњои 70-80-уми асри гузашта тарбияи кадрњои илми-педагогии миллї оѓоз гардида, дар заминаи кафедра Шурои диссертатсионї оид ба дифои рисолањои номзади ифтитоњ меёбад, ки раисии онро ректори њамонваќтаи Донишгоњ, устоди кафедра академик С.А. Раљабов ба ўњда доштанд. Тањти роњбарии ў олимон – С.М. Ќосимов, А.М. Мавлонов, Ш.Р. Розиќов, А.И. Имомов, Р.Х. Холиќов ва дигарон рисолањои номзадї дифоъ карданд.
Дар давраи истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон кафедра барои омода намудани муттахассисони баландпояи илмї-омўзгорї корњои зиёдеро анљом дода истодааст. Дар ин давра Р.Ш. Шарофзода, А.Г. Холиќзода, Э.С. Насриддинзода, У.А. Азиззода рисолањои докторї ва И.Д. Сафаров, И.Р. Шодизода, И.И. Камолзода, А.З. Куканов, Ш.Ш. Давлатзода, С.Ш. Шарифзода, Д.К. Иброњимзода, З. М. Азимова ва дигарон рисолањои номзадии худро дар заминаи кафедра дифоъ намуданд.
Дар назди кафедра беш аз 20 нафар аспирантону унвонљўён тањти роњбарии устодони кафедра профессор Шарофзода Р.Ш., профессор Азиззода У.А., профессор Насриддинзода Э.С., дотсент Куканов А.З. диссертатсияњои номзадї ва докторї навишта истодаанд.
Айни замон дар кафедра устодони пуртаљриба узви вобастаи АМ ИТ Насриддинзода Э.С., профессор Шарофзода Р.Ш., профессор Азиззода У.А., профессор Ализода З., дотсент Шодиён И.Р., дотсент Камолзода И.И., дотсент Куканов А.З., дотсент Шарифзода С.Ш., н.и.њ., Иброњимзода Д.К., н.и.њ. Азимова З.М. ассистент Розиќзода Д. ба фаъолияти илмї-омўзгорї машѓуланд.
Дар ин солњо аз љониби устодони кафедра дањњо монография, китобњои дарсї, воситањои таълимї ва маќолањои илмї нашр гардидаанд. Аз љумла, бо ќалами академик С.А. Раљабов асарњои «РСС Тољикистон-давлати соњибистиќлоли шўравї» (1957), «Назарияи давлат ва њуќуќ» (китоби дарсї бо њаммуаллифии профессор С.Я. Явич, 1969) ва ѓайра, њамчунин китоби Р.С. Гимплевич «Барќароршавии демократияи сотсиалистї дар Тољикистон», (1967) профессор Тоњиров Ф.Т. (Низоми њуќуќии Тољикистон, Тарихи давлат ва њуќуќи мамлакатњои хориљї ва диг.), профессор Шарофзода Р.Ш. (Назарияи давлат ва њуќуќ, Проблемањои назарияи давлат ва њуќук, таърихи афкори сиёсї ва њуќуќї ва диг.), профессор Холиќзода А.Ѓ. (Таърихи давлат ва њуќуќи Тољикистон, Низоми њуќуќи зардуштї ва диг.) профессор Насриддинзода Э.С. (Таърихи давлат ва њуќуќи Тољикистон), профессор Азиззода У.А. (Инкишофи фаъолияти ќонунгузорї дар Тољикистон, Таърихи давлат ва њуќуќи мамлакатњои хориљї ва диг.) чоп шудаанд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07