Кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ аз нахустин кафедрањои факултети њуќуќшиносї буда, њанўз соли 1949-ум таъсис дода шуда буд. Муассисони кафедра олимони варзида ва шинохтаи илми њуќуќшиносии шўравї - В.Г. Гранберг, В.М. Лутский, Р.С. Гимпелевич, Л.С. Явич, С.А. Раљабов ва дигарон буданд. Онњо дастпарварони донишгоњњои Маскав, Ленинград, Харков ва Тошкент ба шумор мерафтанд. Нахустин мудири кафедра В.Г. Гранберг буд. Солњои 1958-1959 В.М. Лутский, аз соли 1959 то моњи сентябри соли 1974 дотсент Р.С. Гимпелевич дар ин вазифаи пурмањсул кор карданд. Сипас, дар вазифаи мудири кафедра дотсент Њасанов С.Њ., дотсент Њамидов Х.Њ., профессор Тоњиров Ф.Т., дотсент Азизќулова Г.С. кор кардаанд. Њоло мудири кафедра доктори илмњои њуќукшиносї, профессор Сотиволдиев Р.Ш. мебошад. Олимони номбурда дар таъсиси кафедра ва тарбияи нахустин кадрњои миллии њуќуќшинос сањми шоиста гузоштаанд. Дар давраи ташаккули кафедра хатмкунандагони факултет А.М. Мавлонов, С.М. Ќосимов, А.И. Имомов, С.Њ. Њасанов, Ф.Т. Тоњиров, Р.Х. Холиќов, Л.И. Зимина, О.Б. Бобоназарова, хатмкардаи Донишгоњи давлатии Маскав Х.Њ. Њамидов ва дигарон дар кафедра ба кор монда, корњои илмї-тањќиќотии хешро пеш бурдаанд ва дар инкишофи илми њуќуќшиносї ќадамњои аввалин гузоштаанд. Дар таъсису равнаќи бемайлони кафедра сањми академики АИ ЉШС Тољикистон, ректори Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи В.И. Ленин (њоло ДМТ) Солењ Ашўрхољаевич Раљабов калон аст. Мавсуф ба њайси устоди кафедра солњои 1950-1980-ум барои донишљўёни факултет аз фанни «Назарияи давлат ва њуќуќ» дарси лексионї мегузаштанд. Солњои фаъолияти академик С.А. Раљабов дар њаёти кафедра, факултет ва донишгоњ давраи камолоти тарбияи кадрњои илмиву омўзгорї гардид. Дар Шўрои диссертатсионї, ки бо сањми академик С.А. Раљабов ташкил гардид, як зумра муњаќќиќон - А.М. Мавлонов, С.М. Ќосимов, Ш.Р. Розиќов, Ф.Т. Тоњиров, Р.Х. Холиќов, Л.И. Зимина, С.Њ. Њасанов, А.И. Имомов, Н. Бобољонов, Н. Њувайдуллоев ва дигарон рисолањои номзадии хешро дифоъ намуданд. Солњои 1970-1980-ум роњбарии кафедраро номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент С.Њ. Њасанов ба уњда гирифт. Солњои роњбарии ў ба кафедра хатмкардагони факултет Г.С. Азизќулова, Р.Ш. Сотиволдиев, З. Ализода ба кор ќабул шуданд ва ба фаъолияти илмиву омўзгорї шурўъ намуданд. Солњои минбаъда сарварии кафедраро дотсент Х.Њ. Њамидов, профессор Ф.Т. Тоњиров, дотсент Г.С. Азизќулова ба зимма доштанд. Аз соли 2002-ум инљониб кафедраро профессор Р.Ш. Сотиволдиев роњбарї мекунад. Солњои 1990-2000-ум ба кафедра якчанд љавонони хушсалиќа, хатмку- нандагони факултети њуќуќшиносї И.Д. Сафаров ва А.Ѓ. Холиќзода ба кор шурўъ намуданд. Солњои 2000-ум барои кор дар кафедра хатмкардагони факултет И. Шодизода, И. Камолзода, А. Куканов, У.А. Азиззода, Э.С. Насриддинзода, сипас, Ш. Давлатзода, Д. Ќ. Ибрагимов, С. Шарифзода, Азимова З.М. ба корњои илмї-омўзгорї шурўъ намуданд.
Њайати амалкунандаи кафедра.
Дар кафедра айни замон устодони пуртаљриба, аз љумла академики АИ Љумњурии Тољикистон, профессор Тоњиров Ф.Т., мудири кафедра, профессор Сотиволдиев Р.Ш., узви вобастаи АИ Љумњурии Тољикистон, профессор Насриддинзода Э.С., дотсентон Азизќулова Г.С., Камолзода И.И., Шодизода И.И., Куканов А.З, инчунин устодони љавон Шарифзода С.Ш., Ибрагимов Д.Ќ., ки айни њол рисолањои номзадиашонро њимоя намуданд, Азимова З.М. фаъолияти илмї-омўзгориашонро идома медињанд. Солњои тўлонї вазифаи лаборанти кафедраро Бухориева А. ба уњда дорад.
Мудири кафедра,
д.и.њ., профессор Сотиволдиев Р.Ш.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07