Кафедра соли 1949 ташкил ёфта, зиёда аз 50 сол мешавад, ки барои инкишофи илми њуќуќи гражданї дар Тољикистон сањми босазои худро мегузорад. Дар ин давра, кафедра чун заминаи асосии инкишофи илми њуќуќи граждании Тољикистон баромад намуда, дар омода намудани њазорњо њуќуќшиносон, ки имрўз дар соњањои гуногуни иќтисодиёти мамлакат фаъолият менамоянд, сањми арзандаи худро гузоштааст.
Нахустин мудири кафедра д.и.њ., профессор, Ходими шоистаи илми Љумњурии Тољикистон В.И. Коретский (1954-1968) буданд. Мавсуф дар љодаи илм хизматњои назаррас намудаанд, сарварии минбаъдаи кафедраро олимони намоён д.и.њ., профессорон Е.Н. Яковлева (1968-1972), В.А. Ойгензихт (солњои 1976-1980) ба зимма доштанд. Роњбарии кафедраро солњои 1972-1976, 1980-2006 узви вобастаи АИ ЉТ, д.и,њ, профессор, Њуќуќшиноси шоистаи ЉТ, Арбоби илм ва техникаи ЉТ О.У. Усмонов бар ўњда дошта, барои рушди кафедра ва илмњои њуќуќї дар Тољикистон сањми калон гузоштаанд. Профессор Таѓойназаров Ш.Т. солњои 2006 - 2010 роњбарии кафедраро ба уњда доштанд.
Аз 03. 01. 2011с. инљониб вазифаи мудири кафедраро д.и.њ., профессор Ѓаюров Ш.К. ба зима доранд, ки тамоми њастии худро барои рушти минбаъдаи кафедра, илми њуќуќи гражданї ва тайёр намудани њуќуќшиносони ватанї бахшидаанд.
Кафедра дар миќёси љумњурї ва берун аз он обрўю эътибори хоса дорад. Имрўз дар кафедра чунин олимони намоёни Љумњурии Тољикистон ба монанди Академик Мањмудов М.А., профессорон Ѓаюров Ш.К., Таѓойназаров Ш.Т. Муртазоќулов Љ.С., дотсентон Њимматов Њ.Н., Расулов Б.Р., Ќурбонов К.Ш., номзадњои илми њуќуќшиносї Бадалов Ш.К., Ќурбонов Ќ.Б., ассистентони кафедра Ахмедљонов И.Ѓ., Ќосимов Ф.А., Ќурбоналиев Н.Ш., Саидов Њ.М. ба фаъолияти илмї омўзгорї машѓуланд. Њамзамон кафедра ба тарбия намудани кадрњои љавони омўзгорї ва омода намудани олимони љавон ањамияти хоса медињад.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07