Соли 1973 дар факултети њуќуќшиносї кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурорї таъсис дода шуд, ки таълими фанњои суд ва адолати судї дар ИЉШС, мурофиаи љиноятї ва гражданї, назорати прокурорї, криминология, психологияи судї, тибби судї, этикаи касбии њуќуќшиносї, бухгалтерияи судї, омори судї, курсњои махсуси - виктимология, проблемањои муњими мурофиаи гражданї, тафтишоти пешазсудиро таъмин мекард.
Ташаббускор ва бунёдгузори кафедраи мазкур олими машњур, доктори илми њуќуќ, профессор В.Г. Мелкумов буданд. Устодро метавон яке аз асосгузорони назарияи илми назорати прокурорї дар давлати шўравї шумурд. Тадќиќотњои гузаронидаи профессор Мелкумов В. Г. на танњо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ миёни доирањои васеи илмии давлати абадкудрати шўравї мањбубияти хосеро соњиб буданд. Аксарияти омўзгорони кафедра олимони эътирофшуда буданд. Чунончї, дотсент Л.В. Франк асосгузори равияи нави илмї - виктимология (илм дар бораи ќурбонињои љиноят) мањсуб мешуд. Дотсент Љ. Р.Љалилов дар инкишофи илми мурофиаи гражданї дар љумњурї сањми зиёде гузоштааст. Дотсентон Љ.С. Орифов собиќ корманди прокуратура ва ветерани мењнат, Н.А. Абдуллоев мутахассиси соњаи њуќуќи мурофиаи љиноятї, сохтори судї ва назорати прокурорї, С.Ш. Болтуев тадќиќотњои муфиди илмиро анљом дода миёни олимону мутахассисони љумњурї њамчун донишмандони касби хеш маъруфият доранд. Таърихи таъсисёбии кафедра ва пешрафти кафедраи њуќуќи судиро метавон ба се давра таќсим намуд. Давраи аввал солхои 1973-1985-ро дар мегирад. Дар ин давра роњбари кафедраро олими шинохта В.Г. Мелкумов ба ўњда дошт, ки кафедра дастовардњои назаррасеро ба даст овард. Тўли солњои 1973-1984 кафедра ба комёбињои назаррас ноил шуд, дар ин давра беш аз 100 кори илмиву тадќиќотї ба нашр дода шуд, ки 35-тои он ба соњаи криминология - асосан ба проблемањои виктимология, 32-тои он ба проблемањои истењсолоти судї ва њуќуќи мурофиавї ва 25-тои он хусусияти таълимиву методї доштанд.
Як зумра корњои тадќиќотї дар робитаи зич бо олимони машњури марказњои илмии ИЉШС ва хориљ аз он (профессорон: Г.А. Абдумачидов, А.Д. Берензон, В.Буларгин, А.К. Звирбуль, А.И. Денисов, В.З. Лукашевич, П.С. Элькинд, Т.Н. Добровольская) ба анљом расонида шуданд. Хидмати бузурги дотсент А.Д. Тартаковскийро, ки масъалањои пешгирии шиканља ва вазъи њолатњои криминологиву виктимологиро њангоми шиканља тадќиќ кардааст, хотирнишон кардан зарур аст.
Ба туфайли мањсули корњои илмии аъзои кафедра Л.М. Франк, В.П. Коновалова, А.Д. Тартаковский, Н.А. Абдуллоев, ки усулњо ва методикаи гузаронидани муоинањои психологї ва дигар навъњои экспертизањои судиро дар кафедра ба вуљуд оварда буданд, ба маќомоти њифзи њуќуќи љумњурї кўмаки амалї расонида мешуд. Олимони кафедра Љ.Р.Љалилов, Н.А. Абдуллоев, И.А. Агабабовян дар баробари кори илмї дар кафедра њамчунин аъзои Шўрои илмию машваратии Суди Олии Љумњурии Тољикистон низ буданд.
Давраи дуюми фаъолияти кафедра солњои 1985-1991-ро дар бар мегирад, ки роњбарии кафедраро олими маъруф Љ. Р. Љалилов ба зимма доштанд. Анљом додани корњои муфиди тадќиќотї, навиштани монографияву маќолањои илмї, дастуру васоити таълимї низ аз самтњои афзалиятноки кормандони кафедра ба њисоб мерафт. Хусусан наќши калони мудири кафедра устод Љалилов Љ.Р-ро дар пешрафти илми њуќуќи мурофиаи гражданї ќайд кардан љоиз аст. Зеро монография ва маќолањои илмии таълифнамудаи устоди мўњтарам дар хусуси институтњои алоњидаи илми њуќуќи мурофиаи гражданї то ба имрўз сарчашмаи муњими истифодаи маводи пурќимати назариявианд. Дар ин давра устоди кафедра С.Ш. Болтуев сарбаландона рисолаи номзадии худро њимоя намуданд.
Давраи сеюми фаъолияти кафедра њамќадами истиќлолияти Тоќикистон аст, ки давраи солњои 1991 то ба имрўзро дар бар мегирад. Рохбарии кафедраро аз соли 1991 то моњи июни соли 2008 номзади илмњои њуќуќ, дотсент Н.А. Абдуллоев ба зимма доштанд. Дар ин давра якчанд устодони маъруф кафедраро тарк намуданд. Роњбарияти кафедраро зарур буд, ки диќќати асосиро ба интихоб ва љобаљогузории кадрњо ва таъмини љараёни мўътадили таълим аз фанњои марбути кафедра равон намояд. Роњи асосии њалли масъаларо мудири кафедра Н.А. Абдуллоев дар љалби хатмкунандагони фаъоли факултет љўён шуд. Аз ин рў, бо азму кўшиши устод дар давоми солњои 1991-1992 як зумра љавонони боистеъдод ба монанди Бањриддинов С.Э, Искандаров З.Њ, Фозилов Н.Н. аз њисоби хатмкунандагони факултет ба кафедра ба кор кабул шуданд, ки масъулияти минбаъдаи таъмин љараёни мўътадили таълим дар кафедра ба зиммаи онњо вогузор шуд. Дар баробари фаро гирифтан ба љараёни таълиму таълифи дастуроти методи хамчунин онњо сарбаландона ба корњои илмї-тадќиќотї низ машѓул шуданд. Мањз истеъдоду мањорат ва љасорати илмии эшон буд, ки устодони љавон Бањриддинов С.Э. ва Искандаров З.Њ. соли 1996 сарбаландона рисолањои номзадии худро њимоя намуда, ба дарёфти дараљаи илмии номзади илмњои њуќуќшиносї мушарраф гаштанд. Минбаъд якчанд манографияњо, васоити таълимї ва маќолањои илмии арзишнок таълиф намуданд, ки аз љониби донишљўён ва дигар шавќмандони илми њуќуќ фаровон истифода мешаванд. Сањми устоди кафедра муаллими калон Н.Н.Фозилов-ро низ ќайд кардан зарур аст. Устод имрўз яке аз мутахассисони асили соњаи илми њуќуќи мурофиаи гражданї дар Тољикистон ба њисоб меравад. Дар хусуси пањлўњои алоњидаи институтњои илми њуќуќи мурофиаи гражданї матолиби пурарзишеро интишор намудааст. Њамчунин бо ташаббуси мудири кафедра Н.А. Абдуллоев дар давоми солњои 1999-2001 устодони љавон Л.Фахриддинова, И.Т. Мањмудов, Х. М. Ѓафуров ва солњои 2006-2008 С.Б. Мирзоев ва А.Х. Авзалов ба њайси ассистент ба кор кабул карда шуданд. Устодони кафедра Х.М. Ѓафуров ва И.Т. Мањмудов бо марказњои бонуфузи илмии шањри Москав ба њайси унвонљў ва аспирант робитањои муфиди илмиро ба роњ монданд. Натиљањои њамкорї самараи хуб овард. Соли 2006 дар Академияи давлатии њуќуќии Маскав устоди кафедра Х.М. Ѓафуров ба дарёфти дараљаи илмии номзади илми њуќуќ мушарраф гашт.
Њамчунин дар ин давра робитањо ва њамкорињои мутаќобилан судманди кафедраро бо маќомоти њифзи њуќуќи Тољикистон бояд ќайд кард. Дар ин давра шахсони соњибтаљрибаи маќомоти њифзи њуќуќ ба кафедра ба таълим љалб шуда буданд, ки донишљўён аз донишу мањорати касбии онхо бархурдор мешуданд. Хусусан сањми шодравон С. К. Кенчаевро ќайд кардан лозим аст, ки солиёни дароз аз фанни назорати прокурорї ба донишљўён дарс мегуфтанд. Дар ин давра њамчунин корманди прокуратура, номзади илмњои њуќуќшиносї К.А. Мирзоева низ бо кафедра њамкорї доштанд. Кафедра бо як ќатор макотиби олї ва марказњои бонуфузи кишварњои узви ИДМ, ки дар тайёр намудани мутахассисон таљрибаи комил пайдо кардаанд, равобити дуљонибаи манфиатбахш барќарор намудааст. Аз ин љињат устодони кафедра бо эњтирому миннатдорї номи профессорон Г.А. Абдумаджидов, Н.Ф. Кузнецова, А.Н. Ларьков, О.К. Орлов, Э. Куцова ва К.Ф. Гуценко, Г.П. Саркисянц, Г.Л. Осокина ва дањњо олимони забардастро ба забон мегиранд. Сиёсати кадрии мудири кафедра дотсент Н.А. Абдуллоев, ки дар афзалият бахшидан ба љавонони лаёќатманд-хатмкунандагони факултет зоњир мегашт, дурустии худро собит сохт. Шогирдони устод миёни коллективи кории факултети њуќуќшиносї ва ањли устодони донишгоњ њурмату эњтироми хосса пайдо намуда, миёни доирањои илмии кишвар пазируфта шуда, њамчун шахсони соњибтаљриба ва кордон ба њалли мушкилињо ва масоили илмиву таълимии факултет ба њайси шахсони масъул љалб шудаанд. Устоди кафедра, дотсент З.Њ. Искандаров дар давоми зиёда аз 12-сол вазифаи муовини декани факултети њуќуќшиносї оид ба таълимро иљро намуда, таљрибаи бойи корњои идоракунї-маъмуриро андўхтааст. Устоди дигари кафедра дотсент С.Э. Бањриддинов бошад айни замон вазифаи пурмасъули муовини аввали директори Маркази миллии ќонунгузории Љумњуриро ба зимма дорад. Хизматњои содиќонаи устодон Н.А. Абдуллоев, д.и.њ., проф. Искандаров ва муаллими калон Н.Н. Фозиловро дар рушди илми њуќуќ ва тайёр намудани мутахассисон Њукумати Љумњурї бо медали «Шарафи мењнат», нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон», «Њуќуќшиноси шоистаи Љумњурии Тољикистон», «Хизмати шоиста» ќадршиносї намудааст.
Аз моњи июни соли 2008 то моњи апрели соли 2013 роњбарии кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурориро олими боистеъдод, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор З.Њ. Искандаров ба ўњда дошт. Аз моњи апрели соли 2013 инљониб роњбарии кафедраро номзади илмњои њуќуќ, дотсент Мањмудов И.Т. ба ухда дорад.
Устод И.Т. Мањмудов дар асоси пос доштан ва эњтироми анъана ва арзишњои ќобили эњтироми љомеаи њуќуќшиносон, ба кор шурўъ намуда, онро пурмањсул идома дорад. Самтњои афзалиятноки кафедраро барои солњои наздик ва дурнамо муайян намуда, устодони кафедраро ба иљрои бечунучарои наќшањои кории инфиродї ва таълимї; вусъат додани корњои илмї-тадќиќотї; интишор ва ба чоп омода намудани монографияњо, васоити таълимї, китобњои дарсї, дастурњои методї, маќолањои илмї; тарѓиби эњтироми арзишњои милливу фарњангї миёни донишљўён ва пеш аз њама дўст доштану ќадр намудани касби пуршарафи устодї ва риояи љиддии интизоми мењнат муваззаф намудааст. Умед аст, ки дар амал бароварда намудани њадафњои неки боло зикр шуда ба тањкими фаъолияти мураттаби кафедра вусъати тоза бахшида, ояндаи нек ва дурнамои дурахшони кафедраро бозгў хоњад намуд. Дар ин давраи начандон тулонї се рисолаи илмї ба анљом расонида шуда, дар натиља ба дараљљањои доктори илм аз равияи мурофиаи љиноятї аввалин маротиба дар таърихи инкишофи ин њуќуќ аз љониби мудири кафедра дотсент З.Х. Искандаров, дараљљаи номзади илм дар соњаи назорати прокурорї аз љониби муаллими калон И. Т. Мањмудов ва дараљаи номзади илм дар соњаи мурофиаи судии конститутсионї аз љониби С.Б. Мирзоев мушарраф гардиданд. Самтњои корњои илмї-тадќиќотии кафедра муайян шуда, масъулияти устодон дар ин љода муќаррар шудаанд. То ба имрўз дар кафедра як ќатор тадбирњо роњандозї шудаанд. Чунончї, дар ин давра устодони кафедра дар чандин конфронсњои илмї-амалии љумњуриявї иштирок намуда, ба дањњо лоињањои санадњои меъёрї-њуќуќї, аз љумла лоињањои ќарорњои Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон, нисбат ба парвандањои Суди конститутсионї фикру таклифњои судманд ва илман асосноки худро пешнињод намудаанд. Густариши њамкорињои муфиди корї ва муњайё намудани заминањои боэътимоди ќарордодиву њуќуќї бо маќомоти њифзи њуќуќ, низоми судї ва дигар ташкилотњои давлативу ѓайридавлатии њуќуќмуњофизавї низ аз самтњои пешбари кафедра баргузида шудаанд.
Бо маќсади пайвастани илм бо истењсолот ва дар ин замина бархурдор намудани донишљўён аз навгонињои ќонунгузории амалкунанда, фаъолияти њуќуќтатбиќкунї, муаммоњои илмї-амалии маќомоти тафтишотию прокурорї ва низоми судї кормандони амалї ва чанд нафар аз унвонљўён ба љараени таълим чалб шудаанд. Аз љумла кормандони масъули маќомотњои њифзи њуќуќ номзади илмњои њуќуќшиносї, мушовири давлатии адлияи дараљаи 3-юм М.Ш. Исоев, муовини Раиси Суди Олии иќтисодї, н.и.њ. В. Фатњуддинов, сардори шўбаи амнияти Шўрои амнияти ЉТ Ю. А. Рањмонов, муовини сардори Раёсати Прокуратураи Генералї Ф.Х. Рауфов ба донишљўён аз курсњои махсус дарс мегўянд.
Дар ояндањои наздик аз љониби устодони кафедра таълифи як ќатор васоити таълимї ва китобњои дарсї, аз ќабили «Мурофиаи љиноятї» (васоити таълимї); назорати прокурорї, криминология, Тафсири КМГ, «Адвокатураи судї» (васоити таълимї); Њимояи њуќуќи инсон дар мурофиаи љиноятї (монография) дар назар дошта шудааст.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07