ЊИСОБОТ
оид ба фаъолият ва дастовардњои кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурорї дар бахши корњои илмї-тањќиќотї, такмили раванди таълим ва вусъат додани корњои тарбиявї дар соли тањсили 2016-2017
Кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурорї фаъолияти худро дар асоси ќонунњои Љумњурии Тољикистон, дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон, Низомномаи намунавї оид ба муассисаи таълимии тањсилоти олии касбї ва тањсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Љумњурии Тољикистон, Низомномаи кафедра, ќарорњои мушовараи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, Оиннома, ќарорњои Шўрои олимон ва фармоишњои ректори Донишгоњи миллии Тољикистон ба роњ монда, њамзамон ќарорњои Шўрои олимон ва садорати факултет, дастуру фармоишњои декани факултет, Наќша-чорабинињои факултетро ба роњбарї мегирад. Дар давраи њисоботї кафедра дар бахшњои таълим, илм, тарбия ва њамкорињо корњои муайянеро ба сомон расондааст.
1. Њаёти таълимї
Кафедра фаъолияти худро дар асоси наќшаи кории кафедра ба роњ монда то кунун 8 маротиба љаласањои кафедра баргузор шудаанд. Кафедра дар таъмин намудани раванди таълим дар шўъбањои њуќуќшиноси умумї (рўзона ва ѓоибона), маълумоти дуюми олї (ѓоибона), муносибатњои байналхалќї (рўзона), экспертизаи судї (рўзона), идораи давлат ва њуќуќ, фаъолияти ҳифзи њуќуќ (рўзона ва ѓоибона),танзими њуќуќи молия ва ќарз ва њифзи моликияти зењнї (рўзона) ширкат менамояд. Њаљми умумии соатњои таълимие, ки устодони кафедра дар давоми соли тањсили 2016-2017 ба иљро мерасонанд, 12511 (15988-соли 2015-2016) соатро ташкил менамояд. Соатњои таќсимшуда дар байни њайати устодони кафедра 11902 соат, соатњои таќсимшудаи иловагї 779 соат ва соатњои таќсимшуда миёни соатбайъњо 609 соатро ташкил медињад.
Самти асосии фаъолияти кафедра таъмин ва такмили љараёни таълим ба њисоб меравад. Шумораи кормандони штатии кафедраро айни замон 19 нафар ташкил медињад, ки аз ин шумора 17 нафар омўзгорон ва ду нафар кормандони ёрирасон ба њисоб мераванд. Аз љумла дар кафедра 1 д.и.ҳ., профессор (З.Њ. Искандаров), 4 дотсент (Н.А. Абдуллоев, С.Э. Баҳриддинзода, Х.М. Ѓафуров, И.Т. Маҳмудов), 2 муаллими калон (Н.Н. Фозилов, Н.Б.Хољаева), 1 нафар номзади илмњои њуќуќ, ассистент (П.С. Абдуллоев), 9 ассистент (А.Х. Авзалов, М.С. Сафиева, М.С. Раҳимов, Х.Ѓ.Ҷалолов, Б.С. Негматов, У.Э.Неъматуллоев, К.М.Исоев, С.И. Шоќулова, У.Ѓ. Ѓанизода), 1 нафар мудири кабинети кафедра (Н.Ш.Охунова) 1 лаборант (М.С.Њотамова) фаъолият менамоянд. Њамзамон 5 нафар соатбайъ барои пешбурди соатњои таълимї низ ба кафедра љалб шудаанд (Шањидуллозода М., Рауфов Ф.Х., Салимзода Т.Н., Љавов У.Л., Атоев А.А.). Соли равон ду нафар омўзгорони љавон (Шоќулова С.И., Ѓанизода У.Ѓ.) ба кор ба сифати ассистент ќабул карда шуданд.
Корњои таълимї бо роњи иљро намудани сарбории устодон дар намуди ташкил ва гузаронидани машѓулиятњои лексионї, семинарї, роњбари ба корњои таълимию истењсолї, таљрибаомўзї, кори курсї, рисолаҳои дипломї, корњои мустаќилонаи донишљўён, ташкил ва гузаронидани санљишу имтињоноти љориву давлатӣ ифодаи худро меёбад. Масоили бо љарёни таълим алоќаманд, хондани лексия, гузаронидани машѓулиятњои семинарї, њар гуна маслињатњои таълимї, ќабули санљишу имтињонњо, корњои инфиродї, навиштани рефератњо, бо донишљуён гузаронидани санљишњои фосилавї, ба дарсњои њамдигар даромадан, иштироки мудири кафедра ба дарсњои устодон ба таври доимї ба роњ монда шуда, сол то сол дар њоли рушд ќарор дорад. Масъалаи мазкур мавриди назорати пайвастаи садорати факултет ќарор дорад.
Машѓулиятњои лексионї ва семинарї (амалї) устодони кафедра дар асоси наќшањои корї, силлабус ва матни лексия, ки бо ќарори кафедра ва Шўрои методии факултет тасдиќ гардидааст, сурат мегирад. Ба донишљўён пеш аз оѓози дарс дар шакли электронї маводи таълимї пешнињод гардидааст.
Роњбарї ба корњои таълимию истењсолї, таљрибаомўзї, корњои курсї, лоиња ва корњои дипломї, њамчунин корњои мустаќилонаи донишљўён, ташкил ва гузаронидани рейтингњои фосилавї, санљишу имтињонњои љорї аз љониби устодони кафедра дуруст ба роњ монда шудааст.
Дар кафедра фанњои асосии зерин таълим дода мешаванд: маќомоти њифзи њуќуќ; мурофиаи љиноятї, мурофиаи гражданї, криминология, мурофиаи судии иќтисодї, назорати прокурорї, психологияи юридикї ва этикаи касбии њуќуќшиносї.
Љараёни баргузории дарсњо ва иљрои љадвали дарсї аз љониби кафедра пайваста мавриди назорат ќарор дода мешавад. Соли таълимии равон ягон њолати дарсшиканї ба ќайд гирифта нашудааст. Вале њолатњои ивази дарс бо сабабњои узрнок љой доранд. Рафти ќабули санљишу имтињонњо ва рейтингњои фосилавї дар љаласањои кафедра мавриди баррасї ќарор дода мешаванд. Дар асоси фармоиши ректори ДМТ кафедра саволномањои тестиро барои сессияи санљишиву имтињонии тобистонаи соли тањсили 2016-2017 омода намуда ба Раёсати донишгоњ пешнињод намуд. Омодагии кафедра ба КАД бањри ќабули имтињонњои давлатї ќаноатбахш арзёбї мегардад.
Њамзамон ба донишљўён аз рўйи ихтисос курсњои махсуси тартиб додани њуљатњои мурофиавии давраи тафтишоти пешакї, далелњо ва исботкунї дар мурофиаи љиноятї, адвокатураи судї, мурофиаи судии маъмурї, иштироки прокурор дар суд, нотариат, стандартњои одилонаи мурофиаи судї таълим дода мешаванд. Натиљабахшии љараёни таълимро бе мављудияи шароиту имкониятњои моддї-техникї тасаввур намудан ѓайриимкон аст. Аз ин лињоз, фаъолияти њамаљонибаи кабинети кафедра дар ин самт наќши калонро дорад. Кабинет бо воситањои таълимї ва маводњои зарурї, аз љумла як адад компютер ва доскаи электронї таъмин шудааст. Њамзамон дар заминаи њамкории Донишгоњи миллии Тољикистон бо Ассотсиатсияи њуќукшиносони Амрико кафедра бо 4 адад ноутбук ва дигар лавозимоти техникї таъмин гардид.
Бо маќсади баланд бардоштани самаранокии низоми таълим аз љониби омўзгорони кафедра аз усулњои интерактивии таълим васеъ истифода бурда мешаванд. Аз љумла, ба донишљўён њангоми омўзиши фанњои таълимии мурофиаи љиноятї ва гражданї барои тањияи њуљљатњои мурофиавї оид ба парвандањои љиноятї ва гражданї корњои мустаќилона дода шуда, ин амал зимни гузаронидани машѓулиятњо аз курси махсуси тартиб додани њуљатњои мурофиавии давраи тафтишоти пешакї васеъ ба роњ монда мешавад. Гузашта аз ин бо мусоидати устодони кафедра Фозилов Н.Н., Хољаева Н.Б. ва Авзалов А.Х. бо донишљуёни курсњои 4-уми ихтисоси ФЊЊ ва курсњои 3-юми ихтисоси умумї мурофиаи суди таълимї оид ба парвандаи љиноятї ва гражданї гузаронида шуданд.
Соли љорї ќабули корњои курсї дар курсњои 4-ми шўъбаи рўзона аз рўйи ихтисос (85 нафар), курси сеюми шўъбаи ѓоибонаи тањсилоти дуюми олї (52 нафар) ва курси сеюми шуъбаи рўзонаи ихтисоси фаъолияти њифзи њуќуќ пешбинї шудааст, ки дар маљмўъ барои иљрои онњо аксарияти устодони кафедра нафар вобаста шудаанд.
Бо фармони Ректори ДМТ аз 16.12.2016, № 383-04 донишљўёни курси сеюми шўъбаи ѓоибонаи маълумоти дуюми олии факултети њуќуќшиносї аз 19.12.2016 то 31.12.2016 дар маќомоти судї ва аз 03.01.2017 то 14.01.2017 дар маќомоти корњои дохила; бо фармони Ректори ДМТ аз 16.12.2016, № 383-04 донишљўёни курси панљуми шўъбаи ѓоибона аз 19.12.2016 то 31.12.2016 дар маќомоти судї ва аз 03.01.2017 то 14.01.2017 дар маќомоти корњои дохила; бо фармони Ректори ДМТ аз 1912.2016, № 397-04 ва фармоиши Прокурори генералии ЉТ аз 30.12.2016, № 5-169 донишљуёни курси панљўми шўъбаи рўзона ба таљрибаомўзии истењсолї ва пешаздипломї сафарбар карда шуданд, ки љараёни баргузории онњо аз љониби устодони кафедра зери назорат ќарор дода шудаанд. Айни замон онњо таљрибаомўзии худро дар назди роњбарони масъул њимоя карда истодаанд.
Рафти иљрои наќша-чорабинињои факултети њуќуќшиносии ДМТ дар соли тањсили 2016-2017 љињати иљрои «Барномаи рушди факуллтети њуќуќшиносии ДМТ барои солњои 2015-2020» (34 банд), «Стратегияи муќовимат бо коррупсия дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2013-2020» (12 банд); «Стратегияи миллии Љумњурии Тољикистон оид ба муќовимат бо экстремизм ва терроризм барои солњои 2016-2020» (11 банд) ва наќша-чорабинињое, ки аз Паёми асосогузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон (22 банд) бар меоянд, мавриди назорати доимии кафедра ќарор дода шуда, вазъи иљрои онњо дар љаласањои кафедра натиљагирї карда мешаванд.
Барои дастгирї ва ёрии методї ба омўзгорони љавон ва камтаљриба дар роњи такмил додани мањорати педагогии онњо наќшаи дарсњои кушод ва дарсњои њамдигарї омода гардида, дар маљлисњои кафедра аз натиљааш хулосањо шунида шуданд.
Соли љорї навиштани рисолањои дипломї дар шўъбањои рўзона, ѓоибона ва тањсилоти дуюми олї пешбинї шудааст. Айни замон аз љониби 50 нафар дар рузона, 15 нафар дар шўъбаи маълумоти дуюм ва 2 нафар дар шўъбаи ѓоибона рисолаи дипломї омода шуда истодаанд.Дар ин љода иљрои дастури декани факултет дар мавриди омода кардани рисолањои дипломї ба инобат гирифта мешавад.
Дар баробари ин соли равон як гуруњ устодони кафедра (Искандаров З.Њ., Фозилов Н.Н., Авзалов А.Х., Мањмудов И.Т., Абдуллоев П.С.) дар тањияи лоињаи Консепсияи сиёсати њуќуќии Љумњурии Тољикистон оид ба бахшњои њуќуќи мурофиаи љиноятї ва њуќуќи мурофиаи гражданї фаъолона иштирок намуданд. Гузашта аз ин ба маќсади таъсиси Шўроњои миллии њимояи рисолањои номзадї аз љониби устодони кафедра оид ба ихтисосњои 12.00.09, 12.00.11, 12.00.15 шиносномаи ихтисос омода карда шуд.
Дар ин давра 3 нафар устодони кафедра ба медали барои њамкорињо аз љониби Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон (Мањмудов И.Т., Абдуллоев П.С., Искандаров З.Њ.) як нафар ба Ифтихорномаи ДМТ (Абдуллоев П.С.) ва 1 нафар (Хољаева Н.Б.) ба унвони Аълочии маориф ва илми Љумњурии Тољикистон сарфароз гардиданд.
Соли 2016 10 нафар устодони љавони кафедра (Љалолов Х.Ѓ., Сафиева М.С., Исоев К.М., Негматов Б.С.. Авзалов А.Х., Абдуллоев П.С., Хољаева Н.Б.,Ѓанизода У.Ѓ., Рањимов М.С., Шоќулова С.И.) курси пурраи тањсилро дар донишкадаи такмили ихтисоси омўзгорони муассисањои тањсилоти олии касбии назди Донишгоњи миллии Тољикистон бо ихтисоси равияи гуманитарї-њуќуќиро ба поён расонида, наќшањои илмї ва таълимиро иљро намуда ба гирифтани дипломњои дахлдор сазовор гардиданд.
2. Њаёти илмї
Яке аз бахшњои муњими фаъолияти кафедраро пешбурди корњои илмї-тањќиќотї ташкил медињад. Дар давраи њисоботї фаъолияти кафедра бањри пурра, њаматарафа, бенуќсон иљро намудани наќшаи илмї-тадќиќотии кафедра барои солњои 2016-2020 равона карда шудааст. Кафедра фаъолияти илмї-тадќиќотии худро дар чорчубаи самти илмї - «Масоили назария ва амалияи њуќуќи мурофиавї, фаъолияти прокурорї, фаъолияти дигари њуќуќмуњофизавї ва криминология дар Љумњурии Тољикистон» ба роњ мондааст, ки тадќиќи масоилњои рўзмарраи назариявї ва амалии мукаммал сохтани ќонунгузории мурофиаи љиноятї, мурофиаи гражданї ва назорати прокурорї, њимояи хуќуќи инсон ва шањрванд, ислоњоти низоми судии ЉТ ва пешгирии љиояткориро фаро гирифтааст.
Соли 2016 давраи аввали иљрои наќшаи 5 солаи (барои солњои 2016-2020) корњои илмї-тадќиќотии кафедра њисоб шуда, онро 14 нафар тадќиќотчиён ба амал бароварданд, ки аз онњо як нафар доктори илмњои њуќуќшиносї, (Искандаров З.Њ.), 5 нафар номзадони илми њуќуќшиносї ва дотсентон (Абдуллоев Н.А., Бањриддинзода С.Э, Мањмудов И.Т., Ѓафуров Х.М., Абдуллоев П.С.), ду нафар муаллими калон (Фозилов Н.Н., Хољаева Н.Б.) ва 6 нафар ассистентон (Авзалов А.Х., Сафиева М.С., Рахимов М.С.,Љалолов Х.Ѓ., Неъматов Б.С., Неъматуллоев У.Э.) мебошанд.
Айни замон аксарияти љавонони кафедра ба мавзў ва роњбари илмї таъмин мебошанд. Аз љумла бояд ќайд намуд, ки ассистент Сафиева М.С. тањти роњбарии д.и.њ., Буриев И. дар мавзўи «Пайдоиш ва инкишофи институти шоњидї дар ќонунгузории мурофиавии то даврони Шўравии Тољикистон»; Рањимов М.С. тањти роњбарии профессор Искандаров З.Њ., дар мавзўи «Њимояи давлатии амнияти иштирокчиёни мурофиаи љиноятї: вазъи батанзимдарории њуќуќї амалия ва дурнамои инкишоф» рисолаи номзадї навишта истодаанд. Њамзамон ассистенти кафедра Љалолов Х.Ѓ. тањти роњбарии д.и.њ., профессори Университети давлатии лингвистикаи шањри Москав Казакова Вера Александровна дар мавзўи «Характеристикаи криминологии љинояткории занона дар Љумњурии Тољикистон», ассистент Неъматуллоев У.Э. дар мавзуи «Таъсисёбї ва рушди падидаи нотариат дар Тољикистон» (роњбари илмї д.и.њ. Сафаров Б.А.) ва ассистент Негматов Б. дар мавзуи “Тартиби соддакардашудаи пешбурди тафтишоти судї дар мурофиаи љиноятии Љумњурии Тољикистон” тањти роњбарии дотсенти кафедра Ѓафуров Х.М. рисолањои номзадї омода карда истодаанд.
Њамзамон устодони кафедра дар давраи њисоботї дар кори беш аз 20 кофронсу семинарњои илмї-амалии байналмилалї, љумњуриявї ва донишгоњї иштирок ва маъруза намуданд. Дар асоси фармоиши ректори ДМТ аз 21.10..2016, № 229-09 санаи 25 ноябри соли 2016 дар заминаи кафедра конференсияи байналмилалии илмї-назариявї дар мавзўи “Масъалањои мубрами ислоњоти ќонунгузории мурофиавї ва фаъолияти њуќуќмуњофизавї” баргузор гардид, ки дар кори он доираи васеи олимон, мењмонон аз дохил ва хориљи кишвар иштирок намуданд. Аз љумла дар кори конференсия мудири кафедраи адолати судї, мурофиаи љиноятї ва назорати прокурории факултети њуќуќшиносии Донишгоњи давлатии Москав ба номи М.В. Ломоносов, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Головко В.Л. иштирок ва маърўза намуданд. Чунин иќдом минбаъд барои тавсеаи њамкорњои кафедра бо ин маркази бонуфузи илмию таълимї мусоидат менамояд. Аз натиљаи баргузории конференсияи маљмўаи маќолањо чоп шуд, ки дар он зиёда аз 60 маќолањои илмии олимони ватанї ва хориљ ба нашр расиданд. Мудири кафедра, дотсент Мањмудов И.Т. рузњои 4-9 октябри соли 2016 дар кори конференсияи байналмилалии илмї-назариявї дар мавзўи “Прокуратура: дирўз, имрўз, фардо” дар шањри Москави Федератсияи Россия иштирок ва бо маърўзаи илмї дар мавзўи “Масъалањои такмили фаъолияти маќомоти прокуратураи Тољикистон” баромад намуданд. Дар назди кафедра мањфили илмии донишљуён: «Мурофиачиёни љавон», ки дар ду баст амал менамояд, фаъолият менамояд. Бо донишљуёни басти аввал (40 нафар аъзо) ассистент Исоев К. ва бо донишљуёни басти дуюм (40 нафар аъзо) асситент Љалолов Х.Ѓ. роњбарї намуда, њар моњ љаласањои мањфилро мегузаронанд. Њамзамон рўзњои 25-26-уми апрели соли љорї конференсияи илмї-назариявии њайати устодону донишљўён бахшида ба 20-солагии рўзи Вањдати миллї ва Соли љавонон баргузор гардид, ки дар кори он зиёда аз 27 маърузаи донишљўён ва 15 маърўзаи устодон шунида шуданд. Бо маќсади иљрои ќарорњои садорати факултет ба њар як шумораи навбатии маљаллањои илмии “Њаёти њуќуќї” ва “Давлатшиносї ва њуќуќи инсон” аз љониби устодони кафедра маќолањо барои нашр пешнињод мешаванд.
Дар њамин давра аз љониби кормандони кафедра ба 6 лоињањои парвандањои конститутсионї, ќарорњои Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон хулосаи илмї дода шудааст. Аз љониби устодони кафедра (Бањриддинзода С.Э., Исканадаров З.Њ., Фозилов Н.Н., Мањмудов И.Т., Абдуллоев П.С.) ба се китоби дарсї, лоињаи ќонуну барномањои давлатї ва њамзамон љињати такмили Ќонуни ЉТ «Дар бораи истењсолоти иљро» таќриз ва таклифу пешнињодњо ирсол карда шуданд. Профессор Искандаров З.Њ. њамчун аъзои Шўрои илмї-машваратии назди Суди конститутсионї ва Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва дотсент Мањмудов И.Т њамчун аъзои комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи ЉТ самаранок фаъолият карда истодаанд.
Дар соли њисоботї аз љониби устодони кафедра 80 маќолаву дастурот ва барномаву китобњо омода карда шуда, ба табъ расонида шудаанд. Аз ин миён 55 маќолаи илмї (20 тезис), 11 маќолаи оммавї, 8-васоити таълимї, 2 барномаи таълимї, 1 монография, 1 таќриз ба њисоб меравад.
Дар умум дар давоми панљ сол (Наќшаи КИТ барои солњои 2011-2015) аз љониби омўзгорони кафедра дар маљмўъ 350 корњои илмї-тањќиќотї нашра карда шудаанд, ки аз ин шумора: 9 тафсир, 234 маќола, 5 монография, 2 китоби дарсї, 41 васоит таълимї, 10 тезис, 45 барнома, 3 фарњанг ба њисоб мераванд.
3. Њаёти тарбиявї:
Яке аз бахшњои муњими кафедраро њаёти тарбиявї ташкил медињад. Дар ин давра корњои муайяне дар ин самт анљом дода шуданд. Айни замон омўзгорони зерини љавони љавони кафедра ба њайси сарпарастони курсњои алоњида фаъолият карда истодаанд: Негматов Бањодур – 5-02; Неъматуллоев Умед - 4-02; Сафиева Муборак - курси 2 экспертизаи судї; Абдуллоев Парвиз -5-01; Љалолов Холиќ -5-01 ЁЖЗ; Исоев Комёр - курси 2-03 англисї, Ѓанизода У.Ѓ.-курси 3-ИДЊ (русї). Аз љониби устодони кафедра навбатдорї дар кафедра, факултет ва хобгоњ дуруст бароњ монда шудааст. Моњњои феврал ва апрели соли 2016 омузгорони кафедра Мањмудов И.Т ва Ѓафуров Х.М њамчун аъзоёни гуруњи корї ба шањру ноњияњои кишвар љињати шарњу тавзењи лоињаи таѓйиру иловањо ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон сафари корї анљом доданд. Њамзамон мудири кафедра рўзњои 11-18-уми январи соли љорї њамчун роњбари гуруњи корї ба ноњияи Зафарободи вилояти Суѓд љињати шарњу тавзењи нуќтањои асосии Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон сафари корї анљом дод. Устодони кафедра Мањмудов И.Т., Ѓафуров Х.М., Авзалов А.Х., Исоев К.М. дар беш аз 10 барномаи телвизиониву радиої дар мавзўњои алоњидаи њуќуќї љињати баланд бардоштани маърифати њуќуќии ањолї баромадњо намуданд. Рўзњои 4 ва 5-уми ноябри соли 2016 дар Хадамоти Гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон дар мавзўи “Наќши Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар таъмини њаёти иќтисодї, иљтимої, сиёсї ва њуќуќї” ба кулли кормандони дастгоњи марказї аз љониби мудири кафедра, дотсент Мањмудов И.Т. лексия хонда шуд.
Устодони кафедра дар њама чорабинињои фарњангии факултет, донишгоњ ва сатњи љумњуриявї ширкати фаъолона менамоянд. Аз љумла аксарияти кули омўзгорони кафедра дар машќњои љашнї бахшида ба таљлили љашни 25-солагии истиќлолияти давлатии кишвар дар майдони марказии пойтахти Ватани мањбубамон ширкат намуданд. Омўзгорони кафедра сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмонро њамаљониба дастгирї намуда, барои тарбияи мутахассисони арзанда, љавонони мењанпарасту донишманд ва њисси баланди миллдошта пайгирона фаъолият менамоянд.
Њисоботи кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурорї ба Шўрои олимони факултет оид ба фаъолият ва дастовардњои кафедра дар бахши корњои илмї-тањќиќотї, такмили раванди таълим ва вусъат додани корњои тарбиявї дар соли 2019-2020 (28.03.2020)
Кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурорї фаъолияти худро дар асоси ќонунњои Љумњурии Тољикистон, дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон, Низомномаи намунавї оид ба муассисаи таълимии тањсилоти олии касбї ва тањсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Љумњурии Тољикистон, Низомномаи кафедра, ќарорњои мушовараи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, Оиннома, ќарорњои Шўрои олимон ва фармоишњои ректори Донишгоњи миллии Тољикистон ба роњ монда, њамзамон ќарорњои Шўрои олимон ва садорати факултет, дастуру фармоишњои декани факултет, Наќша-чорабинињои факултетро ба роњбарї мегирад. Дар давраи њисоботї кафедра дар бахшњои таълим, илм, тарбия ва њамкорињо корњои муайянеро ба сомон расондааст.
1.Њаёти таълимї
Самти асосии фаъолияти кафедра таъмин ва такмили љараёни таълим ба њисоб меравад. Шумораи кормандони штатии кафедраро айни замон 21 нафар ташкил медињад, ки аз ин шумора 19 нафар омўзгорон ва ду нафар кормандони ёрирасон ба њисоб мераванд. Аз љумла дар кафедра 1 д.и.ҳ., профессор (З.Њ. Искандаров), 5 дотсент (Н.А. Абдуллоев, С.Э. Баҳриддинзода, Х.М. Мирзамонзода, И.Т. Маҳмудов, П.С. Абдуллоев), 2 муаллими калон (Н.Н. Фозилов, Н.Б.Хољаева), 10 ассистент (А.Х. Авзалов, М.С. Сафиева, М.С. Раҳимзода, Х.Ѓ.Ҷалолов, Б.С. Негматов, К.М.Исоев, С.И. Шоќулова, У.Ѓ. Ѓанизода, А.Н. Раљабов, М.Ш. Собиров, А.М. Ќодиров), 1 нафар мудири кабинети кафедра (Н.Ш.Охунова) 1 лаборант (М.С.Њотамова) фаъолият менамоянд. Соли равон як нафар ассистент – Ќодиров А.М. аз рўйи 0,25 воњиди корї ба кор ќабул шуданд. Ассистент Собиров М.Ш. бошад аз 0,25 воњиди корї ба 0,5 воњиди корї гузаронида шуд. Моњи сентябри соли равон ассистенти кафедра Неъматуллоев У.Э. ба Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон ба кор гузашт.
Алњол корњои таълимї аз љониби 19 нафар кормандони штатӣ ва 3 соатбайъ ба иљро расонида шуда истодааст. Кафедра фаъолияти худро дар асоси наќшаи кории кафедра ба роњ монда то кунун 8 маротиба љаласањои кафедра баргузор шудаанд. Кафедраи мо дар таъмин намудани раванди таълим дар шўъбањои њуќуќшиноси умумї (рўзона ва ѓоибона), маълумоти дуюми олї (ѓоибона), муносибатњои байналхалќї (рўзона), экспертизаи судї (рўзона), идоракунии давлатӣ, фаъолияти ҳифзи њуќуќ (рўзона ва ѓоибона), танзими њуќуќи молия ва ќарз (рўзона) ва њифзи моликияти зењнї (рўзона) ширкат менамояд. Њаљми умумии соатњои таълимие, ки устодони кафедра дар давоми як сол ба иљро мерасонанд, 12840 (13867 - соли 2018 - 2019) соатро ташкил менамояд. Соатњои таќсимшуда дар байни њайати устодони кафедра 12026 (10760 – соли 2018-2019), соатњои таќсимшудаи иловагї 1390 (2189-соли 2018-2019) ва соатњои таќсимшуда миёни соатбайъњо 805 (502-соли 2018-2019) соатро ташкил медињад.
Корњои таълимї бо роњи иљро намудани сарбории устодон дар намуди ташкил ва гузаронидани машѓулиятњои лексионї, семинарї, роњбари ба корњои таълимию истењсолї, таљрибаомўзї, кори курсї, рисолаҳои дипломї, корњои мустаќилонаи донишљўён, ташкил ва гузаронидани санљишу имтињоноти љориву давлатӣ ифодаи худро меёбад. Масоили бо љарёни таълим алоќаманд, хондани лексия, гузаронидани машѓулиятњои семинарї, њар гуна маслињатњои таълимї, ќабули санљишу имтињонњо, корњои инфиродї, навиштани рефератњо, бо донишљуён гузаронидани санљишњои фосилавї, ба дарсњои њамдигар даромадан, иштироки мудири кафедра ба дарсњои устодон ба таври доимї ба роњ монда шуда, сол то сол дар њоли рушд ќарор дорад. Масъалаи мазкур мавриди назорати пайвастаи кафедра ќарор дорад.
Машѓулиятњои лексионї ва семинарии (амалї) устодони кафедра дар асоси наќшањои корї, силлабус ва матни лексия, ки бо ќарори кафедра ва Шўрои методии факултет тасдиќ гардидааст, сурат мегирад. Ба донишљўён пеш аз оѓози дарс дар шакли электронї маводи таълимї пешнињод гардидааст.
Роњбарї ба корњои таълимию истењсолї, таљрибаомўзї, корњои курсї, лоиња ва корњои дипломї, њамчунин корњои мустаќилонаи донишљўён, ташкил ва гузаронидани рейтингњои фосилавї, санљишу имтињонњои љорї аз љониби устодони кафедра дуруст ба роњ монда шудааст.
Дар кафедра фанњои асосии зерин таълим дода мешаванд: маќомоти њифзи њуќуќ; мурофиаи љиноятї, мурофиаи гражданї, криминология, мурофиаи судии иќтисодї, назорати прокурорї, психологияи юридикї ва этикаи касбии њуќуќшиносї. Кафедра барои таъмини љараёни таълим аз фанњои зикршуда бо маводњои таълимї пайваста кушиш менамояд.
Њамзамон ба донишљўён аз рўйи ихтисос курсњои махсуси тартиб додани њуљљатњои мурофиавии давраи тафтишоти пешакї, далелњо ва исботкунї дар мурофиаи љиноятї, иштироки прокурор дар суд, адвокатураи судї таълим дода мешаванд.
Љараёни баргузории дарсњо ва иљрои љадвали дарсї аз љониби кафедра пайваста мавриди назорат ќарор дода мешавад. Њолати дарсшиканї дар њоли коњишёбї ќарор дошта, вале њолатњои ивази дарс бо сабабњои узрнок љой доранд. Рафти ќабули санљишу имтињонњо ва рейтингњои фосилавї дар љаласањои кафедра мавриди баррасї ќарор дода мешаванд. Дар асоси фармоиши ректори ДМТ кафедра саволномањои тестиро барои сессияи санљишиву имтињонии тобистона омода карда истодааст. Њамзамон саволномањо барои имтињони давлатї низ тасдиќ шудаанд.
Яке аз самтњои дигари фаъолияти кафедра, ки ба раванди таълим иртибот дорад, ин ба роњ мондани њимояи корњои курсї ва таљрибаомўзињо миёни донишљўён мебошад. Ташкили кор дар ин самт дар кафедра мувофиќи маќсад ба роњ монда шуда, кулли омўзгорони кафедра ба ин масъала љалб карда мешаванд.
Љараёни навишти рисолањои дипломї дар шўъбањои рўзона, ѓоибона ва тањсилоти дуюми олї дар асоси низомнома ва якчанд дастури декани факултет мавриди назорат ќарор дода мешавад. Корњои дипломї: беш аз 113 нафар донишљуёни шуъбањои рузона, 25 маълумоти дуюм ва 7 нафар шўъбаи ѓоибона рисолаи дипломї омода карда истодаанд.
Рафти иљрои наќша-чорабинињои факултети њуќуќшиносии ДМТ дар соли тањсили 2019-2020 љињати иљрои «Барномаи рушди факултети њуќуќшиносии ДМТ барои солњои 2015-2020» (34 банд), «Стратегияи муќовимат бо коррупсия дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2013-2020» (12 банд); «Стратегияи миллии Љумњурии Тољикистон оид ба муќовимат бо экстремизм ва терроризм барои солњои 2016-2020» (11 банд) ва наќша-чорабинињое, ки аз Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон (22 банд) бар меоянд, мавриди назорати доимии кафедра ќарор дода шуда, вазъи иљрои онњо дар љаласањои кафедра натиљагирї карда мешаванд.
Барои дастгирї ва ёрии методї ба омўзгорони љавон ва камтаљриба дар роњи такмил додани мањорати педагогии онњо наќшаи дарсњои кушод ва дарсњои њамдигарї омода гардида, дар маљлисњои кафедра аз натиљааш хулосањо шунида шуданд. Ташкили дарсњои кушод ва иштирок ба дарсњои њамдигарї мувофиќи маќсад ба роњ монда шудааст. Дарсњои кушод бо иштироки намояндагони садорати факултет, шурои методї ва кафедрањои тахассусии факултет ба роњ монда мешуданд.
Ба кафедра фармоиши Ректори ДМТ аз 9 январи соли 2020, № 03-04 “Оид ба таљрибаомўзии истењсолї ва пешаздипломии донишљуён” ворид шуд. Мувофиќи он донишљуёни курси сеюми шўъбаи ѓоибонаи тањсилоти дуюми олии факултети њуќуќшиносї (ихтисоси 24010233-њуќуќшиносї) аз 13.01.2020 то 25.01.2020 дар маќомоти судї барои гузаштани таљибаомўзии истењсолї ва аз 27.01.2020 то 15.02.2020 барои гузаштани таљрибаомўзии пешаздипломї дар назди кафедрањо сафарбар шуданд. Мувофиќи фармоиши мазкур 80 нафар донишљуёни курси сеюми тањсилоти дуюми олї ба кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурорї вобаста шудаанд.
Соли љорї барои кафедра соли бобарор буд. Зеро ду нафар устодони кафедра бо гирифтани мукофотњои давлатї ва љоизањо сарфароз гардонида шуданд. Рузи 29 - августи чори 2019 дотсенти кафедра Абдуллоев П.С. бо љоизаи ба номи Исмоили Сомонї барои олимони љавон дар соњаи илм ва техника сазовор дониста шуд (дипломи № 134 - барои дастовардњо дар соњаи илмњои гуманитарї). Моњи сентябри соли 2019 бошад муаллими калони кафедра Фозилов Н.Н. бо мукофоти давлатии медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардиданд.
Дар ин давра се нафар устодони кафедра (Љалолов Х.Ѓ., Рањимзода М.С. ва Собиров М.Ш.) аз курси такмили ихтисос гузашта соњиби гувоњномаи дахлдор гаштанд.
2.Њаёти илмї
Айни замон фаъолияти кафедра бањри пурра, њаматарафа, бенуќсон иљро намудани наќшаи илмї-тадќиќотии кафедра барои солњои 2016-2020 дар мавзўи “Муаммоњои такмили назария ва амалияи њуќуќи мурофиавии љиноятї, њуќуќи мурофиавии гражданї, мурофиа дар судњои иќтисодї, фаъолияти прокурорї, фаъолияти дигари њуќуќмуњофизавї, омўзиши љинояткорї ва коркарди роњњои пешгирии он дар Љумњурии Тољикистон” равона карда шудааст. Соли 2019 омузгорони кафедра дар умум беш аз 115 корњои илмї ба табъ расониданд.
Айни замон кулли омўзгорони љавони кафедра ба мавзўъ ва роњбари илмї таъмин мебошанд. Аз љумла муаллими калони кафедра Хољаева Н.Б. дар мавзўи «Далелњои шайъї дар ќонунгузории мурофиавии љиноятї: тањќиќи муќоисавию њуќуќии ќонунгузории Федератсияи Россия ва Љумњурии Тољикистон»; ассистентон Авзалов А.Х. дар мавзўи «Назорати прокурорї оид ба иљрои ќонунњо дар рафти тафтиши пешакии парвандањои љиноятии хусусияти ќоррупсионидошта»; Сафиева М. дар мавзўи «Пайдоиш ва инкишофи институти шоњидї дар ќонунгузории мурофиавии то даврони шўравии Тољикистон»; Рањимзода М.С. дар мавзўи «Њимояи давлатии амнияти иштирокчиёни мурофиаи љиноятї: вазъи батанзимдарории њуќуќї, амалия ва дурнамои инкишофи он»; Љалолов Х.Ѓ. дар мавзўи «Характеристикаи криминологии љинояткории занон дар ЉТ», Неъматов Б.С. дар мавзуи “Тартиби соддакардашудаи пешбурди тафтишоти судї дар мурофиаи љиноятии Љумњурии Тољикистон”, Исоев К.М. дар мавзўи “Исботкунї дар мурофиаи љиноятї”, Шоќулова С.И. дар мавзўи “Њолати њуќуќии даъвои гражданї ва даъвогари гражданї дар мурофиаи судии љиноятї”, Ѓанизода У.Ѓ. дар мавзўи “Иштироки њимоятгар дар давраи муњокимаи судї” ва Раљабов А.Н. дар мавзўи “Боздоштан ва аз нав сар кардани тафтиши пешакї” ва Собиров М.Ш. дар мавзўи “Принсипи эњтимолияти бегуноњї дар мурофиаи љиноятї” рисолањои номзадї омода карда истодаанд. Устодони кафедра Бањриддинзода С.Э., Мањмудов И.Т., Мирзамонзода Х.М. ва Абдуллоев П.С рисолањои докторї омода карда истодаанд.
Айни замон дар кафедра шахсони зерин ба сифати унвонљў фаъолият менамоянд: Исоев Комёр, Негматов Бањодур, Шоќулова Сафаргул, Ѓанизода Умедљон, Пирназаров Одилљон, Мањмадалиев Ќиёмиддин. Рўзи њимояи унвонљўи кафедра Абдуллоев Фарњод 10 апрели соли 2020 муайян карда шудааст.
Њамзамон Муродов Ардашер Алишерович ба сифати докторанти кафедра ба њисоб меравад. Номбурда рисолаи доктории худро ба анљом расонида барои њимоя ба Шурои дахлдори Федератсияи Россия пешнињод намудааст. Инчунин дар кафедра Ѓулом Бегиљон Зарифї њамчун аспиранти соли дуюми шуъбаи ѓоибона дар мавзўї “Фаъолияти исботнамоии суди марњилаи аввал бо парвандањои љиноятї” тањти роњбарии дотсенти кафедра Абдуллоев П.С. тањќиќоти илмї бурда истодааст.
Таъсиси Шурои диссертатсионї барои дарёфти дараљаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рўйи ихтисос доир ба ихтисосњои 6Д030100- Њуќуќшиносї ва 6Д030300 – Фаъолияти њифзи њуќуќ дар назди ДМТ аз 03 марти соли 2020, № 62 дар асоси фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон яке аз њодисањои фарањбахш арзёбї мегардад. Зеро таъсиси Шуро имкон медињад, ки дар он њимояи диссертатсияњо љињати дарёфти дараљаи илмии номзади илм аз рўйи ихтисосњои 12.00.08- Њуќуќи љиноятї ва криминология, њуќуќи иљрои љазои љиноятї; 12.00.09 – Мурофиаи љиноятї ва 12.00.12 – Крминалистика; фаъолияти эскпертизаи судї-экспертї; фаъолияти оперативи-љустуљўї ба роњ монда шаванд.
Дар љаласаи кафедра аз 5 марти соли 2020 рисолањои номзадии устодони кафеда Љалолов Холиќ дар мавзўи “Характеристикаи криминологии љинояткории занона дар ЉТ” ва Рањимзода Муъмин Сайфулло «Њимояи давлатии амнияти иштирокчиёни мурофиаи љиноятї: вазъи батанзимдарории њуќуќї, амалия ва дурнамои инкишофи он» ба њимоя тавсия шуданд.
Дар назди кафедра мањфили илмии донишљуён: «Мурофиачиёни љавон», фаъолият менамояд. Масъулияти умумии роњбарї ба мањфил ба зиммаи ассистенти кафедра Ѓанизода Умедљон вогузор шудааст. Мањфили мазкур беш аз 100 нафар аъзо дошта мувофиќи наќшаи корї на кам аз ду маротиба дар як моњ фаъолият менамояд. Дар фаъолияти мањфил муњимтарин масъалањои рўзгори њуќуќї баррасї мешаванд.
Рўзи 25 июни соли 2019 бошад дар заминаи кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурорї конференсияи илмию амалї дар мавзўи «Рушди падидањои адолати судї ва назорати прокурорї дар солњои Истиќлолияти давлатї дар Љумњурии Тољикистон» бахшида ба 80-умин солгарди Њуќуќшиноси шоистаи Љумњурии Тољикистон, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Абдуллоев Неъмат ва 22-солагии Рузи Вањдати миллї баргузор гардид. Боиси сарфарозист, ки дар кори њаммоишњои илмии мазкур олимони маъруфи ватаниву хориљї, вакилони мардумї, судяњо, прокуророн, муњаќќиќон, аспирантон, мутахассисони варзидаи маќомоти њифзи њуќуќи кишвар, намояндагони муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар, доирањои академї ва нињодњои љомеаи шањрвандї, инчунин устодону кормандони факултети њуќуќшиносї иштирок намуданд.
Њамзамон моњи майи соли љорї баргузории семенари илмї-назариявии устодони љавони кафедра ба наќша гирифта шудааст. Инчунин дар асоси фармоиши Ректори ДМТ аз 14 феврали соли 2020, тањти раќами 45-0 рўзи 19-уми ноябри соли 2020 дар кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории факултети њуќуќшиносї мизи гирди илмию амалї дар мавзўї “Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон: 10-соли амал, мушкилот ва дурнамо” пешбинї шудааст.
Як бахши муњими кафедраро омода кардани магистрњо ташкил медињад. Соли 2018 дар асоси пешнињоди кафедра, дастгирии бевоситаи садорати факултет ва Раёсати ДМТ дар заминаи кафедра аз рўйи ихтисоси 24010213- фаъолияти судї - прокурорї - муфаттишї магистратура таъсис дода шуда буд. Худи њамон сол бо фармоиши Ректори ДМТ аз 13.09.2018, № 30607 «Оид ба ќабули магистрон ба курси якум» шаш нафар ба гуруњи буљавии ихтисоси 24010213-фаъолияти судї, прокурорї, муфаттишї ќабул карда шуда буданд.
Соли љорї бо фармоиши ректори ДМТ аз 06.09.2019, № 169-07 ба ихтисоси 24010213 - фаъолияти судї, прокурорї, муфаттишї (магистр) 8 нафар ба гуруњи русї дар асосњои шартномавї, 11 нафар ба гуруњи тољикии шартномавї; бо фармоиши раќами 168-07 аз 06.09.2019 5 нафар ба гуруњи тољикии буљавї ва 2 нафар ба гуруњи буљавии русї ќабул шудаанд.Соли љорї бояд панљ нафар магистрони кафедра рисолањои магистрии худро соли 2019 хатм намоянд.
Омўзгорони кафедра соли љорї дар тамоми конференсия ва дигар њаммоишњои илмие, ки дар факултет баргузор гардиданд, иштирок доштанд. Аз љумла иштироки фаъолонаи онњоро метавон дар форуми панљуми миллї оид ба волоияти ќонун дар Китобхонаи миллии Тољикистон рузи 1 ноябри соли 2019 ва дар конференсияи байналмилалии илмї-назариявї дар мавзўи “Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва низоми њуќуќии миллї: заминањои рушд ва дурнамои илми њуќуќшиносї” бахшида ба “25-солагии ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон” ва “70-солагии таъсисёбии факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон” рўзи 30-октябри соли 2019 махсус ќайд намуд.
3.Њаёти тарбиявї:
1. Рўзи 4-ноябри соли 2019 дар Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон бахшида ба 25-умин солгарди ќабули Конститутсияи Тољикистон љамъомади тантанавї баргузор гардид. Дар кори он омузгорони кафедра Мањмудов И.Т., Абдуллоев П.С., Хољаева Н.Б., Фозилов Н.Н., Љалолов Х.Ѓ., Негматов Б.С., Ѓанизода У.Ѓ., Шоќулова С.И., Собиров М.Ш., Авзалов А.Х., Раљабов А.Н иштирок намуданд.
2. Айни замон омўзгорони зерини љавони љавони кафедра ба њайси сарпарастони курсњои алоњида фаъолият карда истодаанд: Негматов Бањодур; Хољаева Н.Б., Сафиева Муборак; Абдуллоев Парвиз; Љалолов Холиќ; Исоев Комёр, Ѓанизода У.Ѓ., Раљабов А.Н. Аз љониби устодони кафедра навбатдорї дар кафедра, факултет ва хобгоњ дуруст бароњ монда шудааст.
3. Њамзамон устодони кафедра дар тарѓибу ташвиќи сиёсати пешгирифтаи Роњбарияти Давлат сањм доранд. Дар ин замина сањми калони устодони кафедра Мањмудов И.Т., Абдуллоев П.С., Љалолов Х.Ѓ., Собирзода М.Ш., Негматов Бањодурро метавон дар доираи корњои омодагї ба интихоботи парлумонии 2020 ќайд кард.
4. Рўзи 31 октябри соли 2019 соати 13.00 дар толори ТСО маросими супоридани мукофотњои соњавї аз љониби Ректори ДМТ ба устодони факултети њуќуќшиносї баргузор гардид. Як зумра устодони кафедра бо ифтихорнома ва медалњои љашнї сарфароз гардиданд.
Устодони кафедра дар њама чорабинињои фарњангии факултет, донишгоњ ва сатњи љумњуриявї ширкати фаъолона менамоянд. Омўзгорони кафедра сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмонро њамаљониба дастгирї намуда, барои тарбияи мутахассисони арзанда, љавонони мењанпарасту донишманд ва њисси баланди миллидошта пайгирона фаъолият менамоянд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07