ЊИСОБОТ
оид ба фаъолият ва дастовардњои кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорат дар бахши корњои илмї-тањќиќотї, такмили раванди таълим ва вусъат додани корњои тарбиявї
Кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорат дар асоси ќонунгузории амалкунанда, Низомномаи кафедраи муассисаи тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон, ќарорњои Шўрои олимони донишгоњ, факултет, фармоишњои Ректори донишгоњ, ќарорњои садорат ва дастуру таъинотњои декани факултет, Наќша-чорабинињои факултет барои соли 2016 фаъолияти худро бароњ монда дар соли њисоботї дар бахшњои илм, таълим ва тарбия ба дастовардњои зерин ноил шудааст.
1. Корњои илмї-тањќиќотї.
Дар баши корњои илмї – тадќиќотї бояд зикр намуд, ки бо зањмату талоши устодони кафедра дар соли њисоботї 115 маводи илмию методї, аз љумла 10 монография, 5 васоити таълимї, 70 маќолањои илмї, 16 маќолаи илмию оммавї, 14 барномаи таълимї ба табъ расонида шуд ва 2 монография, 3 китоби дарсї, 1 васоити таълимї дар чоп ќарор дорад. Инчунин устодони кафедра дар 10 мизи мудаввар, конференсияњои илмию амалии донишгоњї, љумњуриявї, байналмилалї ширкат намуданд.
Дар ин мўњлат аз љониби кафедра зиёда аз 25 таќризу хулосањо ба корњои илмию тадќиќотї, лоињаи ќонуну ќарорњо ва дигар санадњои њуќуќї навишта шуд.
Дар кафедра аз 17 - нафар устодон, 14 нафари онњо бо фаъолияти илмї-тадќиќотї дар соли 2016 ба Наќшаи КИТ ворид карда шуданд, ки фаъолиятро пеш мебаранд. 3 нафар Сангов С.И., Абдуѓафорзода К., Каримов Х. моњи январи соли 2017 ба мавзўи илмї ва роњбари илмї таъмин гардиданд, ки дар соли 2018 ба Наќшаи КИТ ворид карда мешаванд. Устодони кафедра фаъолияти илмї-тадќиќотии худро мувофиќи наќшаи кори илмї-тадќиќотии барои соли 2016-ум тасдиќ гардида ба роњ монда, аз рўи самт ва масоилњои муќарраргардидаи он фаъолият намуда истодаанд.
Дар назди кафедра МИД-и «Соњибкор ва ќонун» зери роњбарии Шарифов И.М. фаъолият менамояд, ки то имрўз дар асоси Наќшаи тасдиќшуда бо иштироки донишљўёни фаъол ва роњбарони илмии худ аз њисоби устодони кафедра 18 мањфил баргузор намуд ва дар он 40 нафар донишљўён бо маърўзањо баромад намуданд.
Инчунин дар назди мудири кафедра Мањфили инфиродии «Рушди ќонунгузории соњибкорї: мушкилот ва дурнамо» дар асоси Наќшаи тасдиќшуда фаъолият менамояд, ки дар давраи њисоботї 9 мањфил бо фарогирии 9 мавзўи муњими соњањои кафедра баргузор намуд.
Дар ин давра дар кафедра 2 рисолаи докторї (Сангинов Д.Ш., Бозоров Р.Б.) ва 6 рисолаи номзадї (Саъдиев И.З., Пирзода П.Р., Мавлоназаров О.А., Љаборов Д., Ќодиров Б., Муминов Н.) муњокима гардида, 1 рисолаи докторї (Бозоров Р.Б.) ва 3 рисолаи номзадї (Мавлоназаров О.А., Пирзода П.Р., Саъдиев И.З.) барои дифоъ пешнињод карда шуд. Дар баробари ин дар варианти аввал рисолаи доктории дотсент Мирзоев П.З., аспирант Шарифов И.М. ва унвонљў Хољаева Р.М. омода шуда, барои омўзиш ба роњбарони илмї пешнињод гардид.
Дар баробари ин аз љониби устодони кафедра (Сангинов Д.Ш., Бозоров Р.Б., Мирзоев П.З., Шарифов И.М.) оид ба њуќуќи соњибкорї, сайёњї, мењнатї, таъминоти иљтимої, молия, андоз, энергетикї лоињаи Консепсияи сиёсати њуќуќии Љумњурии Тољикистон омода карда шуд. Оид ба ихтисосњои 12.00.04 12.00.05, 12.00.07 шиносномаи ихтиссос омода карда шуд.
2. Такмили раванди таълим.
Дар давраи њисоботї ба 17 нафар кормандони штатии кафедра, аз љумла 2 доктори илмњои њуќуќ, профессор, 7 номзади илмњои њуќуќ (6 нафар дотсент, 1 муаллими калон), 1 муаллими калон ва 7 ассистент дар маљмўъ 14032 соат сарбории таълимї таќсим карда шуд.
Машѓулиятњои лексионї, семинари (амалї) устодони кафедра дар асоси силлабус ва матни лексияи бо ќарори кафедра ва Шўрои илмию методии факултет тасдиќгардида сурат мегирад. Ба донишљўён пеш аз оѓози дарс дар шакли электронї маводи таълимї пешнињод гардидааст.
Роњбарї ба корњои таълимию истењсолї, таљрибаомўзї, корњои курсї, лоиња ва корњои дипломї, њамчунин корњои мустаќилонаи донишљўён, ташкил ва гузаронидани рейтингњои фосилавї, санљишу имтињонњои љорї аз љониби устодони кафедра дуруст ба роњ монда шудааст.
Барои донишљўён дар давраи њисоботї 5 васоити таълимї ва 16 барномаи таълимї бо назардошти таѓйири наќшаи таълимї нашр карда шуд.
Дар ин давра 4 нафар устодони кафедра (Сангинов Д.Ш., Мирбобоева Р.В., Сангов С.И., Абдуѓафорзода К.) аз такмили ихтисос гузаштанд ва соњиби диплом гардиданд ва 2 нафар ба такмили ихтисос сафарбар шудаанд. Инчунин 2 нафар устодони кафедар (Ѓафуров А.Д. ва Саъдиев И.З.) ба Ифтихорномаи ДМТ ва 4 нафар (Сангинов Д.Ш., Мирзоев П.З., Ризоева С.К., Муминов Н.И.) устодони кафедра ба унвони Аълочии маориф ва илми Љумњурии Тољикистон сарфароз гардиданд.
Барои дастгирї ва ёрии методї ба омўзгорони љавон ва камтаљриба дар роњи такмил додани мањорати педагогии онњо Наќшаи дарсњои кушод ва дарсњои њамдигарї омода гардида, дар маљлисњои кафедра аз натиљааш хулосањо шунида шуд.
Дар назди кафедра ихтисоси Танзими њуќуќии молия ва ќарз таъсис дода шудааст, ки дар соли њисоботи курси панљуми шўъбаи рўзонаи он ин ихтисосро хатм менамояд. Барои ихтисоси мазкур стандарти ихтисосї ва наќшаи таълимї бо назардошти гузариш ба тањсилоти дузинагї омода карда шуд.
3. Вусъат додани корњои тарбиявї.
Дар давраи њисоботи аз љониби 7 нафар устодони кафедра (Сангинов Д.Ш. – курси 5 ТЊМК, Мирзоев П.З. – курси 5 умумї, Кабутов Э.Д. – курси 1 ИДЊ, Саъдиев И.З. – курси 4 ТЊМК, Мавлоназаров О.А. – курси 2 ТЊМК, Шарифов И.М. – курси 3 ТЊМК, Сангов С.И. – курси 2 МБЊ) корњои тарбиявї ва дарси кураторї баргузор карда шуд.
Устодони кафедра дар 20 барномаи телвизиониву радиої дар мавзўњои алоњидаи њуќуќї љињати баланд бардоштани маърифати њуќуќии ањолї баромадњо намуданд.
Аз љониби устодони кафедра навбатдорї дар кафедра, факултет ва хобгоњ дуруст бароњ монда шудааст.
Инчунин бояд такид намуд, ки устодони кафедра (Ѓафуров А.Д., Сангинов Д.Ш., Мавлоназаров О.А.) моњњои феврал ва апрели соли 2016 љињати шарњи таѓйиру иловањои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, моњи январи соли 2017 љињати шарњи Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон њамчун аъзои гурўњи корї дар шањру ноњияињои кишвар бо дастури Дастгоњи иљроияи Президенти кишвар сафарбар гардида буданд.
Устодони кафедра дар њама чорабинињои факултет, донишгоњ ва кишвар ширкати фаъолона менамоянд.
Дар корњои маъмурї бошад 4 нафар устодони кафедра (Мирзоев П.З., Кабутов Э.Д., Мавлоназаров О.А. ва Шарифов И.М.) ба њайси муовини декан љалб шудаанд.
Мудири кафедраи њуќуќи соњибкорї
ва тиљорати факултети њуќуќшиносии ДМТ,
номзади илмњои њуќуќ, дотсент Сангинов Д.Ш.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07