Сухане чанд рољеъ ба таърихи кафедраи забонњои хориљии факултети њуќуќшиносии ДМТ
Забон њамгироии бевоситаи тамаддунњо ва фарњангњо мебошад. Мањз тавассути забондонї шахс метавонад дар замони пешрафти илму технологияи муосир бо шарикони хориљии худ гуфтугў кунад, шартномањо ба имзо расонад ва дигар корњои давлатию тиљоратии хешро пеш барад. Бесабаб нест, ки Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон ба омўзиши забонњои хориљї диќќати махсус дода, дар паёмњо ва суханронињои худ доимо ин нуктаро таъкид менамоянд. Пешвои миллат ба ташаккулёбии салоњияти касбии байнифарњангии љавонон таваљљуњи хоса зоњир намуда, дар робита бо ин Барномаи давлатии омўзиши забонњои русї ва англисї дар Љумњурии Тољикистон ќабул ва љорї гардид.
Таъсиси кафедра: Ба хотири рафъи норасоии кадрњои баландихтисоси забондони соњаи њуќуќшиносї, вусъати робитањои байналмилалї, раќобатпазир будан дар бозори љањонии мењнат зарурати таъсис додани кафедраи забонњои хориљї дар назди факултети њуќуќшиносї ба миён омад.
Бо ин маќсад моњи июни соли 1999 кафедраи забонњои хориљї ба фаъолият шурўъ намуд, ки ин амр бо дастуру њидояти Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон, раёсати донишгоњ ва сањми бевоситаи собиќ декани факултети њуќуќшиносї, академик Мањмудзода Мањкам Аъзам амалї гардид.
Нахустин мудири кафедраи забонњои хориљии факултети њуќуќшиносї н.и.ф., дотсент Бобоева Мављуда Тоњировна буданд. Муаллима аз соли 1999 то соли 2013 роњбарии кафедраро ба уњда доштанд.
Њангоми ташкилёбии кафедра таълими забонњои хориљї дар факултет бо чор забон: англисї, олмонї, фаронсавї ва лотинї ба роњ монда шуда буд.
Дар кафедраи мазкур аввалин омўзгорону пажўњишгарон, аз ќабили н.и.п., дотсент Абирова Ирина Њамроевна аз фанни забони олмонї, м.к. Ќурбонова Лола Усмоновна аз фанни забонњои фаронсавї ва лотинї, м.к. Афзалї Мањбуба Камоловна аз фанни забони англисї, м.к. Шоинбеков Одинабек аз фанни забони англисї, м.к. Зайниддинов Саид Фатњиддинович аз фанни забони англисї, ассистентон Расулов Абдусаллоњ аз фанни забони англисї ва Наљмиддинова Гулбањор аз фанни забони олмонї ба донишљўёни факултети њуќуќшиносї дарс мегуфтанд.
Соли 2002 дар кафедра забони арабї њамчун забони дуюми омўзиш дар шуъбаи Њуќуќи байналмилалї ба роњ монда шуд. Дар ин давра бо сабаби зиёд шудани соатњои дарсї як зумра устодон, аз ќабили Назарова З.А. аз забони англисї, Шарипова З.А. аз забони олмонї, Ахмедова Њ.А. аз забони англисї, Газиева Х.Х. аз забони фаронсавї ва Иномова М. аз фанни забони арабї ба сифати омўзгорони штатї ба кор ќабул шуданд.
Устодони кафедра пайваста дар баланд бардоштани маърифати саводнокии донишљўён чорањои заруриро меандешиданд ва ба усули таълими забонњои хориљї бештар таваљљуњ зоњир менамуданд. Дар баробари ин устодони кафедра љињати дуруст ба роњ мондани таълими забонхои хориљї як ќатор барномањо ва васоиту дастурњои таълимиро тањия намуданд. Њамзамон бо роњбарии мудири кафедра, дотсент Бобоева М.Т. конференсияњои байналмилалї бо иштироки сафири ЉФО, намояндагони ташкилотњои бонуфуз, олимони донишгоњњои љумњурї мунтазам баргузор мегаштанд. Дар ин муддат устодони кафедра, аз ќабили Афзали М.К., Назарова З.А. ва Газиева Х.Х. рисолањои номзадии худро бомуваффаќият дифоъ намуданд.
Баъди ба имзо расидани Созишнома оид ба њамкорї байни ДМТ ва Маркази “Конфутсий” дар кафедра омўзиши забони хитої њамчун забони дуюми хориљї (забони шарќ) барои донишљўёни шуъбаи Њуќуќи байналмилалї ба роњ монда шуд.
Солњои 2013-2014 роњбарии кафедраро н.и.ф., дотсент Бекмуродов М.М. ба уњда дошт. Собиќ проректор оид ба муносибатњои байналмилалї бештар ба таќвият додани муоширати коммуникативии донишљўён диќќати хоса зоњир намуда, кори илмї-тадќиќотии устодони кафедраро ба ин самт равона намуд.
Солњои 2014-2017 ба њайси мудири кафедраи забонњои хориљї н.и.ф., дотсент Салоњиддинов В.Ю. таъин гардид. Дар ин муддат як ќатор омўзгорон, аз ќабили Наврўзов Љ. аз фанни забони англисї, Рањмонзода Н.Д. аз фанни забони арабї, Сафаров Х. аз фанни забони фаронсавї, Назарова М. аз фанни забони фаронсавї, Чао Чи Мэй аз фанни забони хитої, Исмоилзода Э. аз фанни забони англисї ба сифати омўзгорони соатбайъ ва њамкор ва дотсент Карахонов М.С. аз фанни забони олмонї ба њайси омузгори штатї дар кафедра кор ва фаъолият намуданд.
Аз соли 2017 инљониб вазифаи мудири кафедраи забонњои хориљї ба зиммаи н.и.ф., дотсент Назарова Зарина Абдуњамидовна вогузор гардид. Бо маќсади татбиќ намудани “Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонњои русї ва англисї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2015-2020”, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 июли соли 2014, №427 ба тасвиб расидааст, муаллима кўшишу ѓайрати хешро бањри рушди минбаъдаи кафедра дар самти илму таълим ва баланд бардоштани маърифати забондонии муњассилини факултети мазкур равона намуда, таълими забонњои хориљиро дар факултет тавассути истифодаи технологияи муосир ва баланд бардоштани салоњияти касбии њуќуќшиносони оянда бо маќсади раќобатпазир будан ба бозори љањонии мењнат диќќати махсус зоњир менамоянд. Њамзамон кори илмї-тадќиќотии устодони кафедра низ ба мавзўи “Муосиргардонии тањсилоти касбию самтӣ дар шароити низоми кредитї” равона карда шудааст, ки роњбарии онро мудири кафедра н.и.ф., дотсент Назарова З.А. ба уњда доранд.
Ҳайати амалкунандаи кафедра. Айни замон дар кафедра 9 нафар омӯзгори штатӣ аз ҷумла: 5 нафар номзади илм, дотсентон (Назарова З.А., Бобоева М.Т., Афзалӣ М.К., Газиева Х.Х., Шарипова З.А), 2 нафар муаллими калон (Зайниддинов С.Ф., Шоинбеков О.), 2 ассистент (Сафаров Ҳ.С., Раҳмонов Н.Д.) ва 1 лаборанти кафедра (Ҳамроева Ҷ.А.) кор ва фаъолият менамоянд.
Фанҳои таълимии кафедра. Њангоми ташкилёбии кафедра таълими забонњои хориљї дар факултет бо чор забон: англисї, олмонї, фаронсавї ва лотинї ба роњ монда шуда буд. Аз соли 2002 таълими забони арабӣ дар шӯъбаи ҳуқуқи байналҳалқӣ ва соли 2010 пас аз ба имзо расидани шартнома байни раёсати ДМТ ва Маркази таълимии “Конфутсий” таълими забони хитоӣ дар шӯъбаи ҳуқуқи байналҳалқӣ ҳамчун забони 2-юми хоричӣ ба роњ монда шуда буд. Айни ҳол дар кафедра устодон аз 5 фанни таълимӣ: забони англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва забонҳои арабӣ ва хитоӣ (забони шарқ) ҳамчун забони дуюм дар шуъбаи ҳуқуқи байналҳалқии факултети ҳуқуқшиносӣ ба донишчӯён дарс мегуянд. Тамоми фанҳои таълимӣ бо китоби дарсӣ, васоити таълимию методӣ, дастур ва барномаҳои таълимӣ (Силабус) таъминанд.
Корҳои илмӣ тадқиқотии кафедра. Дар давоми 20 соли фаъолият устодони кафедраи забонҳои хориҷӣ як ќатор монографияњо, китобњои дарсї, васоити таълимї, дастурҳои методӣ, фарњангњои дузабонаю сезабона ва барномањои кориро вобаста ба ихтисосҳои алоњида аз чоп баровардаанд. Аз ҷумла: васоити таълимї аз фанни забони англисї “English for law students” (мураттибон н.и.п., дотсент Афзали М.К., н.и.ф., дотсент Назарова З.А., м.к. Шоинбеков О.); васоити таълимї барои донишљўёни шуъбаи ѓоибона“Test training exercises and special texts on English” (мураттибон н.и.п., дотсент Афзали М.К., н.и.ф., дотсент Назарова З.А., м.к. Шоинбеков О.); китоби таълимї аз фанни забони арабї “Бо забони арабї менависем ва гуфтугў мекунем” (муаллифон м.к. Исмоилзода С., асс. Рањмонзода Н.); васоити таълимии “Individual work for law students” (муаллиф н.и.ф., дотсент Назарова З.А.); маљмўаи саволномањои санљишї-тестї аз фанни забони англисї “Test yourself” (мураттиб н.и.ф., дотсент Назарова З.А.); “Луғати мухтасари истилоҳоти ҳуқуқӣ”(мураттибон м.к. Зайниддинов С.Ф., м.к. Ахмедова Њ.А.); “Фарҳанги англисӣ-русӣ-тоҷикӣ” (мураттибон м.к. Шоинбеков О., м.к.Зайниддинов С., дотсент Афзали М.К., асс.Рањмонзода Н. ва диг.); “Фарњанги вожањои истилоњоти њуќуќии олмонї-тољикї” (мураттиб н.и.ф., дотсент Бобоева М.Т.); китоби тозанашри таълимї аз фанни забони англисї барои донишљўёни шуъбаи ЊБ “English for law students” (мураттибон н.и.ф., дотсент Назарова З.А., н.и.п., дотсент Афзали М.К., м.к. Шоинбеков О.); ду дастури таълимї бо забони фаронсавӣ (мураттиб н.и.п., дотсент Газиева Х.Х.); барномаи таълимї аз фанни “Кишваршиносї” (муаллифон н.и.ф. Бобоева М.Т., н.и.ф. Назарова З.А.); барномаи таълимї барои шуъбаи ЊБ (муаллифон н.и.п. Афзали М.К. ва н.и.ф. Бобоева М.Т.) ва дигар барномањоро аз фанњои забонњои англисї, олмонї, фаронсавї ва арабї нашр намуда, пешкаши шогирдон намуданд.
Аз соли 1999 то соли 2019 дар заминаи кафедра 4 нафар устодон рисолаи номзадии хешро бо муваффақият ҳимоя намудаанд.
Ҳамкории кафедра. Кафедраи забонњои хориљї бо Маркази таълимии «Бохтар» ва Маркази таълимии «Конфутсий» њамкории зич дошта, њамасола донишљўёни курси дуюми шуъбаи Њуќуќи байналмилалї таљрибаи таълимии худро бо намояндагони баландихтисоси марказњои номбаршуда такмил медињанд.
Устодони кафедра дар давраи фаъолияти хеш дар донишгоњу донишкадањои кишварњои ИДМ-шањрњои Москва, Санкт-Петербург, Тошканд ва давлатњои дигари олам чун Олмон, Австрия, Белгия, Голландия, Туркия, Хитой, Испания, Фаронса, Хиндустон ва ѓайра сафар намуда, такмили ихтисос намуданд.
Омўзгорони кафедра пайваста дар конференсияњои байналмилаливу љумњуриявї, колоквиумњо ва семинарњои ДМТ ва дигар донишгоњњои кишвар бо маќолањои илмии хеш баромад карда, худ низ ташаббускори гузаронидани конференсияњои илмї, мизњои мудаввар ва семинарњо дар факултет мебошанд.
Дар заминаи кафедра дар давраи фаъолият 1 конференсияи байналмилалӣ, 7 конференсияи ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ, чандин семинар ва мизҳои мудаввар баргузор карда шудааст.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07