Бањри демократикунонии љомеаи Тољикистон аз љониби Њукумати ЉТ як ќатор тадбирњо андешида шудааст. Ќарори Њукумати ЉТ «Дар бораи тасдиќи Барномаи давлатии омўзиши соњаи њуќуќи инсон» (тањти № 272, аз 12.06.2001с.) яке аз чунин тадбирњост. Бо маќсади дар амал татбиќ намудани Фармони Президенти ЉТ «Дар бораи тањкими љараёни демократикунонии њаёти љамъиятї-сиёсї дар љумњурї» (тањти № 2, аз 1.12.1999с.) Барномаи низоми давлатии омўзиши соњаи њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон тибќи талаботи Конститутсияи (Сарќонуни) ЉТ, санадњои байналхалќї-њуќуќї дар соњаи њуќуќи инсон, ки аз љониби Тољикистон эътироф гардидаанд, тањия гашт.
Бо назардошти ворид гаштани Љумњурии Тољикистон ба чандин созмонњои бонуфузи байналхалќї ва эътирофи санадњои њуќуќии байналхалќї дар љодаи њуќуќи инсон талабот оид ба омўзиши фанни «њуќуќи инсон» зиёдтар гардид. Инчунин бањри љорї намудани бењтарин дастовардњои њуќуќию башардўстонаи давлатњои алоњида дар низоми њуќуќии Тољикистон омўзиши фанни «њуќуќшиносии муќоисавї» ба миён омад.
Факултети њуќуќшиносии ДМТ нахустин шуда, ин Ќарори Њукумати ЉТ-ро ба роњбарї гирифта барои таъсиси кафедрае, ки ба омўзиши фанни «њуќуќи инсон» машѓул бошад, ташаббус нишон дод. Шўрои олимони факултети њуќуќшиносии ДДМТ оиди ташкили кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї ќарори дахлдор ќабул намуд. Шўрои олимони ДДМТ низ ин ташаббусро дастгирї намуда, оид ба ташкили ин кафедра ќарор ќабул кард. Бо Фармони Ректори ДДМТ «Дар бораи таъсиси кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї» (аз 12.09.2006с.) дар назди факултети њуќуќшиносии ДДМТ кафедраи нав таъсис ёфт.