ЊИСОБОТ
оид ба фаъолият ва дастовардњои кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиї дар бахши корњои илмї-тањќиќотї, такмили раванди таълим ва вусъат додани корњои тарбиявї
Кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табии фаъолияти худро дар асоси ќонунгузории амалкунанда, Низомномаи кафедраи муассисаи тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон, ќарорњои Шўрои олимони донишгоњ ва факултет, фармоишњои Ректори донишгоњ, ќарорњои садорат ва дастуру таъинотњои декани факултет, Наќша-чорабинињои дар факултет дар самтњои гуногун бароњ монда дар соли њисоботї дар бахшњои илм, таълим ва тарбия ба дастовардњои зерин ноил шудааст.
Корњои илмї-тањќиќотї.
Дар соли њисоботї кафедра дар 1 проблема «Рушд ва инкишофи танзими хусусї – њуќуќї ва оммавї-њуќуќии муносибатњо дар соњаи наќлиёт, кишоварзї, экологї, замин инчунин амалия ва назарияи онҳо» ва 1 мавзўъ «Масъалањои назариявї ва њуќуќии танзими умумї ва хусусї- њуќуќии муносибатњо дар соњаи наќлиёт, экологї, кишоварзї, ва замин» (роњбари илмї номзади илми њуќуќ, дотсент Ќурбонов Ќ.Б.) кори илмї буд, ки марњилаи 3-юми корњои илмї-тадќиќотии кафедраро ташкил медињад. Яке аз тадќиќи проблемањои назариявї ва амалии танзими оммавї ва хусусї-њуќуќии муносибатњо дар бахши наќлиёт, кишоварзї, экологї ва замин инчунин дар ин замина коркарди хулосањои асосноки илмї, таклиф, пешнињод ва тавсияњои амалї љињати такмили минбаъдаи ќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Тољикистон. Табъу нашри силсилаи маќолањои илмї, китоби дарсї, монография ва навиштани рисолаҳои илмї дар ин самтҳо масъалањои асосии илмии кафедра ба њисоб меравад.
Дар бахши корњои илмї – тадќиќотї бояд зикр намуд, ки бо зањмату талоши устодони кафедра дар соли њисоботї 31 маводи илмию методї, аз љумла, 2 монография, 24 маќолаи илмї, 2 барномаи таълимї ба табъ расонда шуд. Њамзамон 1 монография, 2 китоби дарсї, 1 васоити таълимї ва маљмўи барномањои таълимии кафедра омода шуданд, ки то соли нави тањсил аз чоп бароварда мешаванд.
Дар ин мўњлат аз љониби кафедра зиёда аз 7 таќризу хулосањо ба корњои илмию тадќиќотї, лоињаи ќонуну ќарорњо ва дигар санадњои њуќуќї навишта шуд.
Дар кафедра аз 8 - нафар устодон, 7 нафари онњо бо фаъолияти илмї-тадќиќотї дар соли 2018 ба Наќшаи КИТ ворид карда шуданд, ки фаъолиятро пеш мебаранд. Як нафар Одиназода Р.С. дар соли 2019 ба Наќшаи КИТ ворид карда мешаванд. Устодони кафедра фаъолияти илмї-тадќиќотии худро мувофиќи наќшаи кори илмї-тадќиќотии барои соли 2018-ум тасдиќ гардида ба роњ монда, аз рўи самт ва масоилњои муќарраргардидаи он фаъолият намуда истодаанд.
Дар назди кафедра МИД-и «Муњофизони муњити зист» зери роњбарии ассистент Муминзода О.С. фаъолият менамояд, ки то имрўз дар асоси Наќшаи тасдиќшуда бо иштироки донишљўёни фаъол ва роњбарони илмии худ аз њисоби устодони кафедра 16 мањфил баргузор намуд ва дар он 36 нафар донишљўён бо маърўзањо баромад намуданд.
Дар ин давра бори аввал дар кафедра ва кафедраи њуќуќи гражданї 3 рисолаи номзадї (Ќудбуддинов Ф.Ш., Амренова Шогуна, Саидмуродова Т.А.) мавриди муњокима ќарор дода шуд. Дар баробари ин дар варианти аввал рисолаи ассистент Ќурбонализода Фурќат омода шуда, барои омўзиш ба роњбари илмї пешнињод гардид.
Дар пояи кафедра тибќи фармоиши ректори ДМТ аз 07.11.2017, №222-09 дар санаи 26-уми декабри соли 2017 Конференсияи илмї-амалии љумњуриявї дар мавзўи «Масъалањои актуалии њуќуќи замин барпо гардид.
Боиси хушнудї ва сарфарозист, ки дар маросими супоридани мукофотњои давлатї як ќатор устодони факултети њуќуќшиносї иштирок намуда, аз љониби Пешвои миллат бо мукофотњои давлатї сарфароз гардиданд. Аз љумла, олими љавони кафедра Одиназода Рамазон номзади илмњои њуќуќ, дотсенти кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиї бо Љоизаи ба номи Исмоили Сомонї дар соли 2018 сарфароз гардонида шуд.
Такмили раванди таълим.
Дар давраи њисоботї ба 8 нафар кормандони штатии кафедра, аз љумла 2 номзади илмњои њуќуќ, дотсент, 1 муаллими калон, 5 ассистент ва 4 нафар њамкор дар маљмўъ 6299 соат сарбории таълимї таќсим карда шуд. Машѓулиятњои лексионї, семинари (амалї) устодони кафедра дар асоси силлабус ва матни лексияи бо ќарори кафедра ва Шўрои илмию методии факултет тасдиќгардида сурат мегирад. Ба донишљўён пеш аз оѓози дарс дар шакли электронї маводи таълимї пешнињод гардидааст.
Роњбарї ба корњои таълимию истењсолї, таљрибаомўзї, корњои курсї, лоиња ва корњои дипломї, хатмкунї, магистрї њамчунин корњои мустаќилонаи донишљўён, ташкил ва гузаронидани рейтингњои фосилавї, санљишу имтињонњои љорї аз љониби устодони кафедра дуруст ба роњ монда шудааст.
Дар ин давра 4 нафар устодони кафедра (Ќурбонов Ќ.Б., Муминзода О.С., Идрисов Я.А., Саидмуродова Т.А.) аз такмили ихтисос гузаштанд ва соњиби диплом гардиданд ва 2 нафар ба такмили ихтисос сафарбар шудаанд.
Барои дастгирї ва ёрии методї ба омўзгорони љавон ва камтаљриба дар роњи такмил додани мањорати педагогии онњо Наќшаи дарсњои кушод ва дарсњои њамдигарї омода гардида, дар маљлисњои кафедра аз натиљааш хулосањо шунида шуд.
Вусъат додани корњои тарбиявї.
Дар давраи њисоботи аз љониби 5 нафар устодони кафедра (Ќурбонов Ќ.Б. – курси 3 ЊБ, Ќудбуддинов Ф.Ш. – курси 3 КЛМ, гуруњи умумї, Муминзода О.С. – курси 3 ТЊМК, Буриев А.Р. – курси 3 АБВ, гурўњи умумї, Идрисов Я.А. – курси 3 ЊБ(англиси) корњои тарбиявї ва дарси кураторї баргузор карда шуданд.
Дар соли њисоботї омўзгорони кафедра дар 5 барномањои телевизион ва радио бахшида ба рўзњои Истиќлолияти давлатї, 24-юмин солгарди ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, таљлили рўзи Президенти Љумњурии Тољикистон ва рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон дар телевизиони давлатии Сафина, Шабакаи аввал ва Радиои Ховар баромад ва суњбатњо намуданд.
Аз љониби устодони кафедра навбатдорї дар кафедра, факултет ва хобгоњ дуруст бароњ монда шудааст. Дар корњои маъмурї бошад як нафар устодони кафедра ассистент Буриев А.Р. ба њайси Раиси Шўрои сарпарастон љалб шудааст.
Дар њоли њозир талабот дар самти омода намудани кадрњои баландихтисоси соњаи њуќуќ ва раќобатпазири бозори мењнат, дорои донишњои баланди назариявї, малакаи касбї, сатњи баланди шуури њуќуќї самти замин, соњаи наќлиёт, њифзи муњити зист беш аз пеш эњсос мегардад. Ин гуфтањо дар Паёми пешвои миллат ба Маљлиси олии Љумњурии Тољикистон, вохурї бо кормандони маќомоти прокуратура, мулоќот бо кормандони маќомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорї ва бонкњои љумњурї таъкид гаштаанд. Аз ин рў, пешнињод мегардад, ки мувофиќ ба Таснифоти давлатии равия ва ихтисосњо дар Љумњурии Тољикистон дар назди кафедра ихтисоси магистратура бо номи «Танзими њуќуќии заминсозї, таъмини њуќуќии фаъолияти логистї ва њифзи њуќуќии муњити зист» кушода шавад.
Барои боз њам хубтар шудани фаъолияти кафедра анљом додани корњои зерин мувоќи маќсад аст:
- боло бурдани наќши кафедра дар самти истифодаи усулњои нави фаъол ва инноватсионї дар раванди таълим, боло бурдани сатњу сифати донишандўзии донишљўён;
- анљом додани корњои арзишманди илмї дар иртибот ба самтњои афзалиятноки корњои илмї-тадќиќотї;
- фаъолгардонии сањми устодони љавон дар љараёни таълим, корњои илмї-тадќиќотї ва тарбиявї;
- фароњам овардани шароити мусоид барои дарёфти грантњо, бурсияњо ва дигар сарчашмањои иловагии молиявї љињати омода кардани кадрњои илмию омўзгорї, муљањњаз гардонидани раванди таълим бо технологияи иттилоотию иртиботї;
Мудири кафедраи њуќуќи
наќлиёт ва њуќуќи истифодабарии
сарватњои табиї, дотсент Ќурбонов Ќ.Б.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07