КАФЕДРАИ КРИМИНАЛИСТИКА ВА ФАЪОЛИЯТИ ЭКСПЕРТИЗАИ СУДӢ
Дар шароити муосир бо дарназардошти ба вуқуъ пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, таъсири раванди ҷаҳонишавӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо дигар ниҳоду сохтор ва кишварҳои хориҷӣ таҳдиди назар намудани нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ҷорӣ намудани фанҳои нави таълимӣ ва таъcиси кафедраҳои тахассусӣ ба миён омад. Махсусан, чунин ниёзмандӣ аз ҳама бештар дар соҳаи криминалистика ва истифода намудани донишҳои махсус дар самти мубориза алайҳи ҷинояткорӣ эҳсос мегардид. Аз ин нигоҳ, дар заминаи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ соли 2013 кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ таъсис дода шуд. Аммо новобаста аз он ки кафедраи криминалистика дар сохтори факултети ҳуқуқшиносии ДМТ соли 2013 таъсис ёфт, таърихи таълим додани илми криминалистика аз солҳои 50-уми қарни ХХ дар заминаи кафедраи дигар ба роҳ монда шуда буд. Соли 2013 тибқи фармони ректори ДМТ аз 28.05.2013 № 102-09 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ кафедраи махсусгардонидашудаи «Криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ» ба роҳ монда шуд. Дар рӯзҳои аввал се нафар устодон – Салимов Ҳ.С., Ямоқова З.Д. ва Назаров А.Қ. аз мутахассисони унвони илмидоштаи соҳаи зикршуда ба ҳисоб мерафтанд. Аввалин мудири кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Назаров А.Қ. таъин гардид, ки ӯ то кунун ин вазифаро бар зимма дорад. Айни замон дар кафедра 12 корманди штатӣ, аз ҷумла: 2 доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Зоир Ҷ.М., Назаров А.Қ., 5 номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ки аз онхо 4 дотсент Қодирзода Д.С., Давлатзода К.Д., Шарипов С.С., Давлатов Д.Д. ва 1 нафар профессор Ямоқова З.Д., 1 муаллими калон Насриддинов М. ва 3 ассистент Давлатов Б.С., Аҳмадов М.С., Шарифзода А.З. фаъолият доранд.
Айни ҳол дар кафедра зиёда аз 10 фанҳои таълимӣ ба донишҷўёни факултети ҳуқуқшиносӣ дарс дода мешаванд, аз ҷумла криминалистика, фаъолияти экспертизаи судӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, усули тафтиши ҷиноятҳои махсусан вазнин, усули тафтиши ҷиноятҳои муқобили ҳаёт ва саломатӣ ва ғайра. Тӯли 10 соли фаъолият дар кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ садҳо асари илмӣ, илмию методӣ ва илмию оммавӣ аз чоп бароварда шудаанд, ки онҳо ба таълиму тарбия ва рафъи мушкилоти илмҳои ҳуқуқшиносӣ равона гардидаанд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07