Баннер 2
  • Тољикї
  • Русский
 
Клиникаи њуќуќї
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол

Роњнамо

  • Маълумотњои умумї
  • Ба довталаб
    • Барномањои таълимї
    • Ќабул барои соли 2013
    • Коммисия ќабул
    • Тайёрї барои дохилшавї
    • Имтиёзњо
    • Интиќоли донишљуён
  • Њаёти донишљуї
    • Љамъияти илмии донишљуён
    • Хобгоњ
  • Таърихи факултети њуќуќшиносї
  • Имтињони давлатї
  • Клиникаи њуќуќї
  • Руйдодњои муњим

Интишорот

023.jpg

Бобокалонов Ѓоиб Мерганович

Кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљоратї                                                 

Бобокалонов Ғоиб Мирганович

Мансаб: дотсенти кафедра

Унвони илмї: дотсент

Дараљаи илмї: номзади илмњои њуќуќ

Љанбањои фаъолияти илмї: ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ.

Мукофот ва унвон: Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002); Аълочии Нашриёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006); Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009); Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009); Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2009); Медали «Корманди шоиста» (2011);  

Маълумот: Олї (1988-1993с. – факултети њуќуќшиносї ДМТ)

Ҳимояи рисолаи номзадӣ: соли 2003 дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон (1917-1940)» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Таљрибаи корї ва фаъолияти  омўзгорї:

      Пас аз хатми мактаби миёнаи №1– и ноҳияи Хуросон (собиқ мактаби миёнаи №6, ба номи Жданови ноҳияи Куйбишев), соли 1980 фаъолияти меҳнатии худро дар Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон  шурӯъ  намудааст.

    Солҳои 1982–1984 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи СССР  (собиқ ИҶШС Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шуравии сотсиалистӣ) хизмат намудааст.

    Солҳои 1984–1994 ба ҳайси корманди лабораторияи алграфияи шуъбаи илмӣ–тадқиқотӣ фаъолият намуда, пайваста дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсилро давом дода, онро соли 1993 хатм  намудааст.

     Солҳои 1994–2003 омӯзгори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2003–2007 муаллими калони кафедра, апрели 2007 дотсенти кафедра ифои вазифа намуда, аз фанҳои Ҳуқуқи меҳнат, Ҳуқуқи таъминоти  иҷтимоӣ дар факултети ҳуқуқшиносӣ, факултетҳои  иқтисодӣ аз фанни Ҳуқуқ ва Ҳуқуқи соҳибкорӣ  дарс  дода, ҳамзамон вазифаи раиси Шӯрои илмӣ–методии факултетро ба уҳда дошт. Аз сентябри соли 2007 муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба  корҳои тарбиявӣ, аз 22  октябри ҳамон сол муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию иҷтимоии Донишгоҳи  миллии Тоҷикистонро бар уҳда дошт. Аз октябри соли 2009 вазифаи муовини декан оид ба таҳсилоти шуъбаи ғоибона ва таҳсилоти дуюми олӣ иҷро намуда, ҳамзамон ба вазифаи намояндаи ректор дар «Шаҳраки донишҷӯён»  таъин мегардад.

     Вай дар иҷрои  корҳои ҷамъиятӣ ба ҳайси раиси  Шӯрои   илмӣ–методии факултети ҳуқуқшиносӣ, узви Шӯрои  илмӣ–методии Донишгоҳ, узви Шӯрои олимони факултети ҳуқуқшиносӣ, узви  Шӯрои олимони Донишгоҳро ба уҳда дошт.

Аз 12. 03. 2011 вазифаи Директори матбаа ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба зимма дошт.

Аз 14. 03. 2018 то ҳол сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

     Номбурда соли 2004 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Ташаккул ва инкишофи қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон» ҳимоя намуда, аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми  Федератсияи Россия бо унвони номзади илмҳои ҳуқуқ ва дотсентӣ мушарраф гардидааст.

Муаллифи зиёда аз 220  маводи  чопии  илмӣ-таълимӣ ва методӣ мебошад, аз ҷумла, 4 монография: Ташаккул ва инкишофи қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон; Рушди қонунгузорӣ оид ба меҳнат – 30 соли истиқлоли давлатӣ  ва рушди низоми ҳуқуқии Тоҷикистон; Институти шартномаи меҳнатӣ: ташаккул, ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушд дар Тоҷикистон; Оилаи солим пойдории давлат. Китобҳои дарсӣ: Ҳуқуқи меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосҳои давлат ва ҳуқуқи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шартномаи меҳнатӣ. Дастурҳои таълимӣ-илмӣ: Шартномаи меҳнатӣ, Осори мунтахаб оид ба ҳуқуқи меҳнат ва ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ, Луғат-маълумотномаи ҳуқуқии соҳибкор, Маҷмӯаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат дар Тоҷикистон. Тафсирҳо ба кодексҳо ва қонунҳо: Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи гаравхона (ломбард)», «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи ҳунармандӣ», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ»; инчунин, дар ҳайати муаллифони «Истилоҳоти соҳаи меҳнат, муҳоҷират, таъминоти иҷтимоӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ» бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ғайра.

Бобокалон Fоиб Мерган ба зиёда аз 60 лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд ва дигар санадҳои соҳаҳои гуногуни мақомотҳои ҷумҳурӣ хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ додааст.

Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳҳои корӣ, вобаста ба лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудааст ва намуда истодааст.

Ӯ ҳамчун тадқиқотчии соҳаи илми ҳуқуқ бо маърӯзаҳо дар симпозиум, конференсия, анҷуманҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла, дар давлатҳои Федератсияи Россия, пойтахти Бостони шаҳри Массачусетси Штатҳои Муттаҳидаи Америка,  шаҳри Манчестери Британияи Кабир, шаҳри Гамбурги Ҷумҳурии Федоролии Олмон, шаҳри Коппенгагени Шоҳигарии Дания, шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон, шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошкортостан иштирок ва баромад намудааст.

      Барои эътирофи фаъолияти пурсамари бисёрсолаи бенуқсон ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи ҳуқуқшиносӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, дастовардҳои корӣ дар рушду тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳ ва ба муносибати 20–солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №3311, аз  18. 08. 2011 мукофоти давлатӣ – бо медали «Хизмати шоиста»-и   Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

      Барои хизматҳои шоиста дар рушду нумӯи соҳаи матбуот ва интишороти ҷумҳурӣ ва ба муносибати ҷашни  90-солагии матбуоти тоҷик барои хизматҳои шоиста бо «Ифтихорномаи фахрӣ»–и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишони сарисинагии «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва медали ҷашнии “100-солагии Матбуоти тоҷик”сарфароз гардонида шудааст.  

     Барои хизматҳои шоиста ва бисёрсолаи бенуқсон, тарбияи насли наврас, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ дар соҳаи маориф бо ду «Ифтихорномаи фахрӣ» ва бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»–и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Ба ифтихори 70 солагии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, бо медали ҷашнии “90 солагии Адлияи Тоҷикистон” фармоиши №138 аз 29. 10. 2019. сарфароз гардидааст.

Ба ифтихори “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-16 ноябр”, “10 солагии таъсисёбии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ бо “Ифтихорнома” сарфароз гардидааст.

    Дар тӯли меҳнати пурсамар бо якчанд Ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар соҳаҳо низ  сарфароз гардидааст.

    Бобокалон Fоиб Мерган дорои дониши мукаммали сиёсию ҳукуқӣ, ахлоқу одоби ҳамидаи инсонӣ буда, байни донишҷӯён, ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он сазовори обрӯю эътибори баланд мебошад.

Дигар маълумотњои шарњи њол: Санаи таваллуд 16.08.1963

 

Хабарњои муњим

  • 8 март - Рўзи Модар
  • Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Асосгузори сулњу вањдати миллї –Пешвои миллат» ќабул гардид!
  • Сањифаи нав дар илми «Назарияи давлат ва њуќуќ»
  • Двойные стандарты в человеческом измерении ОБСЕ
  • Оценка правовых реформ в Таджикистане – предвзятость или стереотипы

Хабархо

АЗ ШОҲҶОИЗА ТО 11 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
МОНОГРАФИЯ
ХУШХАБАР
САФАРИ КОРИИ ОМӮЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТ БА ДОНИШГОҲИ СИЁСАТ ВА ҲУҚУҚШИНОСИИ ШАНХАЙ
ДУРАХШИ ИСТИЌЛОЛИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ВА ИНКИШОФИ ИЛМИ ЊУЌУЌШИНОСЇ
МУКОФОТ ВА ҶОИЗАИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД , УСТОДОНИ АЗИЗ!
ТАЃЙИРОТИ КАДРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
МАЉМУАИ БАРНОМАЊОИ ТАЪЛИМЇ АЗ ФАНЊОИ КАФЕДРАИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ЊУЌУЌШИНОСИИ МУЌОИСАВЇ
ЊИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
ЕВРОПЕЙСКО-АЗИАТСКИЙ ПРАВОВОЙ КОНГРЕСС
  • Главная
  • Сохтори факултет
  • Нињодњое, ки тадќиќотњои илмї ва таълимиро амалї мегардонанд
  • Кафедрањо
  • Муаллимон
  • Бобокалонов Ѓоиб Мерганович

  • Официальный веб сайт Президента Республики ТаджикистанОфициальный веб сайт Президента Республики Таджикистан
  • Парламент Республики ТаджикистанПарламент Республики Таджикистан
  • Национальный центр по законодательству при Президенте Республики ТаджикистанНациональный центр по законодательству при Президенте Республики Таджикистан
  • Представительство по правам человека Республики ТаджижикистанПредставительство по правам человека Республики Таджижикистан
  • Таджикский национальный университетТаджикский национальный университет
  • Национальное Информационное Агентство Таджикистана ХоварНациональное Информационное Агентство Таджикистана "Ховар"
  • Высшая Атестационная коммисия при Президенте Республики ТаджикистанВысшая Атестационная коммисия при Президенте Республики Таджикистан

Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета

Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07

  • Алоќањои мо
  • Эълонњо
  • Иттилооти муфиди иловагї
  • Тавсияњо барои сомона
Ба боло | + | - | Сброс
Copyright © 2025
Сохтори факултет
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол