Китобхонаи факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон соли 1996 бо дастгирии ташкилотњои байналмилалї аз ќабили Консорсиуми Амрикоии њуќуќї, Раёсати комиссариати олии СММ оид ба гурезањо, Фонди Сорос – Институти «Љомеаи Кушод» ва асотсиатсияи њуќуќшиносони љавони Тољикистон ифтитоњ ёфтааст.
Китобхона дари худро барои хонандагон 25 июни соли 1996 кушода, хазинаи китоби он дар аввал аз 500 адад иборат буд. Баъдан дар баробари дастгирии садорати факултеи њуќуќшиносї, Раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон, муассисаву ташкилотњои дигар аз ќабили Китобхонаи ба номи А.Фирдавсї, Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии АИ ЉТ, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тољикистон, Офиси Швейтсарї оид ба њамкорї (ШОС), Љамъияти олмонї оид ба њамкорињои техникї(gtz), АRD/СНEССI, CADA, Бюро оид ба њуќуќи инсон ва риояи ќонуният кумаки худро дар ѓанигардонии китобхона расонидаанд.
Айни њол теъдоди китобњои китобхона ба зиёда аз 14 њазор расидааст. Китобњо асосан барои истифодабари ба донишљуён дар толори китобхонии китобхона дода мешаванд. Толори китобхонии китобхона барои 40 љойи нишаст муљањаз гардидааст.
Мудири китобхона: Утикеева Виктория Николаевна;
Китобдор: Баќаева Шамсия Саидовна.
Суроѓа: ш.Душанбе, кучаи Буни Њисорак, бинои 11, ошёнаи 4, шафаќи ихтисоси муносибатњои байналхалќї(њуќуќ), утоќи.
Ваќти корї: Њар руз ба ѓайр аз рузи якшанбе аз соати 9.00 то 17.00.