Бо маќсади омода намудани кадрњои баландихтисос, љавобгўй ба талаботи бозори мењнат, баланд бардоштани сифати таълим ва сатњи саводнокии донишљўён дар факултети њуќуќшиносии ДМТ лабораторияи криминалистї фаъолияти худро шурўъ намуд. Дар маросими ифтитоњи он Вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон афзуданд, ки ба истифода додани лабораторияи криминалистї ва љињозонидани он бо техникањои муосири криминалистї ба низоми омода намудани мутахассисони сатњи байналмилалї заминаи мусоидро фароњам меорад.
Лабораторияи криминалистї ба талаботи замон љавобгў буда, дорои палигони (толори) гузаронидани амалњои тафтишї, синфхонаи суратгирии криминалистї, лабораторияи трассалогї ва дактилоскопї (пайи ангушт), лабораторияи баллистикї, лабораторияи силоњи сард, лабораторияи хатшиносї ва тадќиќоти техникї-криминалистии њуљљат, синфхонаи габитологї, толори конфронс ва бойгонї мебошад. Дар лаборатория шароити мусоид барои донишљўён њам барои фасли сармо ва њам фасли гармо фароњам оварда шудааст. Њамзамон тарњи нав ва замонавии лаборатория имконият медињад, ки дар толорњои он конференсияњо, мизњои мудаввар, мањфилњои илмии донишљўён ва дарсњои амалї-криминалистї ва мурофиаи љиноятї гузаронида шаванд.