Пас аз соњибистиќлол гардидани ватанамон, инкишофи муносибатњои байналхалќї, њамкорї бо ташкилотњои байналмилалї, кушодани сафоратхонањо ва намояндагии ЉТ дар давлатњои дигар, зарурияти омода намудани мутахассисони соњаи њуќуќи байналхалќиро ба миён гузошт. Бо њамин асосњо соли 1993 ихтисоси муносибатњои байналхалќї (њуќуќ) (240101100) дар факултети њуќуќшиносї бањри тайёр намудани њуќукшиносони байналхалќї ифтитоњ ёфт. 14 марти соли 1994 дар асоси ќарори Шўрои олимони Донишгоњ кафедраи њуќуки байналхалќї таъсис ёфт.
Маќсад аз таъсиси шуъбаи мазкур муфассал ба роњ мондани омўзиши ҳуқуқи байналхалқї, ҳуқуқи байналхалқии хусусї, муносибатҳои байналхалқї ва сиёсати берунаи ЉТ, ҳуқуқи гумрукї, ҳуқуқи дипломатї, њуќуќи гражданї ва савдои мамлакатњои хориљї, њуќуќи аврупої, њуќуќи байналхалќии инсондустї, танзими њуќуќии фаъолияти иќтисоди беруна ва њуќуќи байналхалќии гумрук бањри омода намудани мутахассиси њуќуќшиноси байналмилалї дар бахши њифзи манфиатњои миллї дар сатњи дохилї ва байналхалќї мебошад. Аз ин нигоњ, ба донишљўёни ин ихтисос њамчунин курсҳои махсуси тахассусї - ҳуқуқи байналхалқии иќтисодї, ҳуқуқи ташкилотҳои байналхалқї; ҳуқуқи байналхалқии асъор, њуќуќи шартномаи байналхалќї, асосњои њуќуќии муњољирати мењнатї, баррасии бањсњои иќтисоди беруна дар судњои њакамї ва фанни интихобии њуќуќи байналхалќии обї омузонида мешавад.
Донишљуёни ихтисоси мазкур дар баробари донишњои њуќуќї ба омўзиши забонњои хориљї низ фаро гирифта мешаванд. Бо ин маќсад дар факултет соли 1999 кафедраи забонњои хориљї таъсис дода шудааст, ки ба донишљўён забонњои англисї, фаронсавї, олмонї ва арабї дарс дода мешавад. Бањри такмили забондонї ва забономўзии донишљўён дар факултет синфхонањои компютерї ва кабинети лингафонї фаъолият дорад, ки дар инкишофи нутќи донишљўён сањми калон доранд.
Дар ихтисоси муносибатњои байналхалќї (њуќуќ) тањсил дар шакли рўзона сурат мегирад.
Тањсил дар ихтисоси мазкур бо тариќи ройгон ва ѓайриройгон сурат мегирад. Маблаѓи яксолаи шартнома дар соли 2012 - 8900 сомониро ташкил медод.
Айни њол дар ихтисоси мазкур 226 донишљўён дар шуъбаи рузона тањсил менамоянд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07